Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Тангаҳои намунаи соли 2023 ба муомилот бароварда шуданд


Тангаҳои намунаи соли 2023 ба муомилот бароварда шуданд



Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади таъмин намудани иқтисодиёт бо нишонаҳои пулӣ тангаҳои “сомонӣ” бо арзиши номиналии 1, 3, 5 сомонӣ ва “дирам” бо арзиши номиналии 20, 50 дирам, барориши соли 2023-ро ба муомилот баровардааст.

Муқаррар карда шудааст, ки тангаҳои “сомонӣ” бо арзиши номиналии 1, 3, 5 сомонӣ ва “дирам” бо арзиши номиналии 20 ва 50 дирам, барориши соли 2023 дар қатори тангаҳои гардишии Бонки миллии Тоҷикистон, ки дар муомилот қарор доранд, баробар гардиш менамоянд.

Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳамлу нақл, баҳисобгирӣ ва ташкил намудани шароит ҷиҳати ба муомилот баровардани тангаҳои барориши соли 2023 бо арзиши номиналӣ тибқи тартиби муқарраршуда чораҳои зарурӣ меандешад.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода