Соли вусъати корҳои ободониву созандагӣ
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...

Имрӯз, 19 сентябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Озан Севимлиро ба ҳузур пазируфт.
Мулоқоти мазкур дар ҳошияи маросими ифтитоҳи марҳилаи якуми татбиқи Лоиҳаи сармоягузории обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар шаҳри Бохтар сурат гирифт.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид аз сатҳи ҳамкории намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон изҳори қаноатмандӣ намуда, оид ба имкониятҳои вилоят ва шароити мусоид барои татбиқи ислоҳот, сармоягузорӣ, рушди кишоварзӣ, обёрӣ, обтаъминкунӣ, истеҳсоли маҳсулот ва саноат, рушди сайёҳӣ сухан кард.
Давлаталӣ Саид бо Озан Севимли доир ба натиҷаҳои тадқиқот оид ба хизматрасонии обтаъминкунӣ ва канализатсия дар вилояти Хатлон мубодилаи афкор намуданд. Қайд гардид, ки ҷиҳати таъмини самарабахшии сармоягузорӣ дар доираи лоиҳаи обтаъминкунӣ, беҳдошт ва партовҳо бояд механизмҳои санҷидашудаи ҳамкорӣ бо шаҳрвандон, ҷамъиятҳо, шарикони рушд ва мақомоти дахлдори давлатӣ дар ноҳияҳои мавриди ҳадаф (Кӯшониён, Вахш, Ҷ. Балхӣ, Дӯстӣ ва Ҷайҳун) ба кор бурда шаванд.
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.
