Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Дар шаҳри Душанбе Намоиши таомҳои миллӣ, идҳои тарбуз, харбуз, каду, себ, ангур ва фестивали Оши палов” баргузор гардид


Дар шаҳри Душанбе Намоиши таомҳои миллӣ, идҳои тарбуз, харбуз, каду, себ, ангур ва фестивали Оши палов” баргузор гардид




Имрӯз, 14 сентябр, дар Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи А.Фирдавсӣ”-и шаҳри Душанбе “Намоиши таомҳои миллӣ, идҳои тарбуз, харбуз, каду, себ, ангур ва фестивали Оши палов” дар сатҳи баланд доир шуд.

Дар он намояндагони вилояти Хатлон низ иштироки фаъолона доштанд.

Ташкили намоиши таомҳои миллӣ, идҳои тарбуз, харбуза, каду, себ, ангур ва фестивали Оши палов маҳз ба шарофати соҳибистиқлолии Ватан дар баробари идҳои Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон имконпазир гардида, аз мамлакати аграрию фаровонҳосилӣ ва заҳматқаринии мардуми Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

Дар ин фестивал муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, намояндагони баландпояи Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Узбекистон ва Туркманистон, роҳбарон ва намояндагони вазоратҳо, кумитаҳо, агентиҳо, корпусҳои дипломатӣ, кишоварзону ошпазҳои моҳир аз тамоми минтақаҳои кишвар, аз ҷумла вилояти Хатлон иштирок намуданд.



Дар намоиши таомҳои миллӣ, идҳои тарбуз, харбуз, каду, себ, ангур ва фестивали Оши палов намояндагони Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Узбекистон ва Туркманистон, инчунин кишоварзони вилояти Хатлон маҳсули бо ранҷ парваридаи худ, аз ҷумла намудҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили тарбуз, харбуза, каду, себ, нок, ҳавозаҳои ангур ва дигар меваву сабзавот, инчунин намудҳои гуногуни оши палов, ҳунарҳои мардумӣ, варзишӣ ва дигар унсурҳо, ки хоси ҷашнвора буд, манзури ҳамагон гардониданд. 

Ҷашнгоҳ аз ҷониби масъулин бо шиору овезаҳо, манораҳои калонҳаҷми аз тарбуз, харбуза, каду, себ, ангур, нок, хаймаҳои таомҳои миллӣ, ки ифодагари ҷашн мебошанд, оро ёфта буд.

Дар фарҷоми чорабинӣ баҳри болидарӯҳии меҳмонон ва сокинони пойтахт барномаи рангини фарҳангӣ-фароғатӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ манзур гардид. 

Дар ҷамъбасти чорабинӣ иштирокчиёни фаъол аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ бо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода