Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » “КОРВОНИ РӮЗНОМАНИГОРОН” ДАР ВОДИИ РАШТ


“КОРВОНИ РӮЗНОМАНИГОРОН” ДАР ВОДИИ РАШТ



Бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон таҳти унвони «Корвони рӯзноманигорон” аз 21 то 23-юми августи соли равон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ як гурӯҳи рӯзноманигорони ҷумҳурӣ бо мақсади шиносоӣ бо дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ ва бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ба шаҳри Роғун ва ноҳияҳои водии Рашт сафари эҷодӣ доштанд.

Роғун. Ҳайати «Корвони рӯзноманигорон» ба Осорхонаи шаҳри Роғун ташриф оварданд. Ҳимматалӣ Бобохонов, директори осорхона, зимни суҳбат чунин гуфт: «Осорхона соли 1996 бунёд шудааст. Дар инҷо 1187 ёдгории таърихӣ нигоҳдорӣ мешавад. Дар осорхона гӯшаи махсус ба рафти корҳои сохтмонии НБО-и «Роғун» ташкил шуда, аксҳо аз ҷараёни ин сохтмони нодири аср гирдоварӣ шудаанд».

Гурӯҳи журналистон аз раванди корҳои сохтмонии иншооти муҳими стратегии давлат аз наздик шинос гардида, бо масъулини Ҷамъияти саҳомии кушодаи НБО-и «Роғун» вохӯрӣ доштанд.

Онҳоро муовини директори истеҳсолии ҶСК НБО-и «Роғун» Қурбонназар Давронов роҳбаладӣ кард. Ба толори агрегатҳо ва макони корҳои васлу насби онҳо, сарбанд ва ядрои сарбанди асосӣ, қисматҳои баромадгоҳи нақбҳо ва дигар мавзеъҳои он шинос шудан хотирмон буд. Қ. Давронов изҳор дошт, ки ядрои сарбанд аз иншооти муҳими неругоҳ ба шумор меравад. 




Корҳои сохтмониву васлгариро дар он мутахассисони ватанию хориҷӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ иҷро менамоянд. Аллакай 65%-и корҳои сохтмону васлгарӣ анҷом ёфтааст. Тибқи лоиҳа соли 2029 корҳои сохтмонӣ дар неругоҳ пурра анҷом хоҳанд ёфт.

Ба иттилои муовини директори НБО-и «Роғун», дар асоси дастури Президенти кишвар муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз неругоҳ бояд чархаи сеюми он моҳи ноябри соли 2025 ба кор андохта шавад. Чархаи аввали неругоҳ 16-уми ноябри соли 2018 ва дуюмаш 9-уми сентябри соли 2019 аз ҷониби Пешвои миллат ба кор андохта шуд.

Дар чеҳраи коргарон шодию фараҳ ба назар мерасид ва ҳама чун як оилаи бузург ба меҳнати софдилона машғул буданд. Бояд аз наздик, бо чашмони худ дид, ки чӣ тавр ҳамватанони мо зери замин бо рӯҳияи бунёдкорона ин неругоҳи бузургро бунёд карда истодаанд ва корҳои сохтмонӣ марҳила ба марҳила идома доранд.

НБО-и «Роғун» бузургтарин неругоҳ дар Осиёи Марказӣ буда, дар ҷаҳон баландтарин (335 метр аз сатҳи баҳр) обанбор аст, аз 6 агрегат иборат мебошад. Баъди истифодаи ҳамаи агрегатҳо иқтидори он ба 3600 мегаватт хоҳад расид, ки ин эҳтиёҷоти ҷумҳуриро пурра қонеъ гардонида, изофаи он ба хориҷи кишвар содирот карда мешавад.

Нуробод. Ҳайати “Корвони рӯзноманигорон” дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар боғи фарҳангии ноҳия шинос гардиданд. Боғи фарҳангӣ бо маблағгузории Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО-и «Роғун» сохта мешавад. Дар марҳилаи аввал муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, Нишони давлатӣ, Парчами миллӣ ва фаввораҳо сохта шудаанд. Дар айни замон корҳои сохтмонӣ дар майдончаи варзишӣ, ошхонаи миллӣ, майдончаҳои бозии кӯдакон ва насби таҷҳизоти истироҳату фароғат идома доранд.

Рашт. Намояндагони васоити ахбори оммаро дар даромадгоҳи ноҳияи Рашт масъулин ва мардум хуб истиқбол гирифтанд. Сипас, онҳо вориди Боғи интенсивии ноҳияи Рашт гардиданд.

Боғи мазкур 5 сол қабл бо дастури Президенти кишвар аз ҷониби ҶДММ «Пайванд» дар ҳамбастагӣ бо Агентии захираҳои моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст. Масоҳати умумии боғ 30 гектарро ташкил медиҳад. Дар он 18 навъи мева, махсусан, анвои гуногуни себу хуч парвариш меёбад. Боғ аввалин намунаи боғи интенсивӣ дар водии Рашт буда, ба таври озмоишӣ бунёд шудааст.




Баъд ҳайати рӯзноманигорон аз вазъи таълиму тарбия дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар Рашт огоҳ шуда, дар доираи мизи мудаввар мавзуи «Нақши воситаҳои ахбори омма дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ: имконият, воқеият ва дурнамо»-ро баррасӣ карданд.

Рӯзноманигорон аз осорхонаи «Кӯҳсори Аҷам», ки дар минтақаи хушманзараи Рашт ҷойгир мебошад, дидан намуданд. Осорхонаро Мирзошоҳи Акобир, рӯзноманигори шинохтаи кишвар, бунёд кардааст.

Тибқи гуфтаи Мусайёр Акобирзода, ки роҳбалади мо буд, феълан дар ин ҷо беш аз 2 ҳазор атиқа маҳфуз аст. Бархе ашёҳои қадима таърихи 3-ҳазорсола доранд.

Тоҷикобод. Рӯзноманигорон дар ноҳияи Тоҷикобод бо дастовардҳои ноҳия дар замони  соҳибистиқлолӣ шинос шуданд. 

Ноҳияи Тоҷикобод тайи солҳои охир дар доираи барномаҳои давлатии рушди боғу токпарварӣ рушд мекунад. Бо истифода аз имконоти мавҷуда сокинон тавонистанд, ки масоҳати боғҳоро ба 1702 гектар расонанд. Аз масоҳати умумии боғҳои мавҷуда 674 гектараш мевадиҳанда аст. Майдони боғҳои интенсивӣ бошад, дар ноҳия ба 5,2 гектар баробар гардидааст.

Дар деҳаи Сафедмуни ноҳияи Тоҷикобод рӯзноманигорон бо лоиҳаҳои рушди деҳа шинос шуданд. Деҳа дар айни замон дорои бунгоҳи тиббии замонавӣ, муассисаи таълимӣ, маркази  фарҳангии ҷавонон мебошад. Бо дастгирии шарикони рушд ва саҳми маҳал аз масофаи 23 километр ба деҳа оби нӯшокӣ овардаанд, ки дар натиҷа 600 хоҷагии ин деҳа ба хатти оби нӯшокии алоҳида пайваст мебошанд.

Ҳамчунин, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд барои 60 оилаи ятиму камбизоат ман зили истиқоматӣ сохта истодааст, ки соли 2024 ба оилаҳои ниёзманд туҳфа мешавад. Бинои хонаҳо бо як тарҳ бунёд шуда, аз 3 ҳуҷра ва утоқҳои маишӣ иборат мебошанд. Дар айни замон 50 фисади корҳои сохтмонӣ анҷом ёфта, насби бомпӯш, дару тиреза ва рангубор боқӣ мондааст.

Барои 60 оилаи камбизоату ятим мактаб, бунгоҳи тиббӣ, маркази ҷавонон ва як корхонаи истеҳсолӣ бунёд мегардад. Роҳбари ин маҳалла Мустаонӣ Ваҳҳобзода иброз дошт, ки бо пешниҳоди шурои деҳаҳо аз ҳисоби оилаҳои камбизоат, афроди ятим ва оилаҳое, ки манзилашон дар натиҷаи омадани сел тахриб шудаанд, ба гирифтани хонаҳои истиқоматии нав имтиёз доранд.

Лахш. Дар Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳияи Лахш зиёда аз 800 нигораи таърихии кишвар ба маърази тамошо гузошта шудааст. Осорхона соли 1993 ташкил шудааст.

Меҳриддин Ҷабборов, директори осорхона, зимни суҳбат ба мо иттилоъ дод, ки он соли 1993 ташкил ёфта, ҳамарӯза меҳмонони дохилӣ ва хориҷӣ, сайёҳони зиёд ба ин ҷо ташриф меоранд.

Рӯзноманигорон дар ин сафари корӣ ба ҷараёни истеҳсоли картошка дар хоҷагии деҳқонии «Умед»-и ноҳияи Лахш шинос шуданд. Сарвари хоҷагӣ Омина Сафарова соли 2021 барои рушди соҳаи картошкапарварӣ ва машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ сазовори 20 ҳазор сомонӣ гранти президентӣ гардид. Ӯ имсол низ замини хоҷагии деҳқонии модарашро ба иҷора гирифта, дар майдони 1,30 га картошкаи навъи маҳаллӣ шинонидааст.



Ҳосилнокии картошка хуб буда, охири моҳи сентябр ҷамъоварӣ мешавад. Омина Сафарова гуфт, ки ҳар сол аз деҳқонӣ то 40 ҳазор сомонӣ фоида ба даст меорад.

Сипас, рӯзноманигорон аз коргоҳи истеҳсоли либоси мактабии «Сумая»-и ноҳияи Лахш дидан намуданд. Фаридун Салимов, намояндаи корхона, чунин гуфт: «Соли равон 7000 ҷуфт либоси мактабӣ истеҳсол ва ба хонандагони муассисаҳои таълимӣ тариқи ярмаркаҳои либос пешниҳод намудем. Дар коргоҳи мо истеҳсоли либоси мактабӣ бо сифати хуб ба роҳ монда шуда, ҳамкории волидайни хонандагон бо коргоҳ низ хуб аст. Коргоҳи истеҳсолӣ ҳамасола даҳҳо нафар занҳои хонанишинро бо кори мавсимӣ таъмин менамояд».

Вақеан ҳам, водии Рашт мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ дошта, барои рушди туризми дохилӣ ва ба қабули сайёҳони хориҷӣ омода мебошад. Мавқеи ҷуғрофии мусоид, манзараҳои зебо, обу ҳавои тоза, чашмаҳои гуногуни шифобахши минтақаи Рашт барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ ҷолибу диданӣ буда, аз ҷумла барои рушди саёҳати экологӣ имконияти васеъ дорад.

Комрони БАХТИЁР,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода