Ш. Шарифзода: «Ба халқу Ватан содиқона хизмат мекунем»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 478
Соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар замони соҳибистиқлолӣ бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, барои ҳалли мушкилоти ин соҳаи ҳаётан муҳим тадбирҳои зиёде амалӣ гардида истодааст. Маҳз ба шарофати сиёсати иҷтимоии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар соҳаи мазкур бесобиқа рушд намуда, заминаи моддию кадрӣ ва техникии муассисаҳои тиббӣ беҳтар гардонида шудаанд.
- Дар 7 моҳи соли 2023-юм 18 иншооти соҳаи тандурустӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба маблағи зиёда аз 11 миллиону 76 ҳазору 870 сомонӣ сохта ба истифода дода шудаанд, - таъкид дошт сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Шайдулло Шарифзода.
- Аз иншоотҳои сохташуда 2 бунгоҳи саломатӣ аз биноҳои номутобиқ бароварда шудаанд. Бунгоҳи саломатии Ҷамоатҳои деҳоти “Боғгаӣ”-и ноҳияи Муъминобод аз хона ва бунгоҳи саломатии Ҷамоати деҳаи “Балхобӣ”-и ноҳияи Муъминобод аз мактаб кӯчонида шуд.
Шайдулло Шарифзода изҳор дошт, ки дар соли 2023-юм 81 сохтмони муассисаҳои тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст, ки 47 адади он дар доираи “Барномаи давлатии рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025” ва берун аз Барномаи мазкур дар 63 иншоот корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Дар доираи Барномаи «Ҳифзи солимии модару кӯдак ва ёрии таъҷилӣ» аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи “Сохтмон ва таҷҳизонидани беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Ҷ. Балхӣ, Вахш ва Темурмалики вилояти Хатлон” бо маблағгузории Ҳукумати Федеративии Олмон тавассути Бонки олмонии барқарорсозӣ ва рушд татбиқ гардида истодааст. Маблағи умумии сармоягузорӣ барои азнавсозӣ ва васеъ намудани беморхонаҳои марказии се ноҳияи вилояти Хатлон 119,3 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, дар доираи лоиҳаи «Хизматрасонии маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак» бошад, бо маблағгузории грантии Бонки осиё-ии рушд дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сохтмони маркази саломатӣ ва беморхонаи марказии ноҳия оғоз гардида, муҷаҳҳазонидани онҳо бо таҷҳизоту лавозимоти тиббию ғайритиббӣ дар нақша мебошад.
Ба гуфтаи Ш. Шарифзода оид ба дарёфти лоиҳаҳои сармоягузории соҳаи тандурустӣ дар вилояти Хатлон, бунгоҳҳои саломатии номутобиқ ва дар ҳолати садамавӣ ҷойдоштаро дар мувофиқа бо Раё-сати сармоягузорӣ ва идораи амволи вилояти Хатлон ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон 3 503,5 ҳазор доллари америкоӣ пешниҳод карда шудааст.
Дар 7 моҳи соли 2023 аз маблағҳои буҷети мақомотҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят барои таъмир 106 муассиса ба нақша гирифта шуда, айни ҳол 47 муассисаи тандурустӣ (8 маркази саломатии деҳотӣ, 19 бунгоҳи саломатӣ, 3 беморхонаҳои рақамӣ, 17 шуъбаи беморхонаи марказии ноҳия) аз таъмир бароварда шуд ва 59 муассисаҳои дигар (3 маркази саломатии ноҳия, 19 маркази саломатии деҳотӣ, 25 бунгоҳи саломатӣ, 9 беморхонаи марказии ноҳия ва 3 марказҳои вилоятӣ) таъмирашон идома дорад.
Мавсуф дар идомаи суҳбат изҳор дошт, ки таъмири асосии 89 маркази саломатии деҳотии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ҷониби Лоиҳаи "Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон" бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ дар 8 ноҳия (Вахш, Дӯстӣ, Ҷайҳун, Қубодиён, Кӯшониён, А. Ҷомӣ, Восеъ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) ба нақша гирифта шуда, тибқи маълумоти роҳбарони муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳо 31 маркази саломатии деҳотӣ аз таъмир бароварда, дар 47 маркази саломатии деҳотӣ таъмири асосӣ идома дорад.
Ҳамзамон, аз ҷониби лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” дар 4 ноҳияҳои вилояти Хатлон (Кӯшониён, А. Ҷомӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Кӯлоб) 15 маркази саломатии деҳотӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуда, бо таҷҳизотҳои ғайритиббӣ ва дастгоҳи обгармкунаки офтобӣ таъмин карда шудаанд.
- Дар 6 моҳи соли 2023 ба муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 2 миллиону 017 ҳазору 875 сомонӣ таҷҳизотҳои компютерӣ, мизи корӣ ва дигар номгӯйи таҷҳизотҳои кории дохилиидоравӣ ворид карда шудааст. Инчунин, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба маблағи 23 миллиону 320 ҳазор сомонӣ маводҳои доруворӣ, таҷҳизот ва маводҳои муҳофизатӣ ворид гардидаанд, - афзуд номбурда.
Ба иттилои сардори Раёсати тандурустии вилоят дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳамагӣ 4160 нафар табиб ва 21053 нафар кормандони миёнаи тиббӣ фаъолият карда истодаанд.
Талабот дар муассисаҳои тандурустии вилоят ба воҳидҳои кории холии табибон 788,75-ро ташкил медиҳад.
Дар муассисаҳои тандурустии вилоят 3 нафар доктори илмҳои тиб ва 27 нафар номзади илмҳои тиб кору фаъолият доранд. Дар 7 моҳи соли 2023 ба муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилоят 179 нафар табиби дорои маълумоти олӣ ва 1060 нафар корманди миёнаи тиб ба кор қабул карда шуданд.
Бояд ёдовар шуд, ки дар 7 моҳи соли 2023 аз ҷониби ду лоиҳа “Фармагарант Рус”-и шаҳри Москваи Федератсияи Россия ва лоиҳаи Ширкати “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак” аз ҳисоби Бонки исломии рушд автомашинаҳои махсуси сайёри ташхисии бо таҷҳизотҳои ҳозиразамон муҷаҳҳазгардонидашуда ба сокинони шаҳрҳои Норак ва Кӯлоб, ноҳияҳои Данғара, Кӯлоб, Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор ва Ховалинг, дар умум ба 20 580 нафар шаҳрванд хизматрасонии тиббии ройгон расониданд. Ҳамзамон, бо мақсади пешгирии беморшавии аҳолӣ ва баланд бардоштани фарҳанги тиббии ҷомеа, дар доираи татбиқи ҳадафҳои бунёдии “Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва пешгирии фавти модару кӯдак дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҳисоби табибони пуртаҷрибаи шаҳру ноҳияҳо барои аҳолии деҳотҳои дурдаст “Корвони саломатӣ” ташкил карда шуд.
Дар фарҷоми суҳбат Ш. Шарифзода чунин таъкид дошт: “Мо-кормандони соҳаи тандурустии вилояти Хатлон мекӯшем, ки хидмати содиқона ба кишвару миллат намоем ва ҳамзамон, барои нигаҳдории саломатии сокинони вилоят ва пешгирии бемориҳо табибони мо бо ҷорӣ намудани роҳу усулҳои нави ташхису табобат ворисони аслии Синои бузург будани худро собит карда тавонем. Кормандони соҳаи тибби вилоятро ба иди касбӣ – Рӯзи кормандони соҳаи тиб табрик намуда, барояшон саломатӣ, дасту дили поква забони ширин орзу менамоям”.
P.S. Аҳли эҷоди рӯзномаи “Хатлон” низ тамоми кормандони соҳаи тандурустии кишварро ба муносибати ҷашни касбӣ табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо дар ин кори заҳматталаб, вале пуршараф барору муваффақият орзу менамоянд.
“Хатлон"
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...