Иштироки Давлаталӣ Саид дар сеюмин Форуми байналмилалии содиротии «Бохтар Фуд-2023»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 25 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Хабарҳо, Боздид 665
Имрӯз, 25 май, дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар Форуми 3-юми байналмилалии содиротии «Бохтар Фуд-2023» ба кори худ идома дод. Дар он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони мақомоти давлатии соҳавӣ, роҳбарону намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, роҳбарону намояндагони шарикони рушд ва бахши хусусӣ, роҳбарон ва аъзои ширкату корхонаҳои дохиливу хориҷӣ иштирок карданд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сухани худ дар Форуми байналмилалии “Бохтар Фуд-2023” қайд намуд, ки баргузории чорабинии мазкур ба рушди неруи содиротии вилояти Хатлон бо истифода аз иқтидори мавҷудаи саноатию кишоварзӣ, муаррифии муҳити созгори сармоягузорӣ ва шароити мусоиди рушди соҳибкории вилоят равона гардидааст.
Тадбирҳои мазкур дар партави сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ба татбиқи афзалиятҳои стратегии кишвари азизамон нигаронида шудаанд.
Ба қавли раиси вилоят, бо дарназардошти мавҷудияти имконият ва захираҳои зиёди обу замин ва шароити мусоиди иқлим, иқтидори истеҳсолии соҳаи кишоварзӣ дар Хатлон ҳамасола рушд ёфта, дар маҷмӯи маҳсулоти умумии кишоварзии ҷумҳурӣ ҳиссаи кишоварзони вилояти Хатлон 52 фоизро ташкил медиҳад.
Дар соли 2022 нишондиҳандаҳои маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар вилоят 26 миллиард сомониро ташкил дода, дар ҳамаи бахшҳо зиёда аз 1,1 миллион тонна ғалладона, 1,6 миллион тонна сабзавот, 676,8 ҳазор тонна полезӣ, 224,5 ҳазор тонна картошка, 273,2 ҳазор тонна пахта, 237,8 ҳазор тонна меваҷот ва 125,5 ҳазор тонна ангур истеҳсол гардидааст.
- Бояд қайд намоям, ки хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳамкории судмандро бо яке аз ширкатҳои калони ҷумҳурӣ - ҶСК “Оби зулол” ба роҳ мондаанд, ки дар давоми як моҳи охир 292 тонна зардолуро ба маблағи 583 ҳазор сомонӣ барои коркард харидорӣ намудаанд, - идома дод Давлаталӣ Саид. - Рӯзҳои наздик ширкати номбурда харидории олуро ҳам аз вилоят оғоз менамояд.
Дар вилоят 5 соли охир дар масоҳати беш аз 372,1 гектар гармхонаҳои лимӯпарварӣ ташкил карда шуданд. Тибқи ҳисоботи оморӣ, соли 2022 дар вилоят 7570 тонна лимӯ истеҳсол гардидааст, ки ҳосилнокии он аз ҳар гектар 242,8-сентнериро ташкил додааст.
Раиси вилоят дар идома зикр намуд, ки ҳар сол дар вилоят беш аз 1 миллиону 600 ҳазор тонна сабзавот, аз ҷумла 500 ҳазор тонна пиёз ва қариб 240 ҳазор тонна мева истеҳсол карда мешавад. Аз ин, ҳамагӣ то 100 ҳазор тонна содирот мешавад. Мутаассифона, бинобар мавҷуд набудани иқтидорҳои истеҳсолии коркард ва нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ аксарияти маҳсулот талаф меёбанд.
- Аз ин лиҳоз, мо манфиатдорем, ки бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон корхонаҳои коркард ва банду басти маҳсулоти кишоварзиро бо мақсади содирот ба бозорҳои дуру наздик ба роҳ монем, - афзуд раиси вилоят. - Ҳамзамон, барои ҷамъоварии саривақтӣ, таъмини доимии бозор бо мева, танзими нарх ва афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин баланд бардоштани иқтидори содиротии вилоят ташкили марказҳои логистикӣ нақши калон мебозад. Мо барои соҳибкорону сармоягузорон ҷиҳати бунёди марказҳои логистикӣ тамоми шароитро фароҳам овардаем.
Қайд гардид, ки барои захираю нигоҳдории маҳсулот дар вилоят 66 адад сардхона бо ғунҷоиши 24025 тонна ва 61 амборхона бо ғунҷоиши 1538 тонна маҳсулоти кишоварзӣ мавҷуд мебошад, ки соҳибкорону содироткунандагон метавонанд аз ин иқтидорҳо васеъ истифода баранд.
Дар ҳамоиш бо ишора ба зарфиятҳои вилояти Хатлон таъкид шуд, ки ин минтақа барои ташкили корхонаҳои коркарди меваю сабзавот, гӯшту шир, пашму пӯст, асали табиӣ ва гиёҳҳои шифобахш, махсусан истеҳсоли консерваҳо, коркард, банду баст ва содироти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаю табиии ватанӣ дорои имконият ва захираҳои зиёд мебошад.
- Бояд ба инобат гирем, ки солҳои охир воридоти маҳсулоти озуқаворӣ, аз қабили орд, равғани растанӣ, шакар ва биринҷ тамоюли зиёдшавӣ дорад, - гуфт раиси вилоят Давлаталӣ Саид. - Барои мисол, дар чор моҳи соли ҷорӣ воридоти маҳсулоти номбурда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба таври назаррас афзоиш ёфт. Хусусан маҳсулоти кишоварзӣ, дар маҷмӯъ 12,4 ҳазор тонна, орд - 1,1 ҳазор тонна, равғани растанӣ – 551 тонна, шакар – 9,6 ҳазор тонна ва биринҷ – 1041 тонна зиёд ворид гардиданд. Мо метавонем истеҳсоли ин намуди маҳсулотро бо ҷалби сармоягузорӣ, технологияҳои замонавӣ ва таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ дар вилоят ба роҳ монда, ҳамзамон иқтидорҳои нав ва ҷойҳои кории зарурӣ таъсис диҳем.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар натиҷаи татбиқи босамари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон имрӯз дар вилоят инфрасохтори рушдёфтаи нақлиётӣ, ду фурудгоҳи байналмилалӣ, роҳи оҳан ва роҳҳои заминии нақлиётӣ, ки ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ мебошад, мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд.
Роҳҳои автомобилгарди аҳамияти байналмилалидоштаи Душанбе–Бохтар-Панҷи Поён-Афғонистон; Душанбе–Кӯлоб–Хоруғ–Кулма-Чин; Қизилқалъа–Ҷарбуҷа–Ӯзбекистон, Бохтар–Данғара-Кӯлоб ва дигар роҳҳои замонавии таҷдиду азнавсозигардидаи кишвар мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд, ки тавассути онҳо молу маҳсулот ҳамлу нақл мегарданд. Вилояти Хатлон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Афғонистон ҳамсарҳад мебошад ва соҳибкорону содироткунандагон метавонанд ба воситаи ин давлатҳо молу маҳсулотро ба дигар давлатҳо содирот намоянд.
Дар ҳудуди вилоят 3 минтақаи озоди иқтисодӣ, аз ҷумла минтақаҳои озоди иқтисодии “Данғара”, “Панҷ” ва “Кӯлоб” фаъолият дошта, дар амалигардонии сиёсати давлатии рушди саноат ва саноатикунонии босуръат саҳм гузошта истодаанд. Бо дарназардошти шароит ва имтиёзҳои андозии фароҳамовардашуда, сармоягузорон метавонанд дар ҳудуди ин минтақаҳо корхонаҳои муштарак ва иқтидорҳои истеҳсолӣ таъсис дода, молу маҳсулоти рақобатпазири худро бидуни мамониат содирот намоянд.
Имрӯз, вилояти Хатлон бо 40 давлати хориҷи дуру наздик ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монда, гардиши савдои хориҷии вилоят дар соли 2022-юм 500 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, дар 4 моҳи соли ҷорӣ ба 140,7 миллион доллар баробар гардидааст.
Ба таъкиди раиси вилоят, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои содироткунандагони ватанию хориҷӣ шароити мусоид фароҳам оварад.
Дар форум инчунин директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода, сафири фавқулода ва мухтори ИМА дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер, роҳбари намояндагии Бонки умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимлӣ, муовини раиси Агентии пешбурди содироти Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Алсабалӣ Ясер Абдуллоҳ, роҳбари намояндагии Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Гуҷгелдиев ва дигарон вобаста ба масоиди мавриди назар суханронӣ карданд.
Дар зимн мулоқотҳои инфиродии соҳибкорону сармоягузорон ва маросими тасвиби созишномаҳои ҳамкорӣ байни намояндагони доираҳои тиҷоратӣ баргузор гардид.
Зикр шуд, ки дар вилояти Хатлон имкониятҳои васеъ барои густариши ҳамкориҳои судманд мавҷуд аст, ки он дар рафти форуми байналмилалии "Бохтар Фуд-2023" ба таври возеҳ муаррифӣ гардид.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00