Туҳфаи Пешвои миллат ва раиси вилоят ба иштирокчиёни ҶБВ дастрас гардид
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 450
Ба истиқболи 78-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ собиқадорони ҷанг аз вилояти Хатлон бо кумакпулии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаҷми ҳаждаҳ ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуданд.
Ҳамчунин бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаю башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қарори раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид барои 14 нафар иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки алҳол дар қайди ҳаётанд, ба қадри 5000 сомонӣ (ҷамъан 70000 сомонӣ) мукофотпулӣ таъин гардид. Намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба аёдати ҳамаи иштирокчиёни ҷанг рафта, кумакпулиро аз номи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба онҳо супориданд.
Ба иштирокчиёни ҶБВ ҳамчунин аз номи раисони шаҳру навоҳӣ мукофотпулиҳо дастрас карда мешавад.
Зимни дидор бо собиқадорон қайд гардид, ки шуҷоату диловарии ҳар як иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ намунаи олии ватандӯстӣ ва сабақи беҳтарини мардонагиву ватандорӣ барои насли ҷавон ба ҳисоб меравад.
Собиқадорони ҷанг барои дастгирии навбатӣ ба Ҳукумати мамлакат, бахусус ба Пешвои миллат арзи сипос намуда, ҷиҳати шукуфоӣ ва фардои дурахшони Ватан дуои хайр карданд.
Мавриди зикр аст, ки дар арафаи иду ҷашнҳои миллию давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири таъмини шароити хуби иҷтимоию иқтисодӣ собиқадорони ҷангро мавриди ғамхорӣ қарор дода, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ мерасонанд.
Ҳоло дар вилояти Хатлон 14 нафар иштирокчиёни ҶБВ, аз ҷумла дар шаҳри Бохтар се нафар: Алиев Зайнулло (соли таваллудаш 1926), Файзалиев Сафаралӣ (1923), Откин Дмитрий (1927), дар ноҳияи Ҷайҳун, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Фархор дунафарӣ: Раҷабов Рашид (1924), Сафаров Ҳабиб (1926),Саидхоҷаев Давлатхуҷа (1926), Тағоев Гулмурод (1924), Бобоев Сафар (1925), Хидиров Хумбахмад (1924) ва дар навоҳии Данғара, Вахш, Хуросон, Ҷалолиддини Балхӣ ва Ховалинг якнафарӣ: Шарипов Гул (1923), Қосимов Розиқ (1926), Ғафуров Мирзо (1926), Давлатов Машраб (1926), Мирзоев Аҳё (1925) давлати пирӣ меронанд, ки ҷавонтаринашон 96 сол ва калонтаринашон 100 сол доранд.
Ёдовар мешавем, ки дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ қариб 300 ҳазор ҷавонмардони тоҷикистонӣ ба ҷанг сафарбар гардида, зиёда аз 90 ҳазор нафари онҳо шаҳид шуданд.
Имрӯз, баъди гузашти чандин даҳсолаҳо мо метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки халқи тоҷик якҷо бо халқу миллатҳои гуногун бар зидди мусибату машаққатҳои бениҳоят вазнини ҷанг истодагарӣ карда, аз имтиҳони ҷиддии таърих гузашт ва дар таъмини ғалабаи бузург бар фашизм саҳми муносиб гузошт. Бинобар ин, тавре ки Пешвои миллат таъкид кардаанд: “ҳар лаҳзаи талошу пайкори диловаронаи фарзандони баору номуси халқамон ҳамеша чун намунаи ибрат барои наслҳои имрӯзу оянда хоҳанд монд”.
Н. МАЪМУРЗОДА,
«Хатлон»
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...