Масъалаҳои мубрами таълими фарогир
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 29 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 577
Солҳои зиёд кӯдакони имконияташон маҳдуд ба таҳсил фаро гирифта намешуданд ё онҳоро ба муассисаҳои таълимие, ки кӯдакони муқаррарӣ таълим мегиранд, қабул намекарданд. Аз ҳамин сабаб талабот ба ислоҳи чунин шакли таълим пеш омад.
Мавриди зикр аст, ки ба таҳсил фаро гирифтани кӯдакон, хусусан, кӯдакони имконияташон маҳдуд ва баланд бардоштани сифати таҳсилот яке аз масъалаҳои муҳими имрӯза дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мебошад. Ҳоло дар ноҳия ба таълим фаро гирифтани кӯдакони имконияташон маҳдуд нисбат ба солҳои пеш зиёд шуда истодааст. Чунончӣ, агар солҳои 2010-2014-ум ду ё се кӯдаки ба таълими хонагӣ-инфиродӣ фарогирифташуда ба қайд гирифта бошад пас ҳоло 109 кӯдаки имконияташон маҳдуд ба ин намуди таҳсил ҷалб гардидаанд.
Боиси зикр аст, ки ниҳодҳои маориф бо марказҳои саломатӣ ноҳия ҳамкории зич доранд ва аксари кӯдакони имконияташон маҳдуд аз ташхиси тиббӣ гузаронида шуда, пасон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Таҳсилоти фарогир барои кӯдакони дорои имконияташон маҳдуд шароити махсусро талаб менамояд. Дар ин раванди таҳсил ки талаботи махсус дорад, тамоми намудҳои зӯроварии равонӣ нисбати кӯдакон пешгирӣ карда мешавад ва ба онҳо (ҳатто кӯдакони гирифтори бемориҳои гуногуни равонӣ ва асаб) имкон медиҳад, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳамроҳи кӯдакони дигар таҳсил карда, ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд.
Бояд гуфт, ки таълими хонагӣ низоми нав буда, омӯзгорон, новобаста аз ҷойи зисти хонандагон, ба хонаи онҳо рафта, машғулият мегузаронанд. Барномаи ёрирасон дар таълими хонагӣ бо назардошти имкониятҳои хонанда бо пешниҳоди ташхиси тиббӣ мураттаб мегардад.
Қайд кардан лозим аст, ки дар ин самт, дар баробари муваффақиятҳо, ҳанӯз ҳам як қатор мушкилот ба чашм мерасад. Чунончӣ, нарасидани мутахассисони соҳибихтисос, бепарвоӣ зоҳир намудани волидайн нисбат ба таълиму тарбияи фарзандон, пинҳон кардани кӯдакони маъюб аз тарафи волидайн, сари вақт ба мутахассисони соҳаи маориф ва тандурустӣ муроҷиат накардани волидайни кӯдакони имконияташон маҳдуд аз ҷумлаи онҳо мебошад. Аз ин рӯ, пешниҳод карда мешавад, ки дарси омӯзгорони таълими хонагӣ аз тарафи маъмурияти муассисаҳои таълимӣ на кам аз чор маротиба таҳлил шуда, ба шуъба ва бахшҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо маълумотномаи хаттӣ пешниҳод гардида, рафти иҷрои Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) камаш ду маротиба дар як сол дар шӯрои педагогӣ мавриди баррасӣ қарор дода шавад.
Ҳамчунин, месазад, ки хонандагони имконияташон маҳдуд бо маводи таълимӣ аз тарафи мактаб сари вақт таъмин карда шаванд ва барои омӯзгорон курсҳо ва семинарҳои махсуси дастурдиҳӣ ташкил карда, онҳо бо дастурҳои методӣ таъмин карда шаванд.
Умуман, тамоми чораҳоро андешидан лозим аст, ки кӯдакони маъюб худро ҳамчун шахсони солим ва комилҳуқуқи ҷамъият ҳис карда, бо ҳамсолони худ якҷоя таҳсил намуда, соҳибмаълумот гарданд ва ояндаи худро сохта тавонанд.
Зебуннисо ҚОСИМОВА,
директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33-и ноҳияи Ҷ. Балхӣ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...