ҶАЪФАРЗОДА: 88%-И МАБЛАҒҲОИ БУҶЕТӢ ДАР МИНТАҚА БА СОҲАҲОИ ИҶТИМОИЁТ РАВОНА КАРДА ШУДААСТ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 461
Ҷаъфарзода Маъруф, сардори Раёсати молия дар минтақаи Кӯлоб дар нишасти матбуотӣ дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои иҷроиши буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дар соли 2022 ҳисобот дод.
Ӯ гуфт: “Мувофиқи маълумотҳо бо дарназардошти рушди воқеии иқтисодии минтақа иҷрои нақшаи андозҳо ва пардохтҳои маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дар соли 2022 аз ҳисоби даромадҳои худӣ 110 фоиз таъмин гардида, ба буҷет ба ҷои 320,3 миллион сомонӣ маблағи пешбинишуда 351,2 миллион сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақша 30,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, аз ҷумла шаҳри Кӯлоб 116 фоиз 127,4 миллион сомонӣ, Восеъ 102 фоиз 51,6 миллион сомонӣ, Ҳамадонӣ 100 фоиз 35,4 миллион сомонӣ, Фархор 105 фоиз 45,0 миллион сомонӣ, Темурмалик 117 фоиз 21,4 миллион сомонӣ, Ховалинг 113 фоиз 35,8 миллион сомонӣ, Муъминобод 102 фоиз 16,8 миллион сомонӣ ва Шамсиддин Шоҳин 112 фоиз 17,8 миллион сомонӣ нақшаи буҷети маҳалларо таъмин намуданд”.
Зикр гардид, ки аз рӯи сифатнокӣ иҷроиши нақшаи намуди андозҳо дар минтақаи Кӯлоб нишон дод, ки ҳамаи шаҳру ноҳияҳо намуди андозҳоро пурра таъмин намудаанд.
Ҷаъфарзода Маъруф, сардори Раёсати молия дар минтақаи Кӯлоб афзуд, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ дар соли молиявӣ ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Қӯлоб 275,6 миллион сомонӣ (100 фоиз) ва аз буҷети вилоятӣ 71,2 миллион сомонӣ (100 фоиз) маблағҳои мақсаднок ба шаҳру ноҳияҳои алоҳида ҷудо гардидаааст.
Дар соли 2022 иҷроиши нақшаи андози иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби муассисаҳои буҷетӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дар сатҳи 109 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми воридоти маблағҳо ба 160 миллион сомонӣ баробар гардидааст, аз ҷумла шаҳри Кӯлоб 51,1 миллион сомонӣ (111 фоиз), Восеъ 25,1 миллион сомонӣ (112 фоиз), Ҳамадонӣ 14,2 миллион сомонӣ (112 фоиз), Муъминобод 13,8 миллион сомонӣ (111 фоиз), Фархор 22,3 миллион сомонӣ (114 фоиз), Ховалинг 14,7 миллион сомонӣ (98 фоиз), Темурмалик 9,5 миллион сомонӣ (102 фоиз) ва Ш. Шоҳин 9,3 миллион сомонӣ (96 фоиз) таъмин гардидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки бақияпулии қарзи андози иҷтимоии ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ бо назардошти қарзҳои пешин дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ба ҳолати 1 январи соли 2023 ба маблағи 11,5 миллион сомонӣ баробар гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 9,2 миллион сомонӣ кам гардидааст.
Хароҷоти маблағҳои буҷети маҳаллӣ дар доираи иҷрои воқеии буҷет ба роҳ монда шуда, ба соҳаҳои буҷети шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб бо назардошти маблағҳои мақсадноки ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои ҳисоббаробаркуниҳо аз буҷетӣ вилоятӣ 774,7 миллион сомонӣ равона карда шудааст, ки 99%-и нақшаи хароҷоти буҷети маҳаллии минтақаро дар давраи ҳисоботӣ ташкил медиҳад. Аз ҷумла шаҳри Кӯлоб 189,9 миллион Сомонӣ (97%), Восеъ 136,4 миллион Сомонӣ (97%), Ҳамадонӣ 85,9 миллион сомонӣ (99%), Муъминобод 69,7 миллион сомонӣ (99%), Фархор 103,1 миллион сомонӣ (97%), Ховалинг 46,4 миллион сомонӣ (100%), Темурмалик 52,6 миллион сомлонӣ (99%) ва Ш. Шоҳин 60,7 миллион сомонӣ (100%) таъмин гардидааст.
Лозим ба ёдоварист, ки дар маҷмуъ 655,2 миллион сомонӣ ё ин ки 88%-и маблағҳои буҷетӣ дар минтақа ба соҳаҳои иҷтимоиёт равона карда шудааст. Аз ҷумла, ба соҳаҳои маориф 440,7 миллион сомонӣ, тандурустӣ 181,3 миллион сомонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ 7,0 миллион сомонӣ ва фарҳанг ва варзиш 26,2 миллион сомонӣ равона карда шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ барои модаҳои ҳимояшавандаи буҷет 685,8 миллион сомонӣ, аз ҷумла барои музди меҳнат 528,1 миллион сомонӣ, фонди ҳифзи иҷтимоӣ 140,6 миллион сомонӣ, барои пардохтҳои хизматрасониҳои коммуналлӣ ва алоқа 11,9 миллион сомонӣ, идорапулӣ, ҷубронпулӣ ва кӯмакпулиҳо 5,2 миллион сомонӣ равона карда шудааст, ки 83%-и хароҷоти маблағҳоро дар давраи ҳисоботӣ ташкил медиҳад. Дар соли 2022 аз ҳисоби музди меҳнат дар ташкилоту муассисаҳои буҷетии шаҳру ноҳияҳои минтақа қарздорӣ ба қайд гирифта нашуда, пурра пардохт гардидааст.
“ХАТЛОН”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...