Ҳадафи давлат таъмини зиндагии шоистаи мардум аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 25 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 389
Ҳамасола 25 январ Рӯзи касбии кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҷлил карда мешавад.
Масъалаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бахусус дастгирии иҷтимоии ниёзмандон, маъюбон, кӯдакони ятиму бесаробонмонда, собиқадорони ҷангу меҳнат ва оилаҳои камбизоат, инчунин дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ дар мадди назари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, Пешвои миллат дар суханрониҳо ва баромаду маърӯзаҳояшон дар ин мавзӯъ махсусан таъкид менамоянд, ки ин гурӯҳи шаҳрвандон таҳти ғамхории доимии давлату Ҳукумат қарор доранд.
Вобаста дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ дар вилояти Хатлон суҳбате доштем бо мудири шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ШОДӢ САФАРОВ, ки фишурдаи онро манзури хонандаи рӯзномаи “Хатлон” мегардонем.
- Шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар доираи ваколатҳои муайяннамудаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳои дахлдор фаъолияти босамар пеш мебарад.
Айни замон дар вилоят 25 бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, 3 муассисаи давлатии будубоши доимӣ бо 245 корманд ва 402 нафар бошанда, 2 маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ барои пиронсолон ва маъюбон бо 62 корманд ва 249 нафар бошандагон ва 16 шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона бо 338 корманд ва 1897 бошанда фаъолият менамоянд. Ба ниёзмандон аз рӯйи 34 намуди хизматрасонӣ ба таври ройгон хизмат расонида, ҳамаи онҳо аз нафақа, кумакпулиҳои яквақта ва дастгириҳои моддию пулӣ саривақт бархӯрдор мешаванд.
Дар соли 2022 аз ҷониби ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорон, ба маблағи умумии 1,9 миллион сомонӣ кӯмакҳои моддию молиявӣ расонида шудааст.
Инчунин, Муассисаи давлатии “Маркази байналмилалии тавонбахшӣ” фаъолият дорад, ки бо тамоми шароити замонави муҳайё буда, дар мавсими соли равон 61 нафар кӯдакон аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба тавонбахшӣ фаро гирифта шудаанд.
Дар вилоят тибқи маълумоти Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, шумораи умумии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ 6 нафар, маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ 8 нафар, шахсони солҳои 1941-1945 дар ақибгоҳ хизматнамуда 39 нафар, маъюбони башардӯсти Афғонистон 233 нафар, маъюбони Артиши Шӯравӣ 382 нафар, маъюбони садамаи неругоҳи барқӣ-атомии «Чернобил» 410 нафар, кӯдакони маъюби садамаи НБА «Чернобил» 18 ва оилаҳои бесаробонмондаи ин садама 5 нафар, маъюбони интернатсионалист ва Артиши Шуравӣ 615 нафар, маъюбони то 18-сола 12685 нафар, маъюбони амалиёти ҳифзи сохти конститутсионӣ 297 нафар, кӯдакони нимятим 31682 нафар, кӯдакони ятими кулл 590 нафар, гирандагони нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон 337 нафар ба қайд гирифта шудаанд.
Дар вилоят шумораи маъюбони гурӯҳи якум 5737 нафар, гурӯҳи дуюм 25998 нафар, гурӯҳи сеюм 12557 нафар, дар маҷмуъ, шумораи умумии маъюбон ба 44292 нафар мерасад.
Оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 30.06.2007, №353 “Дар бораи масъалаҳои таъин намудани нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки дар ду сол як маротиба кумаклулӣ пардохт карда мешавад, соли 2022 ба 230 нафар 294400 сомонӣ маблағ ҷудо ва ба пуррагӣ пардохт карда шудааст.
Соли гузашта, инчунин, 239 нафар ҷиҳати дарёфти кумакпулӣ дар доираи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, №232 «Дар бораи тасдиқи тартиби таъин ва пардохти кӯмакпулии давлатӣ ба кӯдакони то синни 16-сола, ки мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдоиши норасоии масуният мебошанд» муроҷиат намуда, ба маблағи умумии 917,7 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ гирифтанд.
Дар ин давра 308 нафар маъюбону иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шахсони дар ақибгоҳ хизматнамуда, ҷанговарону маъюбони башардӯсти Афғонистон, маъюбони садамаи неругоҳи барқӣ-атомии «Чернобил», инчунин гирандагони нафақаи хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барқарор кардани саломатӣ бо роҳхат ба осоишгоҳҳо таъмин гардиданд.
Ҳамчунин, бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва шахсони саховатпеша 2793 таҷҳизоти техникӣ, аз ҷумла 472 аробачаи маъюбӣ дастраси имтиёздорон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят гардид.
Дар вилояти Хатлон ба ҳолати 30 ноябри соли 2022, ҷамъан 79708 нафар оилаҳои камбизоат ба қайд гирифта шуда, ба онҳо дар ҳаҷми умумии 35,4 миллион сомонӣ кумакпулиҳо дода шудааст.
Барои дастгирии оилаҳои ниёзманд аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кумакпулии яквақтаина ҷудо гардидааст. Он ба оилаҳои камбизоате дода мешавад, ки кӯдакони то 7-сола доранд. Дар ин давра ба 16528 оила ба маблағи 8,2 миллион сомонӣ (ба ҳар як оила 500 сомонӣ) дастрас гардида, ин иқдом идома дорад.
Инчунин, соли 2022 бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон чораҳои тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии ниёзмандон андешида шуда, ҳар рӯзи шанбе аз ҷониби масъулони мақомотҳои давлатӣ ва соҳибкорон табақаҳои ниёзманди аҳолӣ аёдат шуда, ба онҳо ба маблағи 16,5 миллион сомонӣ кӯмакҳои гуногун расонида шуд.
Гузашта аз ин, дар арафаи таҷлили идҳои миллию сиёсӣ, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорону шахсони саховатпеша ва иттиҳодияҳои динӣ ба маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ятимон, ниёзмандон, оилаҳои камбизоат ва шахсони яккаву танҳо дар ҳаҷми 73,8 миллион сомонӣ кумакҳои моддию молиявӣ расонида шудааст.
Хурсандибахш аст, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” қайд гардид, ки бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ аз 1-уми июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ 20 фоиз зиёд мегардад.
Инчунин дар охири соли 2022 ба шаҳрвандони эҳтиёҷманди кишвар, аз ҷумла кӯдакони ятим ва бесаробон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ кӯмаки молиявии яквақта дар ҳаҷми 600 сомонӣ иловатан ҷудо гардид, ки то рӯзи 24 январи соли ҷорӣ зиёда аз 84 фоизи имтиёздорон ин маблағро аллакай дастрас кардаанд.
Қобили зикр аст, ки низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба баланд бардоштани некуаҳволии мардум ва таъмини шароити арзандаи зиндагии шаҳрвандон равона карда шудааст. Ноил шудан ба ин мақсадҳо суботи ҷамъият ва некуаҳволии мардуми кишварро таъмин хоҳад кард.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи татбиқи ҳадафҳои стратегии худ ба хотири таъмини кафолатҳои иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеа, рушди минбаъдаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад.
Ҳангомаи ИСМАТ,
“Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00