МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 19 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 514
Имрӯз, 19 январ, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихон Туреханов баргузор гардид.
Тавре ки ба РӮЗНОМАИ "ХАТЛОН" аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят хабар доданд, дар мулоқот ҷанбаҳои муҳими муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ, аз ҷумла дар бахши кишоварзии ду кишвар баррасӣ шуд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид дар суханронии хеш ҳайати соҳибкорони Ҷумҳурии Қазоқистонро таҳти сарварии сафири ин кишвар дар Тоҷикистон Валихон Туреханов хайрамақдам гуфта, қайд намуд, ки Тоҷикистону Қазоқистон дар заминаи робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ҳамкориҳои муассир ва мутақобилан судмандро густариш медиҳанд. Дар идомаи мулоқот оид ба самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, имкониятҳои иқтисодию тиҷоратии вилояти Хатлон маълумот дода шуд.
Сипас, сафири Қазоқистон зикр дошт, ки дар нақша доранд ҳамкориҳои дарозмуддати дуҷонибаро дар соҳаи кишоварзӣ тақвият бахшида, содироти маҳсулот, аз ҷумла пиёзу сабзӣ ва карамро афзоиш диҳанд. Тибқи иттилоъ, барои татбиқи ин ҳадаф соҳибкорони Қазоқистон омодаанд 15 миллион доллари амрикоӣ пешпардохт намоянд. Гуфта шуд, ки дар ҳолати фаъолияти устувор ҳаҷми содироти ин навъи маҳсулот метавонад то 45-50 миллион доллар афзоиш ёбад.
Соҳибкорон аз Қазоқистон барои харидории ангури тоҷикӣ низ мароқ зоҳир мекунанд ва интизор меравад, ки ҳамкориҳо дар ин ҷода низ густариш ёбад.
Зикр шуд, ки вилояти Хатлон метавонад дар як сол то 500 ҳазор тонна пиёз истеҳсол кунад, дар ҳоле ки талаботи бозори истеъмолии давлати Қазоқистон ба ҳисоби миёна дар як моҳ аз 35 то 150 ҳазор тонна пиёзро дар бар мегирад.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид дар робита ба зиёд будани талабот ба ин навъи маҳсулот, муовини якуми раиси вилоят ва мутахассисони соҳаи кишоварзиро муваззаф намуд, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳо майдони кишти пиёзро васеъ ва ҳаҷми истеҳсолотро афзун намоянд. Пиёзе, ки дар кишвари мо истеҳсол мешавад, аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, аз ҷиҳати сифат дар Осиёи Марказӣ яке аз беҳтарин маҳсулот маҳсуб мегардад.
Қайд гардид, ки соли 2021 гардиши мол миёни ду кишвар 1 миллиарду 200 миллион долларро ташкил дода, тибқи пешбиниҳо, соли равон ин рақам ба якуним миллиард доллар расонда мешавад.
Ҳамзамон дар вохӯрӣ вобаста ба парвариши лимӯ ва имконияти содироти он зикр ёфт, ки ноҳияи Ҷайҳун яке аз маконҳои маъруфи лимупарварӣ буда, айни замон ҳосили лимӯ дар ин ноҳия фаровон аст, ки метавонанд ба давлати худ содирот намоянд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ҳамдигарро ба муносибати 30-юмин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ шодбош гуфтанд.
Дар идомаи сафари корӣ ҳайати меҳмонон бо мақсади шиносоии бештар бо иқтидори кишоварзии вилояти Хатлон ба ноҳияи Ҷайҳун раҳсипор шуданд.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00