Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Давлаталӣ Саид: “Корҳои ободонию созандагиро тақвият бахшем”


Давлаталӣ Саид: “Корҳои ободонию созандагиро тақвият бахшем”



10 январ дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Давлаталӣ Саид, роҳбарони як қатор вазорату кумитаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо ва фаъолони вилоят ҷаласа оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар соли 2022 барпо гардид.


Ҷаласаро иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки соли 2022 барои мардуми шарифи вилоят соли хотирмон буд. Сокинони Хатлонзамин ҷашни пуршукӯҳи 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳо ва бо вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ ҷамъбаст намуданд.

- Дастуру супориш ва ҳидоятҳои Роҳбари давлат дар Паёми навбатӣ, ҷаласаҳо ва сафарҳои кориашон ба шаҳру ноҳияҳо, суҳбату вохӯриҳо бо мардум ва мулоқот бо фаъолону сокинон ба кулли мардуми вилояти Хатлон дар амалигардонии рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ мусоидат намуд, - афзуд раиси вилоят.

Сипас, муовини раиси вилоят Заробиддин Файзуллозода оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят дар соли 2022 ҳисобот манзур кард. Қайд гардид, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳои муайян ва меҳнати софдилонаи сокинон, ба ҳолати 1 январи соли 2023 нишондиҳандаҳои кӯтоҳмуҳлати рушди минтақавӣ дар сатҳи 108,1% таъмин шуд, ки ба ҳар сари аҳолӣ 9,5 ҳазор сомонӣ рост омада, дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1600 сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳиссаи вилояти Хатлон дар рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон сол ба сол тамоюли рушди устуворро касб намуда, давоми давраи ҳисоботӣ 24,8 фоизи ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, 52,9 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ, 23,8 фоизи гардиши мол, 12,4 фоизи ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ, 33,5 фоизи ҳаҷми боркашонӣ ва 17,4 фоизи мусофиркашонии ҷумҳурӣ ба вилояти Хатлон рост омад. Зикр шуд, ки соли 2022 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят диққати асосиро ба масъалаи зиёд намудани музди меҳнати кормандони соҳаи истеҳсолӣ равона намуда, ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,5% афзоиш ёфт ва ба 1289,2 сомонӣ баробар гардид.

Дар вилоят шумораи нафақагирон зиёда аз 273,2 ҳазор нафарро ташкил дода, талаботи маблағи нафақапулӣ, ки 1 миллиарду 57,2 миллион сомониро ташкил мекунад, бо пуррагӣ пардохт карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ба самтҳои мухталифи иқтисодиёти вилоят 66 миллион доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ворид гардид, ки 58 миллион доллари онро сармояи мустақим ташкил дода, ин нишондод дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 52,1 миллион доллар ё баробари 8,8 маротиба зиёд мебошад. Ҳамагӣ, ба соҳаҳои иқтисодиёти вилоят 1,5 миллиард доллар сармояи хориҷӣ, аз он 1,4 миллиард доллар сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб гардидааст, ки ба рушди иқтисодиёт мусоидат карда истодааст.

- Бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилоят 40 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ шуда, маблағи азхудшуда 760 миллион сомониро ташкил медиҳад, - афзуд З. Файзуллозода. - Соли сипаригашта соҳибкорони вилоят дар 16 форуму намоиши тиҷоратӣ ширкат варзида, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ 84 шартномаю ёддоштҳои тафоҳумро ба маблағи беш аз 4,3 миллиард сомонӣ ба имзо расониданд.



Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ ҳамчунин гуфта шуд, ки соли 2022 гардиши савдои хориҷӣ ба 498,2 миллион доллари амрикоӣ расид. Аз ин маблағ 238,2 миллион доллар содироти молу маҳсулот ва 260 миллион долларро воридот ташкил дода, ҳаҷми содирот дар қиёс бо ҳамин давраи як сол пеш 135,3% ё баробари 62,2 миллион доллари амрикоӣ зиёд мебошад.

Аз ҷумла, тавассути дидбонгоҳҳои гумрукии вилоят 31,3 ҳазор тонна нахи пахта, 11,8 ҳазор тонна калобаи ресандагӣ, 1,2 ҳазор тонна матоъ, 1,7 миллиард кв. соат неруи барқ, 418,4 ҳазор тонна семент, 269,4 ҳазор тонна ангишт аз ҳудуди вилоят содирот шудааст.

Аз тарафи бонкҳо ва муассисаҳои қарзии дар вилоят фаъолиятдошта соли гузашта ба иқтисодиёти вилояти Хатлон ба маблағи 3 миллиард сомонӣ қарзи бонкӣ пешниҳод карда шудааст, ки нисбат ба як сол қабл 120,1% ё баробари 504 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Қайд гардид, ки масъалаи шуғлнокӣ ва таъмини бекорон бо ҷойи кори таҳти таваҷҷуҳ ва корбарии ҳамарӯзаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дошта, дар соли 2022 аз ҳисоби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ 56693 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд. Аз ҳисоби баргузории 432 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ 5584 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва 8002 нафар ба шуғли мавсимӣ фаро гирифта шуданд.

Вобаста ба дастовардҳои соҳаи кишоварзии вилояти Хатлон, ки яке аз самтҳои афзалиятнок ва калидии рушди иқтисодию иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад, иттилоъ дода шуд, ки соли 2022 ҳаҷми маҳсулоти умумии соҳа ба 26,4 миллиард сомонӣ расонида шуд. Ин рақам дар муқоиса нисбат ба як сол муқаддам 106,7 фоизро ташкил дода, 1,6 миллиард сомонӣ афзуд. Аз ҷумла ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи растанипарварӣ 106,2% ва дар соҳаи чорводорӣ ба 107,9% баробар гардид.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, соли 2022 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 1115,6 ҳазор тонна ғалладона, 273,2 ҳазор тонна пахта, 224,6 ҳазор тонна картошка, 1644,8 ҳазор тонна сабзавот, 237,8 ҳазор тонна мевагиҳо, 125,5 ҳазор тонна ангур ва 676,8 ҳазор тонна полезӣ истеҳсол гардид. Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ дар майдони 433,8 ҳазор гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуд, ки нисбат ба соли гузашта 3293 гектар зиёд мебошад.

Аз ҷумла ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат дар хусуси самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин соли 2022 дар майдони 20636 гектар, аз ҷумла 11577 гектар байни боғу токзорҳо, 1982 гектар заминҳои партов, 4466 гектар замини чарогоҳҳои барои кишт мувофиқ ва 2611 гектар замине, ки зери корҳои мелиоративӣ қарор доранд, кишти зироатҳои гуногуни кишоварзӣ гузаронида шуд, ки ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо маводи озуқа ва танзими нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои вилоят ва ҷумҳурӣ мусоидат намуд.

Кишоварзони вилоят ба масъалаи истифодаи самараовари ҳар ваҷаб замин ва аз як қитъаи замин гирифтани се-чор ҳосил, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва рушди соҳаи тухмипарварӣ диққати махсус зоҳир намуда, дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории шаҳру ноҳияҳои вилоят соли 2022 дар майдони умумии 134500 гектар кишти такрорӣ гузаронида шуд, ки нисбат ба соли гузашта 2712 гектар зиёд мебошад. Дар ин давра дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилоят аз 52,9 гектар гармхонаҳои доимоамалкунанда ва 770 гектар гармхонаҳои мавсимӣ 28,5 ҳазор тонна сабзавоти барвақтӣ, аз он ҷумла 10800 тонна помидор, 9307 тонна бодиринг ва 8441 тонна дигар намуди сабзавот истеҳсол карда шуд.

Дар асоси маълумоти оморӣ, соли 2022 аз ҳудуди вилоят ба хориҷи кишвар 23,8 ҳазор тонна маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла 20 ҳазор тонна тавассути нақлиёт ва ҳавопаймо, 3819 тонна тариқи роҳи оҳан ба берун аз ҷумҳурӣ, асосан Федератсияи Россия, Афғонистон, Узбекистон, Туркия, Қазоқистон, Покистон ва Белоруссия содирот карда шуд. Маҳсулоти содиротгардида асосан 6044 тонна сабзавот, аз ҷумла 4157 тонна пиёз, 330 тонна полезиҳо, 5038 тонна мевагиҳо ва лимӯ, 10863 тонна ангур ва 1528,3 тонна дигар маҳсулотро ташкил медиҳад. Бо назардошти содироти 68240 тонна пиёз тавассути дидбонгоҳҳои гумрукии “Регар” ва вилояти Суғд, содироти маҳсулоти кишоварзии вилоят 91,1 ҳазор тоннаро ташкил мекунад.

Дар заминаи тадбирҳои андешидашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи моҳипарварӣ диққати махсус равона шуда, шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба 276 адад расонида шуда, нисбат ба соли 2021-ум 15 адад зиёд мебошад. Ба хоҷагиҳои мазкур 2339,5 гектар кӯлҳо ва ҳавзҳо вобаста карда шуда, дар давраи ҳисоботӣ дар вилоят 3557,7 тонна моҳӣ истеҳсол гардид, ки афзоиши истеҳсоли моҳӣ 254,7 тоннаро ташкил медиҳад.

Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ ҳамчунин зикр гардид, ки дар доираи имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳаи парандапарварӣ сол то сол рушд ёфта, дар ин давра афзоиши саршумори паранда танҳо дар бахши ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 37,2 ҳазор сарро ташкил дод. Соҳибкорони вилояти Хатлон ба бунёди фабрика ва фермаҳои парандапарварӣ мароқ зоҳир намуда, аз давраи пешниҳоди имтиёзҳо то имрӯз 16 фабрика ва фермаҳои парандапарварӣ сохта ба истифода доданд. Ҳамин тавр, теъдоди онҳо ба 32 адад расида, дар фабрика ва фермаҳои парандапарварӣ гӯшти паранда 11292,3 тонна ва тухм бошад, 30 миллиону 175,8 ҳазор дона истеҳсол гардид.

Дар соли 2022 ҷиҳати амалӣ гардидани ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Саноаткунонии босуръати кишвар” тадбирҳои муайян роҳандозӣ гардида, корхонаҳои саноатӣ якҷо бо бахши хусусӣ ба маблағи 10,6 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол кардаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1,5 миллиард сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш бо нархҳои ҳақиқӣ 16,7% ва бо нархҳои муқоисавӣ 15,5% таъмин карда шуд. Суръати афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар шаҳру ноҳияҳо мутаносибан дар сатҳи аз 121,6% то 182,5% таъмин гардидааст.

Дар соли 2022 ба маблағи умумии 156,5 миллион сомонӣ корҳои таъмиру азнавсозии роҳҳо ба анҷом расонида шудааст. Аз ҳисоби муассисаҳои роҳнигаҳдорӣ 17 км таъмири асосӣ, 2081 км таъмири ҷорӣ, 52 км сангфарш ва 77 пулу қубур таъмир гардидаанд. Дар баробари ин, аз тарафи соҳибкорон ва аҳолӣ дар 215 км таъмири асосӣ, 271 км таъмири ҷорӣ ва 333 км сангфарш карда шудааст.

Дар 12 моҳи соли 2022 аз истгоҳҳои роҳи оҳани вилояти Хатлон тариқи минтақаи Хушодӣ - Амузанг 1588 вагон ба андозаи 87843 тонна маҳсулот ворид ва ба 48025 нафар мусофирон хизмат расонида шудааст. Содирот бошад, дар ин муддат 409 вагон ба андозаи 21745 тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи як сол пеш 274 вагон ба андозаи 14556 тонна зиёд мебошад.

Шумораи парвозҳои хизматрасонида дар Фурудгоҳҳои байналмилалии Кӯлобу Бохтар соли 2022-юм 1485 парвозро ташкил намуда, 471400 мусофир хизмат расонида шуд.

Соли 2022 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар ҳаҷми 3,3 миллиард сомонӣ ба соҳаи сохтмон равона гардида, дар маҷмӯъ, бо дарназардошти иншоотҳои аҳамияти  ҷумҳуриявидошта ба маблағи 1,7 миллиард сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуданд.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар маҷмӯъ бунёд ва азнавсозии 6260 адад иншоот пешбинӣ гардида, соли 2022-юм 924 ададаш ба истифода дода шуд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлатро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати беҳтар гардидани соҳаҳои иҷтимоиёт, мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии онҳо тадбирҳои муайянро роҳандозӣ намуда, ҳамасола ҳаҷми маблағгузориҳои буҷетиро ба ин соҳа афзоиш медиҳад.

Аз ҳаҷми умумии қисми хароҷоти буҷет дар соли 2022-юм 1,4 миллиард сомонӣ ба соҳаи маориф, 598,9 миллион сомонӣ ба муассисаҳои тандурустӣ, 82,4 миллион сомонӣ ба соҳаи фарҳанг ва 16,5 миллион сомонӣ ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маблағҳои буҷетӣ равона гардидааст.

Дар ин давра дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 85 муассисаи таълимии нав, дар маҷмӯъ 526 синфхона барои 27908 ҷойи нишаст дар ду баст мавриди истифода қарор дода шуданд.

Соли 2022 дар вилоят 44 муассисаи тандурустӣ ба маблағи 49,4 миллион сомонӣ сохтаю азнавсозӣ гардид, ки аз ин 3 маркази саломатии деҳотӣ, 32 бунгоҳи саломатӣ ва 5 беморхона буда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Дар ин давра дар муассисаҳои тандурустии вилоят усулҳои нави ташхис ва табобат, аз ҷумла пайвандсозии узв дар Беморхонаи ҷумҳуриявии ноҳияи Данғара, амалиёти пайвандкунии қулфакдор дар устухонҳои рон, бозуи дастон ва соқи калон дар Беморхонаи клиникии ба номи Б. Воҳидов, гирифтани талхадон бо дастгоҳи лапороскоп дар ноҳияи Ёвон ба роҳ монда шуд.  

Дар соҳаи фарҳанги вилоят 890 муассисаи фарҳангӣ фаъолият дошта, соли гузашта дар шаҳри Кӯлоб муҷассамаи “Дуои модар”, дар ноҳияи Ховалинг осорхонаи Ҷӯрабек Назриев, китобхонаи марказӣ, мактаби санъати бачагона, дар ноҳияи Панҷ Боғи фарҳангу фароғатӣ, манораи Парчам ва Нишони давлатӣ, дар ноҳияи Ҷ. Балхӣ муҷассама, хона-музейи Ҷалолиддини Балхӣ, осорхона, майдони Парчам ва нишони давлатӣ, дар ноҳияҳои Қубодиён манораи Парчам ва Шамсиддини Шоҳин Нишони давлатӣ сохта ба истифода дода шуданд.

Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 5 варзишгоҳ, як маҷмааи варзишӣ дар ноҳияи Ҷ. Балхӣ ва даҳҳо майдончаҳои варзишӣ бунёд гардида, барои исифодаи ҷавонон супорида шуданд.

Дар вилоят бо мақсади рушди сайёҳӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, дар давраи ҳисоботӣ 462,5 ҳазор сайёҳони дохилию хориҷӣ, аз ҷумла 17,2 ҳазор сайёҳони хориҷӣ аз мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии шаҳру ноҳияҳо дидан намуданд.

Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода доир ба нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, хусусан дар соҳаҳои кишоварзӣ, обёрии заминҳо, бақияи андозҳо, бунёди корхонаю коргоҳҳои саноатӣ, ҷалби сармоя ба иқтисодиёт, таъмини шароити созгори фаъолият ба соҳибкорон, пешгирӣ аз қонуншиканиҳо, талафоти барқ, иҷрои Барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ аз роҳбарони шаҳру ноҳияҳо пурсиш карда, барои рафъи мушкилоти ҷойдошта ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо такя ба маълумоти таҳлилӣ таъкид намуд, ки дар соли 2022 рушди соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти вилоят таъмин гардида бошад ҳам, дар аксар шаҳру ноҳияҳо имконият ва захираҳои истифоданашуда хеле зиёд боқӣ мондаанд.

- Мову шуморо зарур аст, ки барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ, тақвияти корҳои ободонию созандагӣ аз ин имкониятҳо самаранок истифода бурда, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли 2023 саривақту босифат таъмин намоем, - афзуд Давлаталӣ Саид.

Қобили зикр аст, ки дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои бунёдкориву созандагӣ, ободу зебогардонии ҳамаи гӯшаву канори мамлакат ва дар навбати аввал, таъмин намудани рушди ҳамаҷонибаи деҳот ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо мақсади гиромидошти арзишҳои миллӣ, ташвиқу тарғиб ва дастгирӣ намудани таҷрибаи пешқадам, таҳкими соҳибистиқлолӣ, тарғиб ва ҳавасмандгардонии суннатҳои беҳтарини миллӣ қарори раиси вилояти Хатлон аз 26 июли соли 2022, №228 «Дар бораи гузаронидани озмуни вилоятӣ оид ба муайян намудани хона, оила, кадбону, деҳа, маҳалла, деҳот, шаҳрак ва шаҳру ноҳияи беҳтарин” ба тасвиб расидааст.



Дар озмуни вилоятӣ зиёда аз 2 миллион нафар фаро гирифта шуда, 1570 деҳаю маҳалла, 23 ҷамоати шаҳрак, 132 ҷамоати деҳот, 465 оила, 513 кадбону аз 25 шаҳру ноҳия дар марҳилаи дуюми озмун, даври вилоятӣ иштирок намуданд. Комиссияи вилоятӣ ҳамаи маводҳои пешниҳодшударо мавриди баррасӣ қарор дода, ғолибони озмунро муайян кард.

Дар охири маҷлиси ҷамъбасти соли 2022 Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид диплому ҷоизаҳоро ба ғолибони озмуни вилоятӣ дар вазъи тантанавӣ тақдим намуданд.

Н. Маъмурзода,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода