Дар соли харгӯш...
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 31 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 1 065
Соли 2023 аз рӯйи солшумории дувоздаҳгона бо номи ҳайвонот мучали харгӯш мебошад. Ба гуфтаи мутахассисон харгӯшҳо табиатон ором, ҳассос, чолок, моҳир, меҳрубон, пуртоқат ва хеле масъулиятшинос мебошанд. Аммо онҳо метавонанд, якрав, осебпазир ва аз ҳад зиёд махфӣ бошанд. Харгӯшҳо хислати гуворо доранд ва чигуна ғолиб шуданро медонанд.
Сарфи назар аз он ки харгӯш меланхолик ҳисобида мешавад, дар соли харгӯш воқеаҳои дурахшоне буданд, ки сазовори ёдоварӣ мебошанд.
Албатта, як саҳифаи рӯзнома барои мухтасар тавсиф кардани ҳамаи ин ҳодисаву воқеаҳои кофӣ нест, бинобар ин санаҳои муҳимтарини онро ҷамъ овардем.
20 (22) апрели соли 571, 12-ум моҳи Рабе- ул-аввал, рӯзи душанбе, чанде пеш аз тулӯи офтоб Ҳазрати Муҳаммад (с.а.в.) дар Макка ба дунё омадааст ва баъд аз 24 сол (соли 595) дар ҳамин соли харгӯш Паёмбари Худо (с) бо Хатича (а) издивоҷ намуданд.
Дар соли 631 тақвими мусулмонӣ ислоҳ карда шуд: соли мусулмонӣ қамарӣ гардид (аз соли шамсӣ 11 рӯз кӯтоҳтар аст).
Соли 847 аввалин китоб дар бораи шатранҷ таълиф шуд, ки муаллифи он олими форс Ал-Алӣ буд.
Соли 895 мадиархҳо (венгериҳо) дар сарзамини Венгрияи муосир ҷойгир шуданд.
Соли 979 дар Англия бори аввал дар ҷазираи Мэн парлумон таъсис ёфт, ки то имрӯз вуҷуд дорад ва яке аз қадимтарин дар дунё ба ҳисоб меравад.
Соли 1459 дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати нав бо номи Хонигарии Аштархониён пайдо шуд.
Соли 1483 рассоми машҳури итолиёвӣ Леонардо сер Перо да Винчи аввалин лоиҳаи парашютро пешниҳод намуд.
Соли 1711 Пётри 1 дар ҷанг бо хони Қрим Давлат Гира мағлуб шуд.
Соли 1771 Артиши Рус таҳти роҳбарии Василий Долгорукий бо дастгирии Флоти Азов Қримро забт намуд. Пас, аз 12 сол 1783 Империяи рус хонигарии Қримро аннексия карда гирифт.
10 январи соли 1795 шаҳри Одесса ташкил ёфтааст.
7 июли соли 1807 дар заминҳои полякҳо, ки император Наполеон аз Россия гирифта буд, давлати Герсогии бузурги Варшава ташкил гардид.
Соли 1855 бародарон Ҷорҷ ва Эдвард Шут, аз Стокголм дар асоси корҳои Чарлз Бэббиҷ аввалин компютери механикиро ихтироъ намуданд.
1 сентябри соли 1939 ҷанги дуюми ҷаҳон оғоз гардид.
1 августи соли 1975 Акти охирини Машварат оид ба бехатарӣ ва ҳамкорӣ дар Аврупо (Акти Хелсинки) ба имзо мерасад, ки ИМА, СССР, Канада ва 33 давлати Аврупо иштирокдори он буданд.
12 октябри соли 1999 шумораи сокинони сайёра ба 6 миллиард нафар расида буд. Конфутсий, Алберт Эйнштейн, шоҳзода Виктория, Фидел Кастро, Маря Кюри, Эдит Пиаф, Гарри Каспаров, Анҷелина Ҷолӣ дар соли харгӯш таваллуд шудаанд.
Таҳияи Наврӯз
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2022, 12:41
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...