Иҷлосияи сездаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 635
Дар шаҳри Бохтар иҷлосияи сездаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон таҳти раёсати раиси маҷлис Қурбон Ҳакимзода баргузор гардид.
Пас аз тасдиқи рӯзномаи ҷаласа ва интихоби котибот, бинобар даргузашти вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят, раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ шодравон Убайдулло Файзулло дақиқаи хомӯшӣ эълон карда шуд.
Сипас, раиси вилоят доир ба нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Хатлон дар соли 2022 гузориш дод.
Қайд гардид, ки соли 2022, сарфи назар аз таъсири таҳаввулоти байналмилалӣ, барои мардуми шарифи вилояти Хатлон бобарор ва соли амалигардонии рушди иқтисодию иҷтимоӣ буд. Сокинони вилоят ҷашни пуршукуҳи 30 - солагии Иҷлосияи ХVI таърихии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии вилояти Хатлонро ба соли ободию шукуфоӣ ва созандагию бунёдкорӣ табдил доданд.
Нақшаи қисми даромади буҷет бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 102,5% таъмин гардида, ба буҷети вилоят як миллиарду 868,9 миллион сомонӣ ворид гардид.
Тавре ки раиси вилоят зикр намуд, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар вилотт 53958 ҷойи нави корӣ ва барқароршуда ташкил гардид.
Маврид ба зикр аст, ки дар доираи татбиқи ҳидоятҳои дурбинона ва оқилонаи Роҳбари давлат, ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ ба 23,9 миллиард сомонӣ расонида шуда, дар муқоиса нисбати ҳамин давраи соли гузашта 106,6% ё баробари 1,5 миллиард сомонӣ афзоиш ёфт.
Дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсусан ба меҳнати софдилонаи марди деҳқон ишора намуда, барои саҳми ниҳоят арзишманд гузоштани тамоми кишоварзон дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат миннатдории самимӣ баён карданд.
Дар ин давра ҳиссаи вилояти Хатлон дар рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон сол ба сол тамоюли афзоишро касб намуда, давоми соли 2022 дар миқёси мамлакат 24,9 фоизи ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, 53,1 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла 63,9 фоизи истеҳсоли ғалладонагиҳо, 61,3 фоизи сабзавот, 67,5 фоизи пахта, 80,3 фоизи полезиҳо, 47,3 фоизи мева, 44,4 фоизи ангур, 57,9 фоизи гӯшт, 75,5 фоизи гӯшти моҳӣ, 50,9 фоизи шир, 25,5 фоизи асал, 41,9 фоизи саршумори чорвои калон, 41 фоизи чорвои майдаи ҷумҳурӣ ба вилояти Хатлон рост меояд.
Дар доираи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025, ба ҳолати 1 декабри соли ҷорӣ дар 108 лоиҳа ба маблағи 2,9 миллиард сомонӣ корҳо иҷро гардидааст, ки дар маҷмӯъ 34 фоизи нишондиҳандаҳои пешбинишудаи панҷсоларо ташкил дод.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар ҳисоботи худ қайд намуд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 9,5 миллиард сомонӣ расида, дар 11 моҳи соли ҷорӣ 123 корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ бунёд ва 1445 нафар дар ин коргоҳҳо бо ҷойи нави корӣ таъмин карда шуданд.
Дар давоми 11 моҳи соли равон аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба андозаи 131,7 миллион сомонӣ корҳои таъмиру азнавсозии роҳҳо ба анҷом расонида шудааст.
Ҳамзамон, соли ҷорӣ корҳо дар сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе - Бохтар, Балҷувон - Сари Хосор, Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт идома доранд. Илова ба ин, дар доираи корҳои ободонӣ дар шаҳру ноҳияҳои Данғара, Ховалинг, Балҷувон, Муъминобод, Кӯлоб, Дӯстӣ, Ҷайҳун, Панҷ ва дигар шаҳру ноҳияҳо мумфаршкунӣ ва сангфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ амалӣ гардида, он идома дорад.
Тавре ки Сарвари мамлакат дар Паёмашон мужда доданд, мавқеи Тоҷикистон дар зарфи чор соли охир тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар раддабандии ҷаҳонии сифати роҳҳо дар байни 138 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда зинаи 50-умро устувор нигоҳ медорад.
Ҷиҳати идомаи корҳои таҷдиду азнавсозии роҳҳо ва тақвияти имкониятҳои транзитии кишвар дар соли 2022 татбиқи лоиҳаи таҷдиди як қисми роҳи мошингарди Данғара – Бохтар (29 километр) оғоз гардид.
Илова бар ин, соли 2023 дар ҳудуди вилоятамон татбиқи 4 лоиҳаи дигар, аз ҷумла сохтмони роҳҳои мошингарди Гулистон – Кӯлоб (32,5 километр), Данғара – Гулистон (49,2 километр), Гулистон – Фархор (40 километр), Бохтар – Левакант – Данғара (40 километр)оғоз мегардад.
- Мо - фаъолон, роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва идораҳои дахлдорро зарур аст, ки бо истифода аз имконияту ташаббусҳои созандаи соҳибкорону шахсони саховатманд корҳоро дар самти бунёду азнавсозии роҳҳои дохиливу байни деҳаҳо, маҳалҳои аҳолинишин ва марказҳои шаҳру ноҳияҳо фаъол гардонем, - афзуд раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода.
Дар иҷлосия ҳамчунин гуфта шуд, ки аз ҳаҷми умумии қисми хароҷоти буҷет дар соли 2022-юм 1,3 миллиард сомонӣ ба соҳаи маориф, 537,4 миллион сомонӣ ба муассисаҳои тандурустӣ, 75,7 миллион сомонӣ ба соҳаи фарҳанг ва 14,9 миллион сомонӣ ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маблағҳои буҷетӣ равона гардидааст.
Дар вилоят 1371 муассисаи таълимӣ фаъолият дошта, дар онҳо зиёда аз 844 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли хониши гузашта мутаносибан теъдоди муассисаҳо 6 адад ва хонандагон 27 ҳазор нафар зиёд мебошад.
Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 64 муассисаи таълимии нав, дар маҷмуъ, 488 синфхона барои 23424 ҷойи нишаст дар ду баст мавриди истифода қарор дода шуданд.
Ҳамчунин, боиси хурсандӣ аст, ки дар натиҷаи ҷамъбасти озмуни ҷуҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Сайдалиева Шаҳло - хонандаи синфи 10-и МТМУ №8-и ноҳияи Данғара бо Шоҳҷоизаи озмун сарфароз гардида, ғайр аз он намояндагони вилоят ба гирифтани 2 ҷойи якум, 7 ҷойи дуюм, 7 ҷойи сеюм ва 32 ҷойи ифтихорӣ сазовор гаштанд.
Дар озмунҳои “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” 6 ҷойи дуюм, 13 ҷойи сеюм ва 4 ҷойи ифтихорӣ, дар озмуни “Илм - фурӯғи маърифат” 1 ҷойи якум, 3 ҷойи сеюм ва 10 ҷойи ифтихориро соҳиб гаштанд, ки шоистаи таҳсину офарин мебошад.
Вакилон Исломиддин Раҳмон, Даврон Нишонзода, Бунафша Файзиддинзода, Бахтиёр Назарзода ва дигарон ба муҳокима баромада, доир ба муҳимтарин нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар ноҳияҳои Данғара, Дӯстӣ, шаҳрҳоиЛеваканту Кӯлоб ҳисобот доданд.
Аз рӯйи масъалаҳои дуюм ва сеюми маҷлис гузориши сардори Сарраёсати молияи вилоят Ҳабибулло Иззатуллозода оид ба иҷрои буҷети вилояти Хатлон дар соли 2021 ва тасдиқи буҷети вилоят барои соли 2023 шунида шуда, нақшаи кории Маҷлиси вакилони халқ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои соли 2023 аз ҷониби вакилон тасдиқ гардид.
Вакилон ҳамзамон барои пеш аз муҳлат қатъ гардонидани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаҳои интихоботии Восеъ-№27, Қубодиён-№40 ва Ҷалолиддини Балхӣ-№41 ва таъин намудани интихобот раъй доданд. Зимнан, Комиссияи вилоятии интихобот таъсис дода шуд.
http://khatlon-ruznoma.tj/