Соли вусъати корҳои ободониву созандагӣ
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
3 декабри соли 2022 раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии сокинони ноҳия, рафти корҳои ободонию созандагӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аёдати оилаҳои сарбозони дар муноқишаҳои сарҳадӣ ба ҳалокатрасида ва қабули сайёри шаҳрвандон ба ноҳияи Вахш рафт.
Мушкилоти мардум ҳалли худро меёбанд
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода қабули сайёри сокинони ноҳия баргузор гардид.
Раиси вилоят қайд кард, ки шаҳрвандон мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд шахсан ё якҷоя бо дигарон ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шахсони мансабдор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, ки ҳалли масъалаҳои дар муроҷиат овардашуда ба салоҳияти онҳо дохил мешаванд, муроҷиат намоянд.
Сокинони маҳаллӣ Қурбоналӣ Эркаев, Ғоибназар Баротов, Саъба Исломова, Неъматулло Нуралиев, Авазхон Сайвалиев, Робиямо Шарипова, Раҷабалӣ Мӯсоев, Файз Ҳабибуллоев, Боймаҳмад Раҳимов, Маҳмадкарим Акрамов, Сайрамбӣ Аҳмадова, Сафаргул Раҳимова, Миҷгона Расулова, Маҳмадалӣ Ҳабибуллоев ва дигарон вобаста ба дарёфти кумаки молиявӣ, таъмин намудани деҳаи бебарқ бо трансформатори барқӣ, насби трубинаи иловагӣ, дигар кардани маҷрои оби канали селгузари деҳаи Иттифоқ, таъмири пули мошингузари деҳаи Пахтадашт, ҷудо намудани гранти раиси вилоят барои дастгирии рушди соҳибкории занон, бунёди муассисаи таълимӣ дар деҳаи Тепаликт, ҷудо кардани замин барои ташкили фермаи мурғпарварӣ, ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва монанди ин масъалагузорӣ намуданд.
Раиси вилоят ба масъулони ниҳодҳои дахлдори вилоятӣ ва ноҳиявӣ ҷиҳати баррасии оҷилӣ ва ҳаллу фасли мусбати масъалаҳои матраҳшуда дастур дод.
Таъкид шуд, ки давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, таҳсилот, вазъи иҷтимоӣ ва молу мулкиаш ҳуқуқу озодиҳо, аз ҷумла ҳуқуқ ба муроҷиатро кафолат медиҳад.
Қаҳрамонон намемиранд
3 декабр раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар доираи сафари кории худ дар ноҳияи Вахш ба ҳолпурсии волидони чанд сарбозе, ки дар натиҷаи муноқишаҳои марзӣ дар сарҳади Қирғизистон ба ҳалокат расидаанд, омад.
Ба аҳли хонаводаи сарбозони далери Ватан марҳум Асадулло Зикруллоев, Нарзулло Салихов ва Шуҳрат Абдулҳаев аз номи Пешвои миллат кумакҳои навбатӣ расонида шуд.
Раиси вилоят аз садоқату сарсупурдагии муҳофизони Ватан ба некӣ ёдовар шуда, онҳоро фарзандони шоиставу ифтихоровари диёр номид, ки номи неку корномаашон то абад дар таърихи Тоҷикистони навин сабт хоҳад шуд.
-Шаҳиди роҳи озодӣ ва ҳомиёни Ватан ҳаргиз намемиранд, зеро ҳифзу ҳимояи Ватан қарзи шаҳрвандӣ аст, - афзуд раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода. - Онҳо дар майдони ҷанг, барои ҳифзи марзу бум ва дар роҳи хидмат ба Ватан ва мардумашон ҳалок гардиданд. Ёдашон гиромӣ бод.
Субҳи 3 декабр раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳамчунин ба дидори волидайни сарбози шаҳид Салоҳиддин Муъминов, ки ӯ низ дар муноқишаҳои сарҳадӣ ба ҳалокат расидааст, омад.
Салоҳиддин соли 2020, пас аз хатми курси ронандагӣ довталабона ба сафи Артиши миллӣ пайвастааст.
Раиси вилоят ба волидони Салоҳиддин барои тарбияи фарзанди ҷасуру меҳанпараст изҳори сипос намуда, афзуд, ки халқу Ватан ҷонфидоиҳои фарзандони шуҷоъро фаромӯш намекунанд.
Қайд гардид, ки ба гиромидошти Салоҳиддин Муъминов яке аз кӯчаҳо ё муассисаҳои таълимӣ ба номи ӯ гузошта хоҳад шуд.
Сипари марзи Ватан ояти мардонагӣ аст,
Поси ин хонаву дар номуси сарбози Ватан.
...Рустами сафдари ӯем ба ҳангоми набард,
Мо ҳама баҳри дифоъ афсари ҷонбози Ватан.
Н. МАЪМУРЗОДА,
«Хатлон»
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.