Сафаралӣ БОЗОРЗОДА: «Ашки сари миҷгон будем…»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 629
Мусоҳиба бо директори ТВ «КӮлоб» Сафаралӣ Бозорзода, иштирокчии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-Нахуст оид ба таърихи мухтасари баргузории иҷлосия чанд ҳарфе мегуфтед.
-Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, дар ҳақиқат, дар як замони хеле мушкил гузашт. Агар каме дертар баргузор мегашт, мумкин буд, ки тақдири миллат тамоман дигар мешуд. Иҷлосияи 16-ум заминае барои таҳқими давлатдорӣ, ояндаи миллати тоҷик, сарҷамъ кардани миллат ва умуман барои пойдории ояндаи миллат буд ва дар ин ҷода бисёр саҳми арзанда гузошт. Дар иҷлосия, пеш аз ҳама, вакилон қарорҳое қабул карданд, ки дархӯри он давр буданд ва тавонистанд, ки дар ин иҷлосия сари як мақсад биёянд ва кореро ба анҷом бирасонанд, ки ояндаи Тоҷикистон дурахшон бошад. Дар воқеъ, чунин ҳам шуд. Имрӯз меваҳои онро чашида истодаем.
-Яке аз масъалаҳое, ки дар иҷлосия мавриди баррасӣ қарор гирифт, ин ба ҳам овардани қумандонҳои саҳроии ҳарду ҷабҳа буд. Ба фикри Шумо то куҷо ин масъала ҳалли худро ёфт?
-Дар иҷлосия Эмомалӣ Раҳмон эълон кард, ки тамоми қумандонҳои саҳроӣ ба иҷлосия даъват карда шаванд ва дар мизи оши оштӣ нишаста суҳбат кунему гуноҳи якдигарро бахшем, то ин ки тинҷӣ ҳукмфармо шавад, мутаассифона, аз тарафи мухолифин, ба ҷуз Ҷумъа Буйдоқ, қумандони Помир дигар касе наомад. Аз вилояти Хатлон раиси Фронти халқии Тоҷикистон Сангак Сафаров буд.
Он нафароне, ки силоҳ гирифта, барои барқарор намудани ҳукумати конститутсионӣ бархеста буданд, ташнаи сулҳ буданд. Онҳо мехостанд, ки сулҳ шавад, вале мутаассифона, нигоҳ кунед, ки боз дар ҳамин иҷлосия қозӣ (Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода) иштирок накард, гарчанде ки вакил буд. Ин маънои онро дошт, ки дар давлатдории мо иштирок накарданд ва саҳм нагузоштанд. Комиссияи оштии миллӣ фаъолияти хуб ҳам дошт. Мардуми парокандаро аз Афғонистон овард, лекин ҳамаи ҳамин бо талошу шабзиндадориҳои раҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Набошад, дар Афғонистон тоҷикони гуреза парво надоштанд ва фикр ҳам намекарданд, ки зану фарзандон дар кадом ҳолат ҳасту ман бояд рафта, Ватанамро обод кунам. Ман даҳҳо маротиба Афғонистон рафтаам. Қабрҳои ҳамватанони худро дар хоки бегона дида, ба навор гирифтам. Ин ҳамаро бо чашми худам дида, гиря мекардам. Ба онҳо мегуфтам, ки биёед, ба Ватан равем.
Овардани гурезаҳо пеш аз иҷлосия оғоз шуда буд. Баъди иҷлосия ин раванд зиёдтар шуд. Мардум бовар кард, ки Роҳбари давлат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро соҳибӣ мекунад. Ба хонаҳояшон баргаштанд ва амният таъмин шуд. Мутаассифона, гурӯҳҳои бадхоҳ то соли 2002 низ буданд. Ҳатто дар соли 2015 гурӯҳи бадхоҳи дигар низ сар зад. Нияти бад муайян шуд. Як чизро ҳис кардам, ки душман ҳеҷ гоҳ дӯст намешудааст.
Агар Худо ҳидояташ накунад, як рӯзе бадияшро мекунад. Масалан, ба генерали хиёнаткор Назарзода чӣ намерасид?!
-Иҷлосияи 16-умро ҳамчун иҷлосияи тақдирсоз ном мебаранд. Ба назари Шумо, то куҷо ин иҷлосия тақдирсоз буд?
-Агар ҳамин иҷлосия намешуд ва қонунҳо дар бораи авф, Парчами миллӣ, ҷо ба ҷо кардани Ҳукумати Тоҷикистон қабул намешуданд, ҳоли мо маълум буд, ки чӣ мешуд. Дар ин иҷлосия 70 қонуни барои миллат муҳим қабул карда шуд. Рӯзи 2-юми декабр Ҳукумати Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ кард.
-Саҳми Шумо дар бозтоби Иҷлосияи 16-ум, тарғиби якпорчагии Тоҷикистон ва баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ калон аст. Хуб мешуд, агар хотироти худро аз он рӯзҳо ёдовар мешудед.
-Боре занги телефонӣ шуд ва ман гӯширо бардоштам, ки аз он тараф овози муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад. Суҳбат кардем ва Пешвои миллат гуфтанд, ки ба Тавилдара рафта, гурезаҳоро ба навор гирам. Онро дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ба вакилон намоиш медиҳем.
Он вақт мо камераи наворбардорӣ надоштем. Як камера доштем, ки монанди худамон дар ҷангҳо иштирок карда, тамоми осебҳоро дида буд ва бовар надоштем, ки он ба навор гирад. Аз Бобоҷон Икромов, раиси Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ, илтимос кардем, ки агар имконият бошад, барои мо як камера диҳад. Ӯ ба мо камера доданд ва ман, Раҳматулло Назаров (инженер) ва Умархон Камолов роҳи Тавидараро пеш гирифтем. Сари роҳ шабро дар Комсомолободи нав гузаронидем. Ҷумахон гуфтанӣ ронандаи «уазик» моро ба ҷониби Тавилдара бурд.
Дар он ҷо гурезаҳоро ба навор гирифтем. Баъди сабт мо ба роҳ баромадем. Соати 1-2-и шаб ба шаҳри Душанбе расидем. Наворҳо тариқи Шабакаи аввал ба мардум нишон дода шуд. 14 майи соли 1992 Телевизиони Кӯлобро ташкил кардем. Дар як замини холӣ телевизиони минтақавӣ ташкил намудем. Телевизори падарамро аз хона овардам ва чанд видеомагнитофон ва камераи ёру дӯстонро ҷамъ кардем ва телевизион сохтем. Ҳоло бо дастгирии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идораи телевизион ба бинои нав кӯчид, ки имрӯз чун як хабаргузории минтақавӣ нуфуз дорад.
-Шумо ба ҷавонони имрӯза чӣ гуфтаниҳо доред?
- Ба ҳамаи ҷавонон муроҷиат мекунам, ки ба қадри тинҷиву амонӣ ва рӯзҳои гузаштаву падару модари хеш бирасанд, зеро дар Қуръон омадааст:
«Худои ту дар пеши чашмат ҳаст ва ту ӯро нодида мегирӣ. Маро зораву тавалло мекунӣ. Банда мегӯяд, ки кист он Худои ман? Баъдан мегӯяд, ки падару модари туст». Агар ба қадри падару модар бирасем ва дуои онҳоро бигирем, гӯё розигии Худоро ба даст оварда бошем. Мо бояд заҳмат бикашем, меҳнат кунем ва забонҳоро омӯзем.
Мутаассифона, баъзе камбудҳо ҳаст. Вақте хонанда мактабро хатм мекунад, дар шаҳодатнома баҳояш аз фанҳои забонҳои хориҷӣ хубу аъло аст.
Донишгоҳро ҳам тамом мекунад, чунин аст, вале забонҳои хориҷиро намедонад. Ин камбудии мороҳбарон аст. Инро бояд ислоҳ кунем. Ҷавонон бояд эҳсосотӣ нашаванд. Умеди бисёр аз ҷавонон дорем, ки ба қадри давлатдории мо мерасанд.
-Ташаккур барои суҳбати самимию ошкоро.
- Саломат бошед!
Мусоҳиб
Ҷаҳонгиршоҳ РУСТАМШОҲ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00