Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ёвон. Иштироки раиси вилоят дар ҷамъоварии ҳосили пахта


Ёвон. Иштироки раиси вилоят дар ҷамъоварии ҳосили пахта




Зимни сафарӣ корӣ раиси вилоят дар ноҳияи Ёвон аз рафти корҳои саҳроӣ ва ҷамъоварии ҳосили пахта дар Ҷамоати шаҳраки “Ҳаёти Нав” боздид ба амал оварданд.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии вилояти Хатлон хоҷагии деҳқонии “Рушди кишоварзии Чин” воқеъ дар Ҷамоати шаҳраки “Ҳаёти Нав”-и ноҳияи Ёвон ҷойгир буда, он 15 апрели соли 2015 ташкил гардидааст. Иқтидори солонаи он 50 ҳазор тона ашёи хоми пахта мебошад. Масоҳати умумии заминҳои киштшуда дар хоҷагии мазкур 414 гектарро ташкил медиҳад.

Ноҳияи Ёвон яке аз ноҳияиҳои калонтарини аграрарӣ дар миқёси вилоят ба ҳисоб рафта, кишоварзони он аслан ба соҳаи пахтакорӣ, сабзавоткорӣ ва боғдорӣ машғул мебошанд. Бо мақсади таъмини амнияти озуқавории кишвар ва аз як замин гирифтани ду се ҳосил хоҷагидорони ноҳия ҳар як ваҷаб заминро самараноку оқилона истифода бурда, то ин ки истеҳсоли маҳсулоти икшоварзиро афзун намуда бозори истеъмолии мамлакатро бо маҳсулоти худи таъмин намоянд. Тайи солҳои охир деҳқонони ноҳияи Ёвон нисбати соҳаи пахтапарварӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, истеҳсоли ин навъи маҳсулотро зиёд намуда истодаанд.




Раиси вилоят ба масъулин дастур доданд, ки ҷиҳати бозҳам беҳтар намудани ҳосили заминҳои киштшуда чораҳои амалӣ андешанд ва дар ин замина дар ҳамкорӣ бо олимони соҳа ва истифода аз агротехникаи муосири кишоварзи дар ин самт корбарӣ намоянд.

“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода