Сафари кории Сарвазири мамлакат ба Хатлон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 782
Ҷиҳати шиносоӣ бо рафти кишти зироатҳои кишоварзӣ, корҳои сохтмонӣ, созандагиву бунёдкорӣ дар иншоотҳои сохташаванда бахшида ба таҷлили ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Данғара, Кӯшониён ва Хуросон ташриф оварданд. Дар ин сафар Сарвазири мамлакатро раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳамроҳӣ карданд.
Боздид аз рафти корҳои сохтмонии марҳилаи якуми шоҳроҳи Бохтар - Данғара
Нахуст, Сарвазири мамлакат ва раиси вилоят дар ноҳияи Данғара аз рафти корҳои сохтмонии марҳилаи якуми шоҳроҳи Бохтар - Данғара (Данғара -Оқмазор), ки зиёда аз 28 километрро дар бар мегирад, дидан намуданд.
Тибқи маълумот, марҳилаи якуми шоҳроҳи мазкур дар мавзеи Данғара - Оқмазор оғоз ёфта, барои бунёди ин роҳ техникаҳои пуриқтидор ва мутахассисони варзидаи соҳа ба кор сафарбар шудаанд.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бунёди марҳилаи якуми шоҳроҳи мазкур ва зина ба зина мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани шоҳроҳи Бохтар – Данғараро заминаи хубе барои баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ арзёбӣ намуданд. Ҳамчунин, дар аснои боздид Қоҳир Расулзода ба пудратчиён вобаста ба анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ тавсияҳо доданд.
Шиносоӣ бо маданияти истифодаи замини наздиҳавлигии Умаралӣ Раҷабов Дар идомаи сафари корӣ, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба шаҳри Бохтар ташриф оварда, аз ҷараёни бунёди корхонаи қубурҳои азбест дидан намуданд.
Корхонаи нави истеҳсолӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Дӯстмурод Маҷидов дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат ва ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати як гектар бунёд мегардад.
Зимни боздид, ба Сарвазири мамлакат иттилоъ дода шуд, ки маҳсулоти истеҳсолӣ аз лиҳози намуд ва сифат ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Иқтидори солонаи корхона 260 ҳазор дона қубури азбест буда, бо дарназардошти талаботи бозор имконияти аз ин ҳам бештар истеҳсол кардани маҳсулот мавҷуд аст. Барои истеҳсоли қубурҳои азбест сементи аълосифати корхонаҳои Тоҷикистон истифода гардида, ашёи хом аз Ҷумҳурии Қазоқистон ворид мегардад.
Сипас, Қоҳир Расулзода ва Қурбон Ҳакимзода дар шаҳри Бохтар аз рафти истифодабарии самараноки замини наздиҳавлигии сокини кӯчаи “Навобод” Умаралӣ Раҷабов шинос шуданд.
Зимни суҳбат қайд гардид, ки Умаралӣ Раҷабов таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти меҳнати садоқатмандона, муносибати дилсӯзона ба замин ва истифодаи пурсамару оқилонаи ҳар порча замин сармашқи кори худ қарор дода, дар майдни 0,16 га ба парвариши маҳсулоти ниёзи аввал машғул мебошад.
Иштирок дар ҷараёни ҷамъоварии пахта
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Кӯшониён ташриф оварда, аз рафти корҳои хоҷагии деҳқонии «Абдусолеҳ»-и Ҷамоати деҳоти “Сарвати Истиқлол” дидан карданд. Ба Сарвазири мамлакат ва раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии деҳқонӣ дорои 94 сотих замин буда, дар майдони 60 сотих гармхонаҳо ташкил карда шудааст. Хоҷагидорон ба парвариши помидор ва маккаи дон машғул мебошанд.
Зимни боздид, Қоҳир Расулзода ба таҷрибаи ғании кишоварзони хоҷагии мазкур баҳои баланд дода, ташкили гармхонаҳоро дар шароити кунунӣ намунаи ибрат арзёбӣ намуданд. Ҳамчунин, илова намуданд, ки барои расидан ба таъмини амнияти озуқаворӣ бояд ҳар як ваҷаб замин самараноку оқилона истифода шавад.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни боздид, таъкид доштанд, ки деҳқонон аз иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар сарбаландона мебароянд ва бозорҳои мамлакатро бо маҳсулоти тару тоза таъмин менамоянд. Ҳамзамон, кишоварзони ноҳия аз ҳар як замин се-чор ҳосил рӯёнида, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Сарвазири мамлакат ва раиси вилоят бо тарзи истифодаи босамару оқилонаи гармхонаҳои хоҷагии мазкур шинос шуда, ба масъулин барои дар оянда боз ҳам васеъ намудани масоҳати гармхонаҳо дастуру ҳидоятҳо доданд.
Сипас, Сарвазири мамлакат бо ҳамроҳонаш дар маросими ҷамъоварии кишти пахта ва супоридани пахта ба корхонаи ҶДММ-и “Бохтар-инвест-Катон”, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти “Заргар”, иштирок ва бо кишоварзон суҳбат карданд.
Иттилоъ дода шуд, ки имсол кишоварзони ноҳияи Кӯшониён дар майдони 11 ҳазору 320 гектар кишти пунбадона гузаронидаанд. Масъулони ноҳия сол то сол заминҳои кишти ин зироатро боло бурда, ба ин васила ҷойҳои нави кории мавсимиву доимиро зиёд менамоянд. Имрӯзҳо дар ҳудуди ноҳия 2 ҳазору 370 хоҷагии деҳқонии пахтакор фаъолияти пурсамар дошта, навъҳои гуногуни пахта, аз ҷумла “Бухоро”, “Австралӣ”, “Флеш”, “Хатлон-2014” ва ғайраро кишт кардаанд.
Корхонаи пахтатозакунии “Бохтар - Инвест-Котон” фаъолияти пурсамар дошта, иқтидори шабонарӯзии он коркарди 150-200 тонна ашёи хоми саноатӣ мебошад. Айни замон корхона дар се баст фаъолият дошта, дар он 70 нафар кормандон ба ҷойи кори мавсимӣ ва доимӣ ҷалб гардидаанд. Ҳамарӯза пахтаи ҷамъоварикардаи деҳқонон ба нуқтаи қабул ворид мешавад, онро хушку тоза карда, ба корхона интиқол медиҳанд. Кормандони корхона ба афзоиши коркарди пурраи ашёи хом, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ ҷаҳду талош намуда, барои беҳтар гардидани маҳсулоти содиротӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла болоравии зисту зиндагии мардум аз тамоми имкониятҳо истифода мебаранд.
Зимни суҳбат бо кишоварзон Сарвазири мамлакат ва раиси вилоят ба мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати самаранок ҷамъоварӣ намудани пахта ва дуруст коркард намудани он маслиҳатҳои муфид доданд.
Ифтитоҳи бинои нави муассисаи таълимӣ
Дар идомаи сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар ноҳияи Хуросон аз хоҷагии деҳқонии “Амина” боздид ба амал оварданд.
Хоҷагии деҳқонии “Амина” соли 2014 аз ҳисоби заминҳои фонди махсуси ноҳия ташкил шудааст. Самти асосии фаъолияти хоҷагӣ пахтакориву дигар зироатҳои кишоварзӣ мебошад. Хоҷагӣ дорои 5,60 гектар замини обӣ буда, сарфи назар аз сатҳи нобаробари обёрикунии заминҳои ноҳия, ки аксари майдони заминҳои кишоварзиаш тариқи пойгоҳҳои обкашӣ бо об таъмин карда мешаванд, дастрасии мусоидро ба иншоотҳои обтаъминкунӣ дорад. Хоҷагидорон имсол дар майдони 4 гектар пахта кишт кардаанд, ки вазъи ҳосилнокиаш хеле хуб аст. Айни замон дар хоҷагӣ 6 нафар саҳмдорон кор карда, бо маоши хуб ва ҳавасмандгардонии моддӣ таъмин карда мешаванд.
Азму талоши деҳқонони пуртаҷрибаи хоҷагии “Амина” аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо ҳар як қитъаи замини дар ихтиёрдоштаи худро оқилонаву самаранок истифода мебаранд. Онҳо хуб дарк менамоянд, ки истифодаи оқилонаи замин кафолати баракати меҳнати шабонарӯзии онҳост. Аз ин рӯ, мекӯшанд, маданияти истифодабарии заминҳои хоҷагиро дуруст роҳандозӣ намуда, дар пешрафту рушди соҳаи кишоварзӣ мусоидат намоянд.
Дар ноҳияи Хуросон бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва ра иси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22, ки бар ои 400 нафар хонанда пешбинӣ гард идааст, ма вриди баҳрабард орӣ қар ор гирифт.
Гуфта шуд, ки бинои таълимӣ аз 2 ошёна иборат буда, дар майдони 318 м2 бунёд шудааст ва дар он тамоми шароити муосир барои кору фаъолияти омӯзгорон ва таълими хонандагон муҳайё мебошад. Тарҳи бино бо усули меъмории муосир бунёд шуда, аз 11 ҳуҷра, аз ҷумла 8 синфхона, китобхона, хонаи муаллимон ва синфхонаи компютерӣ иборат мебошад. Сипас, Сарвазири мамлакат ва раиси вилоят дар кушодашавии шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказии ноҳия иштирок намуданд.
Бинои иловагӣ барои 40 кат аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ дар масоҳати умумии 423 метри мураббаъ бунёд гардидааст. Бинои мазкур як ошёна буда, дорои 10 ҳуҷраи корӣ, инчунин ҳуҷраи кории мудири шуъба ва ҳуҷраи доругузаронӣ мебошад.
Фаромӯз БОБОЕВ, “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00