Истиқлол рӯзгори босаодатро ба мо ҳадя кард
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 772
Истиқлол яке аз дастовардҳои бузурги иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ маҳсуб ёфта, дар таҳкими сулҳу дӯстӣ ва амнияту устувории давлат нақши калидӣ дорад. Давлате, ки соҳиби Истиқлоли миллӣ аст, дар ҳифзи марзу бум, иҷрои дурнамои пешбинишуда, адолати иҷтимоӣ, сиёсати миллӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, ҳамкориҳои байниҳамӣ, бунёди иншоотҳои дархӯри талаботи давр, дар амал татбиқ намудани таҷрибаҳои нек барои рушду пешравӣ имкониятҳои фарох дорад.
Падид омадани ин муқаддасоти бузурги аср, саҳфаҳои нави китоби миллатро боз намуд, ки насли оянда онро ҳамчун як дарси омӯзиш ва таҷриба мутолиа мекунанд. Бархӯрд бо навгониҳои силсилавии даврон мардумро рӯҳбаланд сохт ва дар татбиқу идомаи пешравиҳо ҳиссаи бештари худро гузоштанд.
Саҳми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар равобити масъалаҳои байналмилалӣ назаррас буда, барои ҳалли мушкилоти мавҷуда ҳиссаи сазовор доранд. Аз ҷумла, барои таъмини оби нӯшокӣ ба мардуми сайёра, бо саҳми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2003 Соли “Оби тоза”, 2005-2015 солҳои байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт” ва 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон гардид.
Дар зиндагии осоиштаи башар Истиқлол, пеш аз ҳама, тинҷиву оромӣ ва рӯзгори босаодатро ҳадя менамояд, ки ҳар шахс бояд ба қадри ин неъмат бирасад. Имрӯз дар арсаи ҷаҳон кишвари моро ҳамчун давлати демократӣ ва ягона мешиносанду эътироф мекунанд, ки дар самти татбиқи нақшаву дурнамоҳои байналмилалӣ мавқеи хоси худро дорост. Сиёсати демократӣ барои рушди иҷтимоӣ ва муносибатҳои дохилию байналмилалӣ натиҷаи нек овард, ки онро метавон ҳамчун василаи пешравии ҷомеа унвон дод.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳтарин дар байни халқи хеш сулҳ овардаанд. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки ҷаҳониён дар борааш ҳарф мезананд ва сарони аксарияти мамлакатҳо онро ҳамчун китоби сиёсати давлатдорӣ таҷрибаи пешрафти кори хеш кардаанд, яке аз самараҳои неки Истиқлоли миллӣ ва далели башардӯстию иттиҳодии мардуми сарбаланди тоҷик аст.
Дар густариши волоияти қонун ва дар сиёсати давлату Ҳукумат роҳандозӣ намудани қавоиди манфиатдор, барои пешрафти ҷомеаи аҳли башар ҳиссагузор аст. Созгорию тантанаи ҷашнҳои зебои миллӣ, ҳамчунин ворид шудани чанде аз онҳо ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият, барои тақвият бахшидан ва рушди бевоситаи фарҳанги миллӣ василаи нек маҳсуб меёбанд. Таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ба рушди соҳаи маориф бештар равона гардида, дар самти таълиму тарбияи насли наврас, ҷиҳати саводнок намудани толибилмон ва ба замони муосир мутобиқ намудани муҳити таълим шароити мусоидро фароҳам овардааст.
Аз лиҳозе, ки буҷаи давлат дар гирдоби оташи ҷангу хунрезӣ нест шуда буд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои инкишофи иҷтимоӣ, ҳадафҳои стратегии ҷиҳати таъмини рушди босуботи иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи амалисозии худ қарор дод, ки барои зиндагии мусоиди халқ нақши калидӣ доранд. Рушди истиқлолияти энергетикӣ яке аз заминаҳои рушди иқтисодиёти кишвар ҳисобида шуда, барои ҳарчӣ зудтар таъмин намудани ин самти авлавиятноки ҷомеа, имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шуд ва имрӯз ин мушкилот ҳалли худро пайдо кард.
Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, дар таъмини равобити дӯстию рафоқат ва муносибатҳои савдо нақши асосиро мебозад ва хушбахтона, имрӯз ин мушкилӣ низ роҳи ҳалли худро пайдо намуд. Дар ин баробар, барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар, Ҳукумати мамлакат барномаҳои соҳавиро қабул намуда, ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ диққати аввалиндраҷа дод.
Имрӯз кишвари мо ба яке аз амнтарин ва зеботарин мамлакатҳои рӯйи дунё мубаддал гардида, барои зиндагии осоиштаи мардум тамоми шароити мусоид фароҳам аст. Мардуми шарифи Тоҷикистон дар партави сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат меҳнат намуда, кишвари азизамонро ободтару зеботар хоҳанд кард. Пас аз соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба тарзи силсилавӣ арзишҳои миллиро соҳиб гардидем, ки дар устувориву пойдории минбаъдаи сулҳу амонӣ ва осудагию иттиҳодӣ саҳми назаррас доранд. Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми шарафманди тоҷик яке аз арзишҳои волотарини сиёсӣ маҳсуб ёфта, ҳар як шаҳрванди кишвар то ҷон дар бадан дорад, онро чун гавҳараки чашм ҳифз мекунад.
Хусрав ХОЛДОРЗОДА ,
раиси суди ноҳияи Шаҳритус
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...