Аз зафар созад ҳикоят парчами афрохта...
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 02 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 970
Бо чашми сару нигоҳи дил ҳамаи он дигаргуниҳои беназиреро, ки солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон, бахусус вилояти Хатлон бо сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал омадааст, дида, дил моломоли шодию нишот мешавад. Вақте агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба фаъолият оғоз кард, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як ҷаҳон шодию нишот ва қалби саршори меҳр гуфтанд: “Тоҷикистон, ба пеш!”
Дар ин лаҳзаҳои гуворо ва ҳаяҷонбахш вуҷудам моломоли шодию нишот гашта, пеши назарам диёри нозанину афсонавӣ шаҳрҳои ободу нозанин, иморатҳои бо нақшу нигорҳои миллӣ сар ба само кашидаи кишвар, бахусус, шаҳри хуштарҳу зебои Бохтар, хиёбонҳои гулпӯш, кӯчаҳои бо гулҳои рангоранг ороёфта, иморатҳои зиёди баландошёна, роҳҳои тахту ҳамвори мошингард, ки бо он корвони мошинҳо беист равон аст, гурӯҳ-гурӯҳ одамон ва ҷавонони хушбахт, ба кор, донишгоҳ, дигар корхонаҳову муассисаҳо мешитобанд, ҳувайдо мегардад.
Ин ҳамаро дида, ёд аз рӯзҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ меояд, ки мардум дар азоб буд. Миллатро парокандагӣ, давлатро нестшавӣ таҳдид мекард. Шукрона, оқибат ақли солим боло гирифта, ҳамаи ин аз Рӯзи фархунда ва муборак, рӯзи деринтизор ва тақдирсоз фаро расида, 16-уми ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар Иҷлосия аз 222 нафар намояндагон 197 нафар дар Иҷлосияи тақдирсоз иштирок намуданд. Иҷлосия 17 рӯз давом кард. Давлати тозаистиқлол давлатро аз парокандагӣ раҳоӣ бахшид, ба мардуми ташнаи сулҳ сулҳ овард.
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои он тақдирсозу муҳим аст, ки дар он масъалаи тасдиқи муқаддасоти миллӣ-Нишони давлатӣ ва Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён гузошта, аз ҷониби вакилон маъқул дониста шуда, тасдиқ гардиданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баъди ба толор ворид намудани Парчам, чунин гуфтанд: “То метавонам, кӯшиш мекунам, ки дар муддати кӯтоҳтарин ба ҷанги бародаркуш хотима бахшам ва он гурезагоне, ки берун аз ватану дур аз хонаву дари хешанд, ба ватан баргардонам, дар Тоҷикистон сулҳу оромиро пойдор намуда, барои рушду инкишофи он саҳмгузор бошам!».
Ба наздикӣ дар яке аз кӯчаҳои гулпӯши шаҳри Душанбе бо собиқ депутати Шӯрои Олӣ Адолат Раҳмонова вохӯрдам. Лаҳзае ёди гузашта, ёди он рӯзҳои пурташвиши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон намудем. Адолат Раҳмонова вакили фаъол, дар лаҳзаҳои зарурӣ ба қавли худ устувор буд, ҷасурона фикрҳои худро иброз медошт.
Рӯзе раиси вилояти Суғд Абдуҷалил Ҳомидов аз пагоҳӣ сухан гирифта ба вакилон муроҷиат карда, чунин гуфт: -Муҳтарам вакилони халқ! Агар хоҳем, ки қарорҳои қабулкардаамон натиҷаи дилхоҳ диҳад, бояд пеш аз ҳама, фикру мушоҳидаҳои қумондонҳои саҳроиро ба эътибор гирем. Қумондонҳо моро ҷонибдорӣ накунанд, ин Иҷлосия ҳам натиҷа намедиҳад. Қарорҳояш ҳам болои коғаз мемонад. Беҳтараш вакилони мардумӣ ба гурӯҳҳо тақсим шуда, ба назди қумондонҳои шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлон, Бадахшон, Ҳисор, Ғарм, рафта, фикру мулоҳизаҳои онҳоро гирифта, баъд ба шаҳри Хуҷанд оянд. Дар Хуҷанд барои вакилони халқ ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Бо ҷойи хоб, хӯроки гарм таъмин карда, минтақаҳои хушманзарро тамошо мекунанд. Баромади раиси вилоятии Суғд Абдуҷалил Ҳомидов аз ҷониби вакилони мардумӣ дастгирӣ наёфт.
-Тамоми орзую умеди мардуми ҷумҳурӣ,-гуфт вакили мардумӣ Адолат Раҳмонова, ба ҳамин Иҷлосия аст. Давлати тоҷикон аз байн рафта, номи Тоҷикистон аз харитаи ҷаҳон хат зада мешавад. Майдони ҳавоии Душанберо ба гарав мегиранд, ба дигар вакилон фишор меоваранд, ки дар Иҷлосия иштирок накунанд. Тоҷикистон ҳамчун давлат аз байн меравад. Ба ҷойи нон хоки сиёҳ мехӯрему Иҷлосияро давом медиҳем.
-Агар мо ба маҳалҳо барои суҳбат бо қумандонҳо равем,-гуфт вакили мардумӣ Ҳикмат Шарипов,-иҷлосия корашро давом дода наметавонад. Зеро вакилонро кумандонҳо гарав гирифта, намегузоранд, ки дигар ба Хуҷанд биёянд. Тамоми халқ аз телевизион моро тамошо доранд. То иҷлосия ба охир нарасад, ба ҳеҷ куҷо намеравем.
Аксарияти вакилони мардумӣ таклиф пешниҳод намуданд, ки Иҷлосия то охир давом кунад, зарурат пайдо шавад, қумондонҳо барои машварат ба иҷлосия даъват карда шаванд.
Гурӯҳҳои мухталиф ҳанӯз ҳам аз ниятҳои нопоки худ даст накашида буданд. Мехостанд, сари қудрат омада, ба сари мардуми азияткашида борони ҷаҳолат резанд. Аксарият талабгори сулҳ, озодӣ, осоиш, ҳаёти орому судманд буданд.
Эмомалӣ Раҳмон, сарвари тозаинтихоби кишвар дар бораи беҳбудӣ, ҳаёти хушбахтонаи одамон, ободии кишвар, ба сафи давлатҳои пешрафтаи дунё баробар гаштани Тоҷикистон андеша менамуд. На танҳо вакилон, ҳамаи сокинони кишвар ба ҳар амали ӯ эътибор дода, боварию эътиқодашон нисбаташ афзоиш меёфт. Як бегоҳ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қарор доданд, ки барои фотеҳа ба сари қабри марҳум Нурулло Ҳувайдуллоев, собиқ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба деҳаи Понғози ноҳияи Ашт, яъне зодгоҳи Нурулло Ҳувайдуллоев раванд. Ӯ дар сари қабри Н. Ҳувайдуллоев иброз дошт, ки қотилонро пайдо хоҳанд кард ва ҳамаи онҳо дар назди қонун, дар назди давлати Тоҷикистон барои қатли бераҳмонаи худ ҷавоб хоҳанд дод.
Ҳамсари шодравон Раъно Ҳувайдуллоева Роҳбари давлатро барои як пиёла чой ба хонаи падари Нурулло Ҳувайдуллоев даъват кард. Сарвари давлат бо ҳисси эҳтиром аз хизматҳои арзандаи Нурулло Ҳувайдуллоев ёдовар шуда, барои хизматҳои шоистааш ба нафъи халқу ватан изҳори сипос намуданд.
Мардуми Понғоз он рӯз аз боби лутфу назокат, меҳру муҳаббат, ҳусну малоҳат, диловарию шуҷоат, кинаю адоват, ифтихору сарфарозӣ, меҳанпарастию ҷоннисорӣ бо ҳарорат ҳарф зада, бори дигар лаҳзаҳои мардонагии ҳамдиёри худ Нурулло Ҳувайдуллоевро ёдрас мешуданд. Мардум аҳсан ба Эмомалӣ Раҳмон мегуфтанд, ки баҳри сулҳ талош меварзад, ба қадри фарзандони фарзонаи миллат мерасад.
Дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олииҷумҳурии Тоҷикистон хиштҳои аввалини сохтмони давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва ягонаи Тоҷикистон гузошта шуда, иқдоми аввалини оштии тарафҳои ба ҳам муқобил ба вуқӯъ пайваст. Он солҳо масъалаи барқарор кардани давлат, таҳкими сулҳу ваҳдат, оромию осоиштагӣ, якдилию ҳамдигарфаҳмӣ ва якпорчагии Тоҷикистон аз зумраи масъалаҳои муҳим ҳисоб меёфт.
Ифтихорманду сарфарозем, ки сарзамини мо тинҷу ором асту халқи азизамон бо оромию осоиштагӣ умр ба сар бурда, аз иқболи баланди худ меболанд, мефахранд, ифтихор мекунанд.
Худо он миллатеро сарварӣ дод,
Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.
Ба он миллат сару коре надорад,
Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.
Б. САЙДАЛИЕВ,
«Хатлон»
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...