Раҳнамои фардои дурахшон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 29 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 1 456
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳнамоест дар роҳи расидан ба ҳадафҳои миллӣ, рушди устувори самтҳои фаъолияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар. Паёми имсолаи Пешвои миллатро аз назари мазмун ва муҳтавои умумӣ маҳаки асосии таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва равандҳои минтақавию ҷаҳонӣ метавон арзёбӣ намуд.
Масъалаи муҳиме ки дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардид, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ аз ҷониби ҳар як насли ҷавон чун омили муҳими сайқал додани дониш ва дараҷаи касбӣ ба шумор рафта, таъкид намуданд, ки имрӯз раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст. Зарур аст, ки барои боз ҳам сайқал додани дониш, маҳорат ва малакаи касбии худ сатҳу сифати таҳсилотро баланд бардошта, дар омода намудани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии миллат, бедор намудани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои дақиқ, риёзӣ, техникӣ, табиӣ, махсусан омӯзиши забонҳои русиву англисӣ диққати аввалиндараҷа зоҳир карда шавад. Бинобар ин, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ новобаста аз шакли таҳсил вазифадор гардиданд, ки барои баланд бардоштани савияи дониш ва касбияти омӯзгорон дар тайёр намудани кадрҳои баландпоя таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд.
Ҳамзамон, дар Паём Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарини таҳкими давлат ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат қарор додаем. Аз ин рӯ, бунёди давлату миллат маҳз аз соҳаи маориф сарчашма гирифта, ғамхорӣ, сармоягузорӣ нисбат ба маорифро барои рушди неруи бузурги инсонӣ ва ояндаи дурахшони Ватан муҳим мешуморем.
Марҷонаи Амон,
дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ
ва забонҳои МДТ Коллеҷи милитсияи ВКД
Муҳаммад Шарифзода,
нозири шуъбачаи ШВКД дар ноҳияи Ҳамадонӣ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...