Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Расидагии раиси вилоят ба арзу матлаби беш аз 20 сокини ноҳияи Восеъ


Расидагии раиси вилоят ба арзу матлаби беш аз 20 сокини ноҳияи Восеъ


 
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода 23 апрел бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти баъзе коргоҳҳои истеҳсолӣ ва қабули сайёри шаҳрвандон ба ноҳияи Восеъ сафари корӣ анҷом доданд.


Нахуст, раиси вилоят бо фаъолияти коргоҳи истеҳсоли мебели оҳанӣ шинос гардиданд. Коргоҳи мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ, эълон гардидани солҳои 2022-2026 - Солҳои рушди саноатӣ дар Ҷамоати шаҳраки “Ҳулбук” ба фаъолият оғоз кардааст.


Соҳибкори маҳаллӣ Султонов Бахтиёри 35-сола молики коргоҳи истеҳсоли мебели оҳанӣ мебошад. Иттилоъ дода шуд, ки коргоҳи мазкур ба истеҳсоли мизу курсии оҳанин машғул буда, иқтидори истеҳсолиаш 6500 дона мизу курсӣ дар як сол мебошад.


Барои бунёди коргоҳи истеҳсолӣ соҳибкор Султонов Бахтиёр тақрибан 90 ҳазор сомонӣ сарф кардааст. Алҳол дар ин ҷо 6 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва то 2500 сомонӣ музди кор таъмин гардидаанд.


Иншооти мазкур дар доираи амалисозии ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат бо мақсади таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди иқтисодиёт ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ивазкунандаи воридот сохта шудааст.


Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ташаббуси соҳибкори маҳаллиро барои ба шуғли доимӣ фаро гирифтани коргарону мутахассисон ва дар ин замина беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карданд.


Сокинони ноҳияи Восеъ метавонанд аз хизматрасонии сатҳи баланди корхонаи истеҳсоли мебели оҳанӣ истифода намоянд.


Бунёди иншооти замонавӣ дар доираи дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соҳибкории хурду миёна сурат гирифта, ба таъмини афзоиши истеҳсоли маҳсулот ва рушди иқтисодӣ мусоидат мекунад.
 
Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Восеъ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз корхонаи истеҳсоли маҳсулотҳои ширӣ ва хӯроки чорво, воқеъ дар шаҳраки Ҳулбук, боздид намуданд.


Корхонаи мазкур, ки иқтидори солонааш истеҳсоли то 30 тонна маҳсулот мебошад, дар доираи Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026 аз тарафи соҳибкор Илҳом Файзуллоев сохта шудааст.


Бинои мазкур бо унсурҳои нави замонавӣ тарҳрезӣ ва сохта шуда, қитъаи масоҳати умумиаш 0,12 гектарро ташкил менамояд. Гирду атроф ва даромадгоҳи он дар ҳаҷми 549 метри мураббаъ сементпӯш карда шуда, барои дар сатҳи баланд хизматрасонӣ намудан ба сокинони ноҳияи Восеъ ва навоҳии акноф омода карда шудааст. 
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи мазкур 5 нафар сокинони маҳал бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин карда мешаванд.


Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода қайд карданд, ки соҳибкории хурду миёна дар пешбурди иқтисодиёти ноҳияи Восеъ нақши асосӣ дошта, яке аз сарчашмаҳои асосии даромади буҷети маҳаллӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад.


Таъкид шуд, ки ноҳияи Восеъ барои рушди соҳаи саноат имкониятҳои ниҳоят фаровон дорад. Дар ҳудуди ноҳия захираҳои зиёди ашёи хом, махсусан, намак ва маҳсулоти кишоварзӣ мавҷуданд.


Бунёди корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ ва ба роҳ мондани коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда мусоидат мекунад ва ба рушди ҳамаҷонибаи ноҳия такони ҷиддӣ мебахшад.
 
Дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Восеъ қабули сайёри шаҳрвандон аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода сурат гирифт.


Беш аз 20 сокини маҳаллӣ, аз ҷумла Муродалӣ Сафаров, Абдураҳим Хоҷаев, Таҳмина Гиёева, Мустафо Садиров, Неъматулло Саидов, Маҳрамбӣ Шарипова, Майдагул Ахмедова, Файзигул Пирматова, Тоҷиддин Абдуллоев, Одинамо Шафиева, Мадхон Шариф, Саидхон Мирзохонов ва дигарон доир ба мушкилоти норасоии оби нӯшокӣ ва полезӣ, мустаҳкам кардани соҳили каналҳои селроҳа, ҷудо кардани замини наздиҳавлигӣ ва хоҷагии деҳқонӣ, дарёфти кумакҳои иҷтимоӣ, таъмири роҳ, мусоидат дар бунёди муассисаи таълимӣ ва кӯдакистон, тоза намудани заҳбурҳо масъалагузорӣ ва дархости кумак карданд.


Раиси вилоят ба масъулини ташкилоту муассисаҳои дахлдори вилоятӣ, минтақавӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ барои расидагии фаврӣ ба арзу матлаби шаҳрвандон дастур доданд.


Дар ин мулоқот қайд гардид, ки мардуми заҳматпешаи ноҳияи Восеъ дар солҳои соҳибистиқлолӣ тамоми саъю талоши худро барои иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат ва Ҳукумати Тоҷикистон равона карда, дар раванди ободониву созандагӣ ва мустаҳкам намудани иқтидори иқтисодии Ватани маҳбубамон то имрӯз саҳми арзанда гузошта истодаанд.


Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Восеъ аз ҳисоби буҷети давлат беш аз як миллиард сомонӣ ҷудо гардидааст.


Ҳамзамон, дар самтҳои дастгирии оилаҳои эҳтиёҷманди ноҳия, таҷдиду муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ, беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, таҷдиди роҳҳои мошингард, рушди соҳаи кишоварзӣ, истифодаи самараноки захираҳои об, инкишофи инфрасохтори деҳот ва самтҳои дигар лоиҳаҳо татбиқ гардидааст.


- Корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи 16,8 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол кардаанд, аммо вазъи соҳа, хусусан, дар самти таъсиси ҷойҳои нави корӣ ҳоло ҳам қонеъкунанда нест, - афзуданд раиси вилоят.


Тавре ки зикр ёфт, ҳоло дар ноҳия 41 корхонаи истеҳсолӣ, аз ҷумла 33 корхонаи саноатӣ дар самтҳои саноати хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмон, саноати сабук ва дигар самтҳои фаъолияти саноатӣ фаъолият мекунанд. Яъне, нишондиҳандаҳои мазкур бо вуҷуди имконияту захираҳои васеи ноҳия дар самти рушди саноат нокифоя мебошанд.


Дар соли 2022 бунёди камаш 6 коргоҳи саноатӣ дар ноҳияи Восеъ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз яктоаш мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.


Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни мулоқот бо шаҳрвандон таъкид намуданд, ки истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда ва таъмин намудани пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоии ноҳия, таъмини иҷрои саривақтии нақшаи даъвати ҷавонон ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, дар баробари заҳмати содиқона ва азму талоши созанда, инчунин, аз ҳисси баланди ватандӯстии ҳар як сокини ноҳия ва қобилияти ташкилотчигии роҳбарон вобаста мебошад.


- Бовар дорам, ки сокинони бонангу номуси ноҳияи Восеъ мисли ҳарвақта дар амалисозии нақшаву барномаҳои созандаи Ҳукумати кишвар саҳми арзишманд мегузоранд ва дар оянда низ барои ободу зебо гардонидани диёри хеш кӯшиш карда, ин гӯшаи Ватани азизамонро ба як мавзеи пешрафта ва ободу зебо табдил медиҳанд, - идома доданд Қурбон Ҳакимзода.
Дар ноҳияи Восеъ барои амалисозии ин ҳадаф ҳамаи шароиту имкониятҳо мавҷуданд.
 
Н. Маъмурзода, 
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода