Мушкили банкоматҳо роҳи ҳал дорад?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Ҳаёти иҷтимоӣ, Боздид 863
Дар ибтидои моҳи апрел маблағ надоштани аксар банкоматҳо боиси нороҳатии сокинону меҳмонони шаҳри Бохтар шуда буд. Оид ба теъдоди ками банкоматҳо дар шаҳри Бохтар, маблағ надоштани банкоматҳо ва навбатпоиҳои муштариён ҷомеаи журналистӣ чандин маротиба тариқи расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ масъалагузорӣ кардааст. Аммо намояндагони бонкҳои дар Тоҷикистон фаъолияткунанда ба мушкилоти ҷойдошта чӣ вокунишҳо нишон додаанд? Чаро то ҳол мушкилоти надоштани маблағ дар банкоматҳо ҳал нашудааст? Агар илоҷи рафъи камбудӣ ин гузаштан ба пардохти низоми ғайринақдист, пас чаро то ҳол ин барнома ба пуррагӣ амалӣ нашудааст? Роҳи ҳалли масъала чист?
БАНКОМАТҲО КАМ МЕШАВАНД?
Масъулини ташкилотҳои қарзии молиявии минтақаи Бохтар дар нишасти хабарии 4-уми феврали соли 2022 ба журналистон иброз дошта буданд, ки “Бо мақсади гузаштан ба низоми пардохти ғайринақдӣ ва кам кардани муомилоти пули нақд дар миёни сокинон, шумораи банкоматҳои маблағдиҳандаро бояд камкунем”.
Аммо ба мушоҳида мерасад, ки муштариён назди банкоматҳо (аксар вақт дар ҳолати ғайрикорӣ низ ҳастанд) ва дохили биноҳои бонк барои гирифтани маблағ соатҳо навбатпоӣ мекунанд. Баъзе ашхоси аз роҳи дуромада бе гирифтани маблағ бозпас ба хонаҳои худ бармегарданд.
Нурмаҳмад Ҷӯрахонов, сокини ноҳияи Кӯшониёнро дар ҳолати саргардонӣ барои ёфтани банкомати пулдор дар назди хобгоҳи Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар, ки як банкомати “Амонатбонк” гузошта шудааст, вохӯрдем. Номбурда дар суҳбат бо мо гуфт: “Банкоматҳо аксар вақт маблағ надоранд. Масъулини бонкҳо мегӯянд, ки маблағ кам аст. Намефаҳмам онҳоро. Хуб мешуд, ки банкоматҳоро сари вақт бо маблағ таъмин намоянд”.
Воқеан, банкомати мазкур, ки дар ҷойи серодам гузошта шудааст, муддатҳост, ки фаъолият намекунад.
Инро метавон аз чанги рӯйи он пай бурд. Ҳатто як нафар омӯзгори ин даргоҳ гапи моро таъйид карда гуфт: “Як моҳ мешавад ин банкомат маблағ надорад”. Магар масъулини бонк ин банкоматро аз ёд баровардаанд? Агар масъулият ҳис мекарданд, банкомате, ки дар наздикии макони кориашон аст (рафтан ба онҷо 5 дақиқа вақтро намегирад), рафта онро аз назар мегузаронданд.
Гулмаҳмад Тағоев, муовини мудири Филиали бонки миллии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” дар шаҳри Бохтар, дар суҳбат бо рӯзномаи “Хатлон” сабаби танбашавии одамонро дар назди банкоматҳо чунин шарҳ дод: “Гап дар он аст, ки ҳам маблағи музди меҳнат ва ҳам маблағи нафақа дар як вақт ба суратҳисобҳо мегузаранд. Ин ҳолат боиси танбашавӣ дар назди банкоматҳо мегардад. Хуб мешуд, ки маблағи нафақа то рӯзи 15 - ум ва маблағи музди меҳнат то 30-юми ҳар моҳ гузаронида шавад”.
ДАР “МЕҲМОНӢ”-И БАНКОМАТҲОИ ШАҲРИ БОХТАР
Тайи чанд рӯзе, ки мо дар макони банкоматҳои шаҳри Бохтар мушоҳида бурдем, онҳо дар ҳолати ғайрикорӣ ё дар вазъи танбашавии бешумори одамон қарор доштанд.
5 апрели соли равон банкомати “Амонатбонк”-и назди театри лӯхтаки шаҳри Бохтарро хабар гирифтем, ки фаъол буд, аммо ҳангоми маблағгирӣ дар рӯйи экрани он ҳар замон чунин навиштаҷот пайдо мешуд: “Дар банкомат маблағ мавҷуд нест”.
Сокини шаҳри Бохтар Саъдулло Турсунов чунин пешниҳод дорад: “Барои рафъи ин мушкилӣ бояд шумораи банкоматҳоро зиёд кунанд. Инчунин, дар дохили бонк 2-3 касса ҷудо кунанд”.
Дар ҳамин ҳол, ин вазъ дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси тундеро ба бор овардааст. Самандар Раҷабализода, сокини шаҳри Бохтар, ҳангоми гирифтани маблағ ба мушкилот рӯ ба рӯ шуда, дар саҳифаи фейсбукии худ навиштааст: “Барои ҳамин теъдоди мизоҷон (ки беш аз 20 нафар дар навбат истодаанд) танҳо як хазина хизматрасонӣ намуда истодааст. Намедонам барои чӣ масъулин чора намеандешанд ва ё ин мушкилоти ҷомеаро “гӯё”, ки намебинанд?!”.
Мавсуф илова карда мегӯяд, ки дар аввали моҳи апрел баъди гузаштани маош 3 рӯз маблағ кофтааст ва билохира бо “навбатпоӣ”-и дарозмуддат тавонист маошашро аз корти бонкиаш бигирад.
Дар воқеъ, рӯзҳое буданд, ки ҳамаи банкоматҳо дар ҳолати ғайрикорӣ ва ё бе маблағ қарор доштанд. Аммо аз чӣ сабаб бошад, ки масъулини бонк ба ин мушкилот бетаваҷҷуҳан ва сару садоҳо ва шикояти муштариёнашонро нодида мегиранд?
МАСЪУЛИНИ СОҲА ЧӢ МЕГӮЯНД?
Ҷалолиддин Қурбонов, сардори шуъбаи муомилоти пулии Бонки миллии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, мегӯяд, ки барои рафъи танбашавии аҳолӣ дар назди банкоматҳо бояд ҳар чӣ зудтар ба низоми пардохти ғайринақдӣ гузашт. Дар сурати нагузаштан ба ин низом, вазъи имрӯза метавонад, солҳои зиёд давом кунад.
-Дар сурати гузаштан ба низоми пардохти ғайринақдӣ ин мушкилӣ роҳи ҳалли худро меёбад ва ё баръакс, агар ҳар қадар шумораи банкоматҳоро зиёд намоем, мушкилӣ дубора меафзояд. Яъне боз танбашавӣ дар назди банкоматҳо ва бо маблағ таъмин намудани онҳо ҳам вақти зиёдро мегирад.
ЧАРО МАҲЗ “АМОНАТБОНК” ДУЧОРИ ИН МУШКИЛОТ МЕГАРДАД?
Ба ин суол Ҷалолиддин Қурбонов чунин посух дод: “Аз якум то 8 апрели соли ҷорӣ ба миқдори 62 миллион сомонӣ дархости ташкилотҳои қарзӣ таъмин карда шудааст. Аз ҳамин миқдор 75 дарсади ин мабалағро “Амонатбонк” гирифтааст, 13 дарсад “Бонки Эсхата”, 7 дарсади дигар “Аввалин ташкилоти қарзии хурд” ва 5 дарсади дигарро ташкилоти “Ҳумо” дастрас кардааст. Бинед, бо вуҷуди он ки 75 фоизи маблағро “Амонатбонк” дархост кардааст, вале мушкилӣ боз ҳам дар бонки мазкур аст”.
Ба гуфти ӯ, дигар банкомати бонкҳо ба мисли “Амонатбонк” чунин мушкилоти ҷиддӣ надоранд ва дар сурати пайдо шудани чунин мушкилот аз ҷониби бонкҳо таъҷилӣ бартараф карда мешавад. Аммо тибқи мушоҳида ва таҳлилҳои мо банкоматҳои дигар бонкҳо низ баъзан вақт гирифтори ин “беморӣ”-мешаванд.
“3 РӮЗ МЕШАВАД, КИ МАБЛАҒ МЕКОБАМ”
Абдуғаффор Усмонов, донишҷӯ, муштарии бонки “Душанбе-ситӣ” аст. Чанд рӯз барои гирифтани маблағ тариқи банкомати “Душанбе-ситӣ” ба мушкилот рӯ ба рӯ шудааст. Номбурда дар суҳбат бо мо гуфт: “Чанд банкоматро дидам, вале маблағ надоштанд. Махсусан, банкомати “Душанбе-ситӣ”. Хонаводаам ӯ маблағи муайяне барои шартномаи донишгоҳ ва таъминоти рӯзгор фиристоданд. Аммо 3 рӯз мешавад, ки онро гирифта наметавонам, чунки банкоматҳои бонкҳо маблағ надоранд”.
Рӯзи 8 апрели соли равон зимни мушоҳидаҳо маълум гардид, ду банкомати “Душанбе-ситӣ” дар ҳоли ғайрикорӣ буданд. Танбашавии зиёди одамон бошад, дар назди банкоматҳои “Спитаменбонк” ва “Эсхата” баръало ба чашм мерасид. Маълум аст, ки қисмате аз онҳо муштарии “Амонатбонк” буда, розиянд, ки бо пардохти фоизи муайян маблағашонро гиранд. Одамони зиёд дар ҳавои гарм пушти банкоматҳо соатҳо навбатпоӣ мекарданд ва ҳатто баъзеашон бе гирифтани маблағ ошуфтаҳолона сӯйи хонаҳои худ бармегаштанд.
БА КӢ БОВАР КУНЕМ?
Гулмаҳмад Тағоев, намояндаи “Амонатбонк”, мегӯяд, ки ҷиҳати фаъолияти мунтазам доштани банкоматҳо ба Бонки миллӣ муроҷиат кунед. Аммо масъулини Бонки миллӣ сабаби ба ин мушкилот дучор шудани «Амонатбонк»- ро ба он рабт дод, ки онҳо бештар ба Бонки миллӣ такя намуда, ба бонки марказии худ, ки дар шаҳри Душанбе аст, дархост намефиристанд. Ба гуфти масъулин, ин дар ҳолест, ки дар хазинаи “Амонатбонк” маблағи кифояткунанда мавҷуд аст. Дар сурате Бонки миллӣ дархости бонкҳоро оид ба таъмини маблағ қабул мекунад, ки дар бонки асосиашон маблағ камтар аст.
Зеро вазифаи Бонки миллӣ дар вазъи муътадил нигоҳ доштани маблағи муайяни бонкҳост. Пас, маълум мегардад, ки масъулини “Амонатбонк” низоми худтаъминкунии маблағро риоя намекунанд.
КОРШИНОСОН ЧӢ МЕГӮЯНД?
Коршиносон бар онанд, ки барои ҳалли муаммо дар умум, бояд ҳама ҷонибҳо-бонкҳои тиҷоратӣ, соҳибкорон ва истеъмолкунандагон ҳавасмандӣ дошта бошанд.
-Ҷанбаи дигар, омили равонист. Зеро пас аз варшикастагии бонкҳои азими ҷумҳурӣ, раванди бозгардонии боварии мардум ба низоми бонкӣ ҳам фурсат металабад ва ҳам кори шабонарӯзӣ.
Ва ин кори осон нест. Мардум дар ин бонкҳо маблағҳои ҳам музди меҳнат, ҳам пасандоз, ҳам бақияи суратҳисобҳои корхонаҳои худро ғайринақдӣ (!!!) нигоҳ медоштанд. Аммо чун пурраву безарар гирифта натавонистанд, имрӯз ҳамин, ки пул ба суратҳисоб ворид шуд, даррав нақд мегиранд,-гуфт дар суҳбат Умед Давлатзод, коршиноси масоили иқтисодӣ.
Ба таҳлили коршиносон, ягона роҳи ҳал ин гузаштан ба низоми пардохти ғайринақдӣ буда, аз ҳар як шаҳрванд маданияти дурусти истифодаи онро талаб мекунад. Агар тамоми марказҳои хизматрасонӣ (ба истиснои савдои кӯчагӣ) ба низоми пардохти ғайринақдӣ гузаранд, то ҷое ин мушкилот бартараф мешавад.
Дилшод Мирзоев, иҷрокунандаи вазифаи директори яке аз филиалҳои бонки “Эсхата” дар шаҳри Бохтар, дар суҳбат бо рӯзномаи “Хатлон” чунин гуфт: “Дар беш аз 50 маркази хизматрасонӣ пардохтҳои ғайринақдӣ аз ҷониби бонки “Эсхата” ба роҳ монда шудааст. Он тариқи барномаи “Эсхата-онлайн” дар марказҳои савдо, нуқтаҳои сӯзишворӣ, тарабхонаҳо ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ баробари рӯбардор (сканер) кардани QR-код пардохт карда мешавад”.
БОНКИ ЭСХАТА: “ИНТИҚОЛИ МАБЛАҒ АФЗОИШ ЁФТААСТ”
Масъулини ҶСК “Бонки Эсхата” сабаби танбашавӣ дар назди банкоматҳо ва талабот ба зиёдшавии пули нақдро чунин шарҳ медиҳад: “Имрӯз афзоиши якбораи ҳаҷми интиқоли пул ба мушоҳида мерасад. Муҳоҷирони корӣ ба Тоҷикистон маблағҳои қаблан ҷамъшударо фаъолона ирсол карданд, ки дар натиҷа ҳаҷми миёнаи якрӯзаи интиқоли пул ба Бонки Эсхата нисбат ба охири моҳи феврал 4,5 баробар афзуд. Илова бар ин, корхонаҳо дар аввал ва охири моҳ ба коргарони худ маош медиҳанд, ки ин ҳам бори гарони бонкҳоро дар таъмини шаҳрвандон бо пули нақд зиёд мекунад”.
Ҳамчунин масъулони бонки «Эсхата» омили мавҷуд будани инмушкилотро дар риоя накардани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ медонанд, ки он дар Тоҷикистон хеле паст аст.
Тибқи маълумоти омории Бонки миллии Тоҷикистон ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 10 фоизро ташкил дода, 90 дарсади дигар тариқи истифодаи нақдӣ сурат мегирад, ки ба таъмини банкоматҳо ва шабакаи филиалҳои ташкилотҳои қарзӣ бо пули нақд низ таъсир мерасонад.
ДАР ХОТИР ДОШТА БОШЕД!
Мутахассисони соҳаи бонкдорӣ мегӯянд, ки вақте ба низоми пардохти ғайринақдӣ мегузарем, пеш аз ҳама, вақт сарфа шуда, дар як лаҳза чанд корро метавон тариқи кортҳои онлайнӣ анҷом дод. Яъне мо метавонем аз ҷойи нишаст пардохтҳои коммуналӣ, барқу об, партов, хизматрасониҳои интернетӣ, пардохти хизматрасониҳои таксӣ, кортҳо, интиқоли маблағ, эълонҳо, пардохти хизматрасониҳои давлатӣ ва дигар пардохтҳоро анҷом диҳем.
-Дар сурати ба нафаре маблағ интиқол намудан, шумо метавонед аз барномаҳое, ки бонкҳо таъсис додаанд, ба мисли “Эсхата-онлайн” истифода намуда, бе ягон навбатпоӣ кори хешро анҷом диҳед. Мардум бояд дуруст дарк кунанд, ки низоми пардохти ғайринақдӣ ин, пеш аз ҳама, кори ҳамаи моро осон карда, коррупсия, навбатпоӣ дар назди банкоматҳоро аз байн мебарад,-иброз дошт Дилшод Мирзоев, намояндаи бонки “Эсхата” дар шаҳри Бохтар.
То кадом андоза интизориҳои коршиносон ва сокинонро масъулини бонкҳо бароварда месозанд, вақт нишон медиҳад.
Фирдавс УМАРОВ,
Набиҷони САИДАБРОР,
Аҳадуллои МИРЗОАЛӢ,
“Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...