Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Панҷ. Бунёди 4 корхона дар як сол


Панҷ. Бунёди 4 корхона дар як сол



- Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Панҷ дар соли 2021 ба 116 миллиону 124,1 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,1 миллион сомонӣ зиёд, ё суръати афзоиш мувофиқи индекси нарх 9,5 фоизро ташкил медиҳад, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ З. Шоҳиён, раиси ноҳияи Панҷ. - Дар ноҳия 11 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд, ки ба истеҳсоли зиёда аз 20 намуд маҳсулоти саноатӣ машғул мебошанд. Дар ин давра 4 корхонаи саноатӣ бо таъсиси 38 ҷойи кории нав мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2021-ум ба 895,1 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2020-ум 30,8 миллион сомонӣ зиёд, ё суръати афзоиш 3,6 фоизро ташкил медиҳад.

- Кишоварзони ноҳия соли 2021 дар майдони 19807 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронидаанд, ки нисбат ба соли 2020-ум 430 гектар зиёд ё 102,1 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад. Аз ҷумла, кишти ғалладонагиҳо дар майдони 5929 гектар, маккаи дон 526 гектар, зироатҳои техникӣ 6872 гектар, аз ҷумла пахта 6404 гектар, хӯроки чорво 2838 гектар, картошка 1004 гектар, кишти сабзавот дар майдони 1012 гектар гузаронида шудааст, ки 360 гектари онро пиёз ташкил медиҳад, - изҳор дошт раиси ноҳия.

Соли 2021 содироти маҳсулоти кишоварзӣ мувофиқи дурнамо 2260 тоннаро ташкил медод ва ба ҳолати 1 октябри соли 2021 ба хориҷи кишвар дар ҳаҷми 2478,8 тонна сабзавоту меваҷот содирот карда шудааст, ки 109,7 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад. Ба қавли раиси ноҳия, дар ин давра 12 ярмаркаи ҷойҳои корӣ бо пешниҳоди 88 ҷойи кории холӣ гузаронида шуда, дар онҳо 45 корхона ва 257 корҷӯй иштирок намуданд.

Аз ин 193 нафар ба ҷойи кор роҳхат гирифта, бо кор таъмин шуданд ва 185 нафар ба касбомӯзӣ роҳхат гирифта, 55 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар шуданд. Барои рушди соҳибкории шахсони бекор ба 35 нафар ба маблағи 107,7 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шудааст.

Н. Маъмурзода, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода