Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Вахш: 68 медал аз мусобиқаҳои варзишӣ


Вахш: 68 медал аз мусобиқаҳои варзишӣ



Масъалаи муроҷиати шаҳрвандон ва бароварда сохтани дархости онҳо аз тарафи раиси ноҳия ва дигар муовинон мавриди суолгузории рӯзноманигорон дар нишасти хабарии раиси ноҳияи Вахш қарор гирифт. Инчунин, дар ин раванд, вобаста ба аризаҳои воридгардида оид ба ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, вазъияти беморхонаи сили ноҳия ва бунгоҳи тиббӣ надоштани ҷамоати деҳоти «Машъал»-и ноҳия, амалишавии лоиҳаҳои давлатӣ, барқарор намудани боғи фарҳангӣ, кам будани ҳаммом дар ноҳия суолҳо пешниҳод гардиданд.

Раиси ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Юсупов зимни баромади худ изҳор дошт, ки дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ 106,7 фоиз таъмин гардид. Ин 1 миллиарду 195,5 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2020- ум ба маблағи 75,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бошад, ба беш аз 216 миллион сомонӣ расонида шуд. Хизматрасонии пулакӣ ба маблағи 108 миллиону 268,6 ҳазор сомонӣ расонида шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2021-ум корҳои сохтмонӣ ва васлгарӣ ба маблағи 52 миллиону 127,4 ҳазор сомонӣ иҷро шуд, ки ин нисбати соли 2020-ум ба маблағи 706,8 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дастгириҳои давлатӣ ба соҳибкорон назаррас мебошад. Ин аст, ки соҳибкорон дар корҳои ободониву бунёдкорӣ саҳми худро мегузоранд. Масалан, дар Ҷамоати деҳоти «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» корхонаи нассоҷӣ бо арзиши умумии 5 миллион доллари амрикоӣ барои 400 ҷойи корӣ бунёд гардида, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар ноҳия 272 чорабинии варзишиву фарҳангӣ ва 145 вохӯриву мулоқотҳо баргузор гардиданд. Теъдоди умумии майдончаҳои варзишӣ ба 93 адад расонида шуд. варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои варзишӣ бошад, 18 ҷойи аввал, 20 ҷойи дуюм ва 30 ҷойи сеюмро ишғол намуда, 18 медали тилло, 20 медали нуқра ва 30 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар рафти нишасти хабарӣ намояндагони васоити ахбори омма ба масъалаҳои вазъи тутзорҳои ноҳия, вокуниш ба маводҳои таҳлиливу танқидӣ аз тарафи раиси ноҳия, ҷудошавии оилаҳо, ҳавасмандгардонии ғолибони озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст...”, дастгирӣ нисбати даъватшавандагон аз тарафи мақомоти маҳаллӣ ва набудани канализатсия дар маркази ноҳия таваҷҷуҳ намуданд. Ба ҳамаи суолҳои рӯзноманигорон ҷавобҳои қонеъкунанда гардонида шуд.

С. АЗИЗЗОДА, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода