Маъракаи ниҳолшинонӣ бо иштироки раиси вилоят
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / 90-солагӣ / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 1 652
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни боздиди худ аз Боғи фарҳангиву фароғатии шаҳри Левакант дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуданд.
Дар боғи мазкур 2582 дарахт нашъунамо дошта, аз онҳо 2000 арчаи ороишӣ, 1413 дарахти сояафканро дар бар мегирад.
Инчунин, ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки дар боғ 2600 адад гули садбарг, 6500 қаламчаи гули садбарг, 300 дона гули наргис, 2500 дона гули лола, 300 дона гули шому саҳар, 260 дона гули юка ва 1500 дона дигар намуди гулҳои мавсимӣ шинонида шудаанд.
Қобили зикр аст, ки боғи фарҳангиву фароғатии шаҳри Левакант соли 1972 таъсис ёфтааст.
Масоҳати Боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Левакант 10,0 га-ро ташкил дода, аз он ҷумла 4,8 гектар майдони боғу майсазоркунӣ, 0,5 гектар майдони Парчами миллӣ, 3 гектар майдони варзишии шаҳр ва дар боқимонда заминҳо Қасри фарҳанг, маҷмааи ёдгорӣ, ду майдончаи бозии кӯдакона, қаҳвахона, ҳоҷатхона, ду соябони замонавӣ, 8 намуди арғунчаку таҷҳизот барои бозии кӯдакон ва роҳравҳоро дар бар мегирад.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба масъулон вобаста ба вусъати корҳои хуррамгардонӣ, шинонидани дарахтони ороишӣ, чароғонкунӣ, ташкили шароити мусоид дар боғ барои истироҳати сокинону меҳмонон дастуру тавсияҳои судманд доданд.
http://khatlon-ruznoma.tj