Боздиди раиси вилоят аз боғу токзори хоҷагии “Асадулло”
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 02 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 1 044
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Хуросон дар хоҷагии фермерии “Асадулло” аз қитъаи боғу токзори нав дидан карда, дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуданд.
Сараввал раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо хоҷагидорон машварат ороста, доир ба интихоби ниҳолони хушсифат ва риояи қоидаҳои ҳатмии боғдорӣ, шинонидани ниҳолони дарахтони мевадиҳанда изҳори назар карданд. Хоҷагии фермерии “Асадулло” дар деҳоти Фахробод аз калонтарин хоҷагиҳои кишоварзӣ маҳсуб ёфта, дорои 14 ҳазору 820 гектар замин мебошад ва он соли 2009 ташкил шудааст. Дар ин хоҷагии фермерӣ давоми шаш соли охир беш аз 1700 гектар боғу токзори нав бунёд гардидааст. Самти асосии фаъолияти хоҷагӣ боғдорӣ мебошад ва аз миқдори умумии майдони боғот 116 гектарашро боғи интенсивӣ дар бар мегирад.
Дар хоҷагӣ парвариши хуби дарахтони мевадиҳандаи ба содирот нигаронидашудаи себи биҳӣ, нок, олу, зардолу, гелос, бодом, анҷир, чормағз, челон, анор, тут ва лимӯ ба роҳ монда шудааст. Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки тибқи нақша, имсол бояд дар ин хоҷагӣ дар майдони 22 гектар боғи себу олу ва 15 гектар токзори нав ташкил карда шавад. Рӯзи 28 январ бошад, дар масоҳати 4 гектар боғи олуи сиёҳ ва 2 гектар ангурбоғ бунёд карда шуд. Ниҳолони боғи навбунёд дорои сертификат буда, тавассути қувваи техникаи соҳа ва боғпарварони хоҷагӣ бо риояи тавсияҳои мутахассисон шинонида шуд. Дар ҳоли ҳозир дар хоҷагии мазкур 32 намуди себ, се намуд олу, нок, нашпотӣ, чормағз, челон ва дигар намуди дарахтони мевадиҳанда парвариш карда шуда, ҳосили фаровон ба даст оварда мешавад.
Мавриди зикр аст, ки аксари меваҳои ин боғҳо, аз ҷумла себ, олуи сиёҳ ва ангур ба содирот нигаронида шудааст ва маҳсулот асосан ба шаҳрҳои Федератсияи Россия фиристода мешавад. Дар Хоҷагии фермерии “Асадулло” барои беталаф нигоҳ доштани меваҷот се сардхона бо иқтидори 60 тонна бунёд карда шудааст. Бунёди боғҳои наву барқарор кардани боғҳои куҳна дар доираи татбиқи “Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 - 2020” амалӣ шуда, ин тадбир омили муҳими расидан ба яке аз ҳадафҳои асосию стратегӣ - таъмини амнияти озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ ва бо ин роҳ мусоидат ба беҳдошти сатҳи иқтисодию иҷтимоии зиндагии аҳолӣ мебошад.
Комёбии худро боғдорони хоҷагӣ аз ҳидоятҳои неки Сарвари давлат медонанд, зеро зимни ҳар як сафар Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба боғдорон барои парваришу нигоҳубини зарурии боғҳо, истифодаи самараноки сардхонаҳо ва содироти маҳсулот маслиҳатҳои муфид медиҳанд. Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, ҳамчунин аз раванди башаклдарорӣ ва иҷрои қоидаҳои агротехникии боғот дар давраи зимистон шинос гардида, ҷиҳати рушди минбаъдаи кори боғдорӣ ба аҳли заҳмати Хоҷагии фермерии “Асадулло”-и ноҳияи Хуросон муваффақият таманно намуданд. Боғдорони хоҷагӣ ба истифодаи самараноки ҳар як қитъа замин, афзун намудани ҳаҷми содироти меваҷот ба хориҷи мамлакат ва вусъати корҳои созандагию ободонӣ даъват карда шуданд.
Қобили зикр аст, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори охир 29 октябри соли 2021 аз мавзеи Фахробод, ки бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат ба як мавзеи зебову ҳосилхез табдил ёфтааст, боздид ба амал оварда буданд. Ноҳияи Хуросон яке аз минтақаҳои калони аграрии вилояти Хатлон маҳсуб ёфта, дар ноҳия ба ҳолати имрӯза 3300 гектар боғ мавҷуд аст, ки аз ин 800 гектар боғи куҳнаи барқароршуда мебошад.
http://khatlon-ruznoma.tj/