Пасандози пулии аҳолӣ беш аз 10 миллиард сомониро ташкил дод
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Хабарҳо, Боздид 857
Ҳаҷми пасандози пулии аҳолӣ агар дар соли 2000-ум ҳамагӣ 93 миллион сомониро ташкил дода бошад, дар соли 2021 он беш аз 10 миллиард сомониро ташкил дод.
Танҳо саршумори чорвои хусусӣ дар дасти аҳолӣ беш аз 8 миллион сарро ташкил медиҳад.
- Худованд дороиҳои мардуми Тоҷикистонро аз ин зиёда гардонад, - таманно дошт Преиденти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми имсола. - Аммо набояд сарфакорию истифодаи оқилонаи маблағҳоро фаромӯш кунем.