Боздид аз корхонаи хурди истеҳсолӣ ва сардхона
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 923
Имрӯз дар доираи сафари корӣ муовини раиси вилояти Хатлон Файзуллозода Заробиддин дар ноҳияи Дӯстӣ аз фаъолияти корхонаи хурди истеҳсолӣ ва сардхона дидан намуд.
Тибқи иттилои масъулин, корхонаи хурди истеҳсоли равғани растанӣ, собун, маҳсулоти пластикӣ, истеҳсоли линга ва сардхона воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл бо ташаббуси ҶДММ “Ганҷи Деҳа” бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи қоидаҳои меъморӣ сохта шуда истодаааст.
Масоҳати умумии коргоҳ 7700 метри мураббаъ буда, маблағи умумии сохтмон 350 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Барои харидори намудани таҷҳизот барои корхона 200 ҳазор пешбинӣ гардидааст. Корхона бо назардошти талаботи аҳолӣ - маводи хӯрока, либос ва асбобҳои рӯзгордорӣ бунёд гардида, 20 нафар шаҳрвандони деҳаи мазкур метавонанд, бо ҷойи кори доимӣ таъмин гарданд.
Ф. Давлат, “Хатлон”