Дӯстӣ. Аёдати собиқадоронӣ меҳнат
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 802
Муовини раиси вилояти Хатлон Файзуллозода Заробиддин дар ноҳияи Дӯстӣ барои аёдат ба хонаи собиқадори меҳнат Бекмуратов Алтӣ омад.
Бекмуратов Алтӣ 15 феврали соли 1950 дар ноҳияи Ҷайҳун таваллуд шуда, миллаташ туркмен, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1975 Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанберо бо ихтисоси омӯзгори фанни математика хатм намудааст.
Ин меҳтари меҳнат аз 1975 то соли 1980 омӯзгори фанни математика дар МТМУ №10-и ноҳияи Дӯстӣ, солҳои 1980-1984 Директори литсей-касби техникии №15-и ноҳияи Дӯстӣ, солҳои 1984-1989 корманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ, солҳои 1989-1996 муовини раиси ҷамоати деҳоти Г. Гулмуродови ноҳияи Дӯстӣ ва солҳои 1996-2016 ҷонишини директори мамнуъгоҳи “Бешаи Палангон”-и ноҳияи Дӯстӣ фаъолият кардааст. Ҳамзамон, заҳматҳояш бо Ифтихорнома ва Сипоснома қадрдонӣ карда шудааст.
Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳия муовини раиси вилояти Хатлон Файзуллозода Заробиддин собиқадори меҳнат Аҳророва Хурсандро аёдат намуд.
Аҳророва Хурсанд 69– сола буда, соли 1952 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1974 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисосаи рӯзноманигор хатм кардааст. Солҳои 1974-1980 ба ҳайси рӯзноманигор дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” солҳои 1980-1983 ба ҳайси рӯзноманигор дар рӯзномаи “Байрақи коммунизм” дар ноҳияи Дӯстӣ, солҳои 1983-2012 мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрванди дар ноҳияи Дӯстӣ фаъолият намудааст. Айни замон нафақахӯр буда, барои хизматҳои шоён аз тарафи Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорнома ва Сипоснома сарфароз гардонида шудааст.
Ф. Давлат, “Хатлон”