Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Зидди амалҳои коррупсионӣ дастаҷамъона мубориза бурд


Зидди амалҳои коррупсионӣ дастаҷамъона мубориза бурд




Дар бинои Кохи фарҳанг ва иттилооти шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия чорабинӣ доир гардид, ки дар он масъалаҳои муҳим мавриди баррасии аҳли толор  қарор гирифтанд.

Дар чорабинии мазкур муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, сардори Раёсати назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон генерал-майори адлия Карим Иброҳимзода ва роҳбарони якчанд ташкилоту идораҳои марбута ширкат доштанд.

Нахуст, рардори раёсати болозикр Карим Иброҳимзода ба сухан баромада, коррупсияро ҳамчун яке аз мушкилоти печида ва мубрами ҷомеаи имрӯза дониста, дар тамоми соҳаи давлатдорӣ монеаи рушд ва ташаккули алоқаи ҷамъиятӣ гаштааст.

Ҳамчунин, дар ин рӯза чорабинӣ муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ ба сухан баромада, коррупсия ҳамчун омили таъсиррасон ва эътибори кишвар дар назди ҷомеа шинохта шуда, ҷиҳати пешгирии он дар вилояти Хатлон чораҳои судманд амалӣ гардида истодаанд.  

-Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон узви шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ қабул шуда, вобаста ба пешгирии амалҳои коррупсионидошта дар ин самт иқдомоти зиёдеро амалӣ намуда истодаанд. Баргузории чунин чорабиниҳо аз як тараф барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат кунад аз тарафи дигар дар самти амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи муқовимат бо коррупсия” нақши созгор гузошта истодааст,-зимни баромади хеш иброз дошт Фирӯза Шарифӣ.

Дар рафти ҳамоиши мазкур масъалаҳои криминализатсия ва декриминализатсияи коррупсия ҳамчун чораи муқовимат бо коррупсия, сиёсати ҳуқуқӣ дар самти муқовимат бо коррупсия, пешгирӣ ва чораандешӣ бар зидди амалҳои коррупсиноӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Фирдавс УМАРОВ, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода