Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » «Хатлон» - инъкосгари ҳаёт


«Хатлон» - инъкосгари ҳаёт



Ҷашни хуҷастаи 90-умин солгарди таъсисёбии рӯзномаи “Хатлон”- нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои аҳли ВАО ва матбуоти тоҷик санаи фараҳбахш маҳсуб меёбад.
 
Нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон -рӯзномаи «Хатлон» яке аз куҳантарин нашрияҳо дар байни расонаҳои чопии маҳаллӣ ва миқёси Тоҷикистон мебошад ва баргузории чунин як солгарди пурифтихор аз он гувоҳӣ медиҳад. Рӯзнома дар давоми тамоми ин солҳо вазифаи муҳимтаринро бошарафона иҷро мекунад, яъне сокинонро аз воқеаҳои асосии ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодӣ ва мадании мамлакат, шаҳру ноҳияҳои вилоят воқиф менамояд.

Солҳои зиёд рӯзнома тавонист ҳамчун воқеанигори вақт ва албатта, саривақтӣ боқӣ монад: ба таври фаврӣ дар он қариб ҳар рӯз аз рӯйдодҳои асосии ҳаёти кишвар, шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, дар бораи шахсоне хабар дода мешавад, ки меҳнату истеъдоди онҳо боиси ифтихору сарфарозӣ аст. Шояд сирри дарозумрии рӯзнома маҳз дар ҳамин бошад. Рӯзномаи «Хатлон» ҳамеша ба анъанаҳои беҳтарини журналистикаи ватанӣ, ки мақсад аз он пешбурди сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амалишавии он дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, дар шуури ҷамъият ҷой намудани идеалҳои некӣ ва адолат ҳаст, буд ва мемонад.

Онҳо бо меҳнати худ ба тараққиёти минбаъдаи мамлакатамон ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳиссаи калон мегузоранд. 90-умин солгарди рӯзномаи «Хатлон» на танҳо барои ҳайати таҳририя ва ҳамаи онҳое, ки дар эҷоди рӯзнома заҳмат мекашанд, балки барои ҳар яки мо ҷашни пурарзиш аст.

Бигзор, рӯзномаи «Хатлон» ҳамеша рӯзномаи серталаб ва маҳбуби хонандагонаш бошад!

Маҳбуба Камолова,
сармуҳаррири рӯзномаи «Народная газета»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода