Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » 90 соли рушд муборак!


90 соли рушд муборак!



Матбуот моҳиятан оинаест, ки дар он рӯйдодҳои муҳими давру замон инъикос мешаванд. Таърихи корнамоиҳои вақтро аз саҳифаҳои рӯзнома метавон дарёфт кард. 

Рӯзноманигорон дар як вақт ба кори тарғибу ташвиқи ғояҳои давлатдориву миллатсозӣ машғул шуда, ҳамзамон солномаи рӯйдодҳои таърихиро менависанд. Ва хидмати бузуги иҷтимоиро ба ҷо меоваранд. Дар баробари ин мужда ва хабарҳои тозаро сари вақт ба муштариён ва кулли мардум мерасонанд.

Ҷомеи мутамаддин дар такя ба кори матбуот ва ташвиқу тарғиб ҳамқадам бо замон пеш меравад. Аз рӯзи нахустини нашри рӯзномаи «Хатлон» мо мебинем, ки нашрия новобаста ба вақту замон ва шароит нашр гардида, хабарнигорони он рисолати таърихии худро содиқона иҷро кардаанд.

Таърихи пуршарафи рӯзномаи «Хатлон» далолат мекунад, ки он ҳамеша мактаби тарбияи кадрҳои миллӣ, эҷодкорони хушсалиқа будааст.

Ҳамчун минбари эҷодкорони вилоят кору пайкори рӯзноманигорони "Хатлон» барои кормандони рӯзномаҳои шаҳриву ноҳиявӣ мактаби сайқали маҳорат мебошад.

Зимнан бояд қайд намуд, ки ҳамеша бо роҳбарият ва кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҳамкории судманд дорад, ки самараҳои ин ҳамкорӣ дар пешрафти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ба назар мерасанд.

Ин нашрияи бонуфуз дар мавридҳои зарурӣ маводҳои таҳлиливу тарғиботии вилоятро нашр намуда, пайванди байни идораҳои давлати ва мардумро қавитар мегардонад.

Рисолати тарғиби фарҳанг, анъанаҳо, забони миллиро нашрияи «Хатлон» 90-сол боз дар назди халқу Ватан иҷро намуда истодааст.

Дар замони соҳибистиқлолӣ бошад, ин нашрия дар сафи пеши рӯзноманигории вилоят қадам зада, дар тарғиби манфиатҳои милливу давлатӣ, ҳамчунин дар таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши бориз дорад.

Дар ин солҳо аз нигоҳи сабку услуби нигориш низ рӯзномаи мазкур пеш рафта, бо беҳтарин рӯзномаҳои мамлакат дар як саф меистад.

Навад соли рушд муборак, қаламкашон рӯзномаи «Хатлон»!

Таманно мекунам, ки суханатон гиро, забонатон гӯё, ҳарфатон нишонрас бошад. Ва ин рӯзномаи бисёр ҳам хонданӣ садсолаҳои дигар ба ин миллату ин ватан содиқона хидмат намояд.

Бахтиёр Назарзода,
и.в. раиси шаҳри Кӯлоб

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода