Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ифтитоҳи Хоҷагии моҳипарварии “Фалҳобод” ва истироҳатгоҳ дар деҳаи Вахши деҳоти “Ваҳдат” -и шаҳри Левакант


Ифтитоҳи Хоҷагии моҳипарварии “Фалҳобод” ва истироҳатгоҳ дар деҳаи Вахши деҳоти “Ваҳдат” -и шаҳри Левакант



27 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Хатлон Хоҷагии моҳипарварии “Фалҳобод” ва истироҳатгоҳ дар деҳаи Вахши деҳоти “Ваҳдат” -и шаҳри Левакантро, ки ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд шудааст, мавриди истифода қарор доданд.


Иншооти мазкур аз ҷониби сокини ватандӯсти вилояти Хатлон Соҳибов Фатҳулло бо ҷонибдорӣ аз иқдомҳои шоиставу бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.


Дар иншооти мазкур 25 ҷои корӣ муҳайё карда шуда, сокинони шаҳри Левакант бо шуғли доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.


Хоҷагии моҳипарварӣ ва истироҳатгоҳ дар майдони 32 гектар замин таъсис ёфт. Аз масоҳати умумии хоҷагӣ дар 20 гектар ҳавзҳо барои парвариши 50 ҳазор моҳӣ ва дар 12 гектар истироҳатгоҳ бунёд гардидааст.


Дар ҳавзҳои алоҳида истироҳткунандагон метавонанд ба моҳидорӣ машғул шуда, вақти худро хуш гузаронанд.


Барои ободу дилкаш гардонидани ҳудуди истироҳатгоҳ дарахтони ороишӣ ва гулу буттаҳои зебо шинонида шудааст.


Ҳудуди истироҳатгоҳ чароғон ва барои фароғати сокинон суҳбаткада ва нишастгоҳҳо васл гардидааст.


Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми Соҳибов Фатҳулло, ки ҳамеша барои ободии диёри хеш талош меварзад, баҳои арзанда дода, иқдоми ӯро шоистаи таҳсин хонданд.
Мавриди зикр аст, ки майдони замини ҳавзи моҳипарварӣ ва истироҳатгоҳ пештар сангзор буда, маҳз бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин санглох ба як макони тамошобоб, дилнишин ва назарррабо мубаддал гашт.

http://president.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода