КОНСТИТУТСИЯ -ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 ноябр, Бахш: Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 79
Миллати тоҷик аз зумраи миллатҳои сарбаланду соҳибиқбол аст, ки дар баробари дигар муқаддасот соҳиби Конститутсия мебошад. Ин шоҳкитоб тӯли 30 сол мешавад, ки барои халқу миллат хизмат карда истодааст.
Конститутсия, ки тамоми қонунҳо аз он сарчашма мегирад, барои пешрафт ва рушди давлат хизмат мекунад ва бахтномаи ҳар як миллат мебошад. Аз ин рӯ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан бахтномаи миллати тоҷик аст, зеро он Конститутсияи мукаммале ҳаст, ки ба қатори конститутсияҳои беҳтарини давлатҳои дунё аз ҷиҳати ҳифз ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дохил карда шудааст.
Масалан, боби дуюми Конститутсия, ки “Ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд” ном дорад ва аз 33 модда иборат аст, пурра ба ҳуқуқ ва вазифаҳои инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст.
Дар моддаи 17-и боби мазкур оид ба баробарҳуқуқии шаҳрвандон дар назди мақомотҳои давлатӣ ва баробарҳуқуқии онҳо байни ҳам чунин гуфта шудааст:
“Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Мардон ва занон баробарҳуқуқанд”.
Агар мо ба таърихи ниёгонамон назар кунем, эътирофи ҳуқуқҳои инсон дар мадди аввал гузошта шудааст. Мисоли равшани онро мо дар давлатдории Сомониён мушоҳида карданамон мумкин аст ва баъдан, пас аз кашмакашиҳои зиёди таърихӣ халқи тоҷик тавонист, тавассути фарзандони фарзонаи миллати худ соҳиби давлату Конститутсияи худ шавад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки халқи тоҷикро муттаҳид сохт ва тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд, барои давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон фоли неке барои пешрафти минбаъдааш буд. Он воқеан бахтномаи миллати тоҷик аст, зеро ҳар вақте ки ба таърихи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон назар мекунем, бархӯрдор хоҳем шуд, ки он дар чӣ гуна вазъияти ҳассос таҳия ва тасдиқ карда шудааст. Дар чунин вазъияти ҳассос қабули Конститутсияи мукаммал, хеле мураккабу душвор буд, аммо бо қавииродагӣ ва мардонагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи азизи кишварамон муяссар гардид, ки қонуни асосии кишвар, яъне Конститутсияи худро тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намояд ва ин рӯз ҳамчун рӯзи таърихӣ ҳамасола қайд карда мешавад.
Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи қабули Конститутсия ба ин маънӣ қайд карда буданд: «Имрӯз барои ман қадамҳои аввалин ба вазифаи Раиси ҷумҳур аст. Ин вазифа дар ин рӯзҳо барои ман ҳам мушкил аст, лекин боварӣ дорам, ки бо дастгирии халқи Тоҷикистон аз ин рӯзҳои сахт ҳам мебароем. Ман сари таъзим ба назди пойи мардуми Тоҷикистон фуруд меорам ва мегӯям, то он замоне ки ҳастам, барои миллатам, барои халқам, барои давлатам хизмат мекунам».
Ин суханон ҳар яки мо - шаҳрвандони мамлакатро ҳидоят мекунад, ки Конститутсия - бахтномаи миллатро, ки сарчашмаи тамоми қонунҳо аст, риоя намоем
ва онро пос дорем.
Рамазон НАСРИДДИНЗОДА,
сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
30-05-2024, 12:09
Муҳтарам олимону донишмандон!Ҳозирини гиромӣ!...