Рӯзномаи Хатлон » Дигар матолиб » Хизмати аскарӣ мустақилиятро омӯхт


Хизмати аскарӣ мустақилиятро омӯхт



Исмоил  Муслимов,  яке  аз  ҷавонони  ихтиёран  ба  хизмати ҳарбӣ рафта мебошад, ки имрӯз қарзи шаҳрвандии худро адо намуда, ба назди волидони худ баргаштааст. Бо Исмоил суҳбате оростем, ки онро пешкаши хонандаи гиромӣ менамоем.

-Исмоил,  нахуст  дар  бораи  ба хизмати  ҳарбӣ  рафтанатон  ҳарф бизанем.  Чӣ  водор  кард,  ки  бо хоҳиши  худ  ба  хизмати  ҳарбӣ  равед? 

-Ростӣ, ман бо такя ба сиёсати пешгирифтаи  Пешвои  миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ободию осоиштагии кишвари азизамон ва адо намудани қарзи шаҳрвандиам бо хоҳиши худ  ба  хизмати  ҳарбӣ  рафтам.  Ҳар  як шаҳрванд  бояд  ин  қарзи  виҷдонию имонии  худро  адо  намояд.  Сарбози тоҷик  аслан  барои  ҳифзи  марзу  бум ва  модар   ба  хизмати  ҳарбӣ  меравад ва  дар  навбати  аввал  бо  маърифату ҷаҳонбиниву  маънавиёти  баланд  дар ҳифзи Ватан бояд омода бошад.

-Вақте  ки  ҳамсолон  фаҳмиданд, ки  аскарӣ  меравед,  ягон  нафар кӯшиш намекард, ки аз ин фикр Шуморо гардонад? 

-Баъзе дӯстонам ба ман мегуфтанд, ки чаро ба хизмат меравӣ? Аз фикрат гард  ва  монанди  инҳо.  Фикр  мекунам, ки аслан барои нафаре, ки ватанашро дӯст медорад, дар ин сарзамин зиндагӣ мекунад, аз обу нону ҳавояш нафас мекашад,  бояд  қарзи  шаҳрвандии  худро дар назди Ватан адо намояд. Нарафтан ба хизмати ҳарбӣ бо ин қадар имконият ва шароити хуб ношукрист. Дар натиҷаи суҳбатҳо тавонистам ҳамон дӯстоне, ки кӯшиш мекарданд маро аз фикри рафтан ба аскарӣ баргардонад, онҳоро низ ба  рафтан  ташвиқ  намуда,  мо  ҳама якҷоя барои рафтан ба хизмати модар – Ватан ариза навиштем.

-Баъзе сокинон изҳори нигаронӣ мекунанд, ки дар вақти хизмат сарбозон аз ғизо танқисӣ мекашанд. Оё ин ҳақиқат дорад? 

-Ин гап асос надорад. Инро ҳамчун собиқ  сарбоз  бо  қатъият  иброз  медорам.  Шароити  будубош  дар  қисмҳои ҳарбӣ дар сатҳи олӣ аст. Либосу  пойафзоли  сарбозон  низ таъмин  ва  ба  талабот  ҷавобгӯянд. 

Ҳамеша  аз  ҳоли  хизматчиёни  ҳарбӣ масъулин  бохабар  мешаванд.  Ба  замми ин дар рӯзҳои ҷашну чорабиниҳо ба мо- сарбозон дастархони идона ороста мешавад.

-Оё  ҳастанд  лаҳзаҳое,  ки  дар хотираи  Шумо  нақш  бастааст  ва онро ҳеҷ фаромӯш карда наметавонед? 

-Бале,  дар  рафти  адои  хизмати  ҳарбӣ  лаҳзаҳои  ҷолиб  ва фаромӯшнашаванда  хеле  зиёданд.  Вақте  ки  ба  сафи  Қувваҳои Мусаллаҳ  мепайвандӣ,  дар  он  ҷо ҷавонмардон  аз  ҳар  гӯшаву  канори ҷумҳурӣ ҳастанд, бо онҳо дӯстӣ пайдо  мекунӣ.  Аз  ҳама  ҷолибаш  он  аст, ки мо баъди тамрину хӯроки шом бо ҳам дар як ҷо ҷамъ омада, бо якдигар  суҳбатҳои  ҷолиб  мекардем  ва аз  лаҳзаҳои  ҷолиби  хурдсолии  худ ба  якдигар  қисса  менамудем.  Ҳатто дар  баъзе  мавридҳо  сурудхонӣ  карда  мерақсидем.  Шоҳмотбозӣ  шуғли дӯстдоштаи мо буд. Барои ман шахсан  ин  лаҳзаҳо  ҷолиб  буд  ва  он лаҳзаҳоро ҳеҷ аз хотирам бароварда наметавонам. Мо ҳама дар он ҷо ба мисли узви як оила будем. 

-Як  соли  хизмати  ҳарбӣ  ба Шумо чиро омӯхт? 

-Пеш  аз  ҳама,  мустақил  зиндагӣ карданро  омӯхт.  Аскарӣ  дарси зиндагӣ  аст.  Давоми  як  сол  ман ҷисману руҳан инкишофу обутоб ёфтам.  Дар  ин  баробар,  ҷавонмардӣ, ватандӯстӣ,  таҳаммулпазирӣ  ва  худшиносиро омӯхтам. Ба андешаи ман, ҷавоне,  ки  хизмати  модар-  Ватанро адо мекунад, дар зиндагӣ ба мушкилӣ дучор намешавад. 

-Лаҳзае, ки билети ҳарбиро ба даст гирифтед, чи эҳсосоте Шуморо фаро гирифт? 

-Аввалан, хурсанд аз он будам, ки ба назди падару модарам бармегардам. Зеро пазмонашон шуда будам. Дар ҳамин лаҳза бе ихтиёр ашки чаш-мони ман ҷорӣ шуданд. 

-Чаро?

-Ҷудо  шудан  аз  ҳамхизматонам бисёр душвор буд. Зеро тӯли як сол бо якдигар зиста, якҷо хӯрок хӯрдаед, ёди  қиссаву  саргузаштҳои  ҷолиб, ҳазлу  шӯхиҳо,  дарсхониву  машқу тамринҳо  ва  дигару  дигар  дар  як лаҳза  ба  охир  мерасад.  Мисли  як оила  гаштаед.  Ана  ҳамин  чиз  дар лаҳзаи  билети  ҳарбиро  гирифтан  ба ман таъсир карду ашк рехтам. 

-Дар  поёни  суҳбат  ба  он  нафароне,  ки  синнашон  ба  хизмати ҳарбӣ  расидааст,  чӣ  гуфтаниҳо доред? 

-Аз  ҷавононе,  ки  синнашон  ба хизмати  ҳарбӣ  расидааст,  даъват ба  амал  меорам,  ки  омада  қарзи виҷдониву шаҳрвандии худро адо намоянд. Зеро хизмат ба Ватан қарзи ҷавонмардии ҳар як ҷавони ба нангу номуси Ватан аст. Ҳимояи марзу бум шараф  аст.  Ҳар  як  ҷавони  бошараф бояд ин чизро фаҳмад. Ба ҷавонони шуҷои ватан бо ин ду мисраъ шеъри шоири  ширинкалом  Ғаффор  Мирзо муроҷиат карда гуфтаниам: 
Дил ба ғами Ватан фигор ман накунам, кӣ мекунад? 
Ҷон ба раҳи Ватан нисор ман накунам, кӣ мекунад?


Мусоҳиб А. АЛИШЕР,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода