Рӯзномаи Хатлон » Дигар матолиб » Орзу ӯро дастболо кард


Орзу ӯро дастболо кард



Соли сеюм аст, ки ӯ дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ширкат меварзад. Ду соли аввал то ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт. Аммо, барои ғолиб шудан бахташ омад намекард. Вале, ҳамоно завқи мутолиа ва орзуи табиб шудан ӯро ором намегузорад. Аз нокомиҳо таҷриба мегирифт, дониши худро қавӣ мегардонд. Билохира, заҳматҳояш самара оварданд. Ғолиб ва сазовори мақоми аввал дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” мешавад.

Мафрӯза Шарофова аз хурдӣ орзу дошт табиб шавад. Барои ба орзуи кӯдакияш ноил шудан мудом талош меварзад. Вақте ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкониятҳои навро дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба хотири ҳавасмандгардонии довталабони озмун пешниҳод мекунанд, (яъне ғолибони озмун бе имтиҳон ройгон дохил шуда метавонанд) Мафрӯза азм мегирад, ки иштирок карда, ғолибиятро ба даст орад, то ба орзуяш ноил гардад. Ӯ мегӯяд: “Ин муваффақият бароям роҳҳои зиёдеро кушод. Тавонистам, ки ба василаи озмун ба донишгоҳи мехостаи худ дохил шуда, духтур шавам, то ба халқу Ватанам хизмат кунам”.

Албатта, барои ба қуллаи мурод расидан ҳар нафар роҳҳои душворгузарро тай мекунад. Аз ҳар шикасти зиндагӣ таҷриба гирифта, қавӣ мегардад. Қаҳрамони мо низ ин усулро пеша карда, ба қуллаи мурод расид. Аз мағлубияти худ омӯхта, ба пеш ҳаракат мекунад. Ҳеҷ гоҳ шикастро ба дӯш нагирифт, дилсард нашуд, умед басту боз дучанд болои худ кор кард.

Ҳамеша дар дарсҳо бо ҳамроҳии ҳамсинфон ва роҳбарии омӯзгорон маҳфилҳо ташкил карда, бо ҳам донишсанҷӣ мекарданд. Вақте мо ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Муъминобод рафтем, Мафрӯзаро дар китобхона ёфтем. Бо гурӯҳе аз ҳаммактабонаш шеъру ғазал ва мавзуъҳои адабиётро ба навбат хонда таҳлил мекарданд. Аз суҳбату рафтори онҳо маълум мешуд, ки ҳамсабақони Мафрӯза ба вай эҳтиром қоиланд.

-Аввал дар дилам ваҳми зиёд буд. Ҳамеша тарс аз он доштам, ки дар назди аъзои ҳакамон чӣ гуна баромад мекарда бошам? Ин ақида аз ман нафаре сохт, ки тавонистам ғолиб гардам. Ҳар лаҳза маро водор мекард, ки бештар муотолиа намоям. Худ ва наздиконамро шарманда насозам. Рӯзе ки натиҷаи озмун эълон шуд, дар дилам ҳиссиёти аҷибе пайдо буд. Ҳар гуна фикру андеша дар сарам чарх мезад. Боварии комил доштам, ки дар байни ғолибон исми ман ҳам ҳаст.

Вақте номи худро дар рӯйхати ғолибон дидам, аз хурсандӣ дар куртаам намеғунҷидам. Он лаҳзаҳоро ҳеҷ тасвир карда наметавонам. Зеро ба ин васила роҳи худро дар зиндагӣ пайдо кардам,- гуфт зимни суҳбат Мафрӯза Шарофова.

Ҷоиз ба қайд аст, ки тӯли панҷ соли охир озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарпарастӣ гардида, дар ҳама шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ баргузор мегардад.

Дар ин муддат озмуни мазкур чандин чеҳраҳои навро кашф карда, ба мардуми тоҷик муаррифӣ намуд. Хурду калон ба китобхонию китобхона рӯ оварданд. Ҳатто то дараҷае, завқи китобхонии мардум бедор шуд, ки кӯдакон ва нафақагирон барои иштирок дар озмун шавқманд шуданд.

Мафрӯза дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯйи номинатсияи “Адабиёти классик” иштирок намуд. Ӯ барои ширкат дар озмун зиёда аз 50 асари бадеӣ, насри ривоятӣ ва насри классикӣ, 150 ғазал, 200 рубоӣ ва дубайтӣ, 300 байт достон, 200 байт аз дигар навъҳои шеърӣ ва 100 байт қасидаро аз бар намудааст. Ҳоло ҳам дар пайи омӯхтани донишҳои нав буда, ҳамарӯза дар мутолиаи адбиёти нав аст.

-Барои сазовори ин ҷой гардидан бо мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ мешудам. Китобҳое, ки дар низомнома зикр шудаанд, аз китобхонаҳои ноҳия пайдо карда наметавонистам. Барои дарёфти китобҳо ба шаҳри Душанбе ба Китобхонаи миллӣ рафта, ёфта мутолиа мекардам. Барои он ки аз дарсҳои мактаб қафо намонам, баъзеи дигарашро дар шакли электронӣ мехондам. Албатта, дар шакли электронӣ мутолиа кардан ҳам ба чашм зарар мерасонад ва ҳам таъсираш кам аст. Гоҳе мешуд, ки аз хондани зиёд аз чашмонам об ҷорӣ мешуд, аммо аз ноилоҷӣ аз он истифода мебурдам,- нақл мекунад Мафрӯза.

Аз ҳисоби маблағҳои бадастовардаи худ дар хонаашон китобхонаи хурде кушодааст. Ҳар гоҳе ки ба шаҳри Душанбе равад, барои китобхонаи худ ҳатман китоб мехарад.

Ин озмун аст. Як нафар ғолиб мешаваду нафари дигар мағлуб. Мафрӯза бар он андеша аст, ки мағлуб шудан маънои шикаст хӯрданро надорад. Балки дубора ба по хеста, бештар болои худ кор кардан ва тақдири худро санҷидан аст.

Набиҷони Саидаброр,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода