Терроризм хатари он ба ҷомеа
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 май, Бахш: Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 526
Солҳои охир зуҳуроти рӯ овардан ба мазҳабҳои гуногуни дур аз воқеияти аслии дини мубини ислом, ки он ба терроризм ва экстремизм оварда мерасонад, бештар ба мушоҳида мерасад.
Терроризм содир намудани амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари марг ба миён меоваранд, истифодаи он мақсади ҷисман бартараф кардани рақиби сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ба аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад.
Ифротгароӣ одатан ҳамчун ғоя, идеология ва сиёсат, ҳамчун зуҳурот ҳамон вақте ба ҷиноят табдил меёбад, ки усули ноилшавӣ ба мақсад роҳи ҳалли масъалаҳои сиёсӣ роҳи зӯрӣ ё усули террор интихоб карда шавад. Яке аз масъалаҳои доғи ҷаҳони имрӯза, ки хеле печидаву мураккаб гаштааст, терроризм ва экстремизм мебошад.
Экстремизм вожаи итолиёвӣ (“extremus”) мебошад ва баъдан дар забони фаронсавӣ бо шакли “extremism” қабул шуда, маънои ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳои ботил ва аз ҳудуди инсонӣ гузаштанро ифода менамояд.
Терроризм бошад, падидаи номатлуб ва мураккабест, ки хоси як дину оин мазҳабу миллат набуда, аз ҷиҳати сиёсӣ ва иҷтимоӣ, аз дидгоҳи таърихию фарҳангӣ зуҳуроти мураккаб ва саргумеро мемонад, ки ҷуз нафрат ба ин падида чизи дигареро наметавон дар дин парварид.
Дар масири таърих ин зуҳурот дар миёни динҳои гуногуни яҳудӣ, насронӣ, ислом, ҳиндуизм, буддоӣ ва ҳатто қабилаҳои ваҳшитабор ҳам арзи ҳастӣ намуда, доманаи хусумату бадбиниҳоро доман задааст.
Террористу экстремист шахсест, ки барои ӯ муқаддасот, арзишҳои миллӣ, гуманизм, зебоӣ, маданияту санъат ва хираду дониш арзише надорад.
Истилоҳи манқурт, ки 30-35 сол пеш нависандаи бузурги қирғиз Чингиз Айтматов дар асарҳояш мавриди истифода қарор дода буд, хоси ҳамин ҷавонони фирефташуда мебошад, ки аз куштани падару модар ва бародари худ ҳам рӯ намегардонанд.
Омили асосии ифротгароӣ ва террориз майл намудани шахс, ҷоҳилӣ, бедонишӣ, бемаърифатӣ ва тақлидкории ӯ аз амалҳои ғайриинсонӣ мебошад.
Маҳз дар кишварҳое, ки бештар аз 40-50 фоизи кӯдакони синни мактабии онҳо ба таҳсил ҷалб намегарданд, терроризм реша давонда, манбаи ҷабру озор ва куштори мардуми бегуноҳ гардиданд.
Дар ҷараёни бошиддати ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) вазъияти дунёи муосир ноустувор ва пурталотум мегардад. Як қатор равандҳое ҳастанд, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардаанд.Терроризм ва экстремизм, пайвастани одамон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни динӣ аз ҷумлаи ин равандҳои хатарзо мебошанд.
Барои ба мақсадҳои нопок ва манфиатҳои шахсиашон расидан гурӯҳҳои террористии тундрав ба ақидаҳои динии одамон таъсири манфӣ расонида, онҳоро бо ҳар тарзу услуб ба вартаҳои хавфнок мекашанд. Онҳо барои ба боварии одамон сазовор гаштан одатан дини исломро истифода бурда, аз забони ислом ба одамон суханони назарфиребонаю пурғараз мегӯянд. Ҳол он ки дар “Қуръон”-и азимушшаъи омадааст: “Ло икроҳа фиддини” (Сураи Бақара, ояти 256) яъне, “Нест иҷборе дар дини мо”.
Ислом дини пок асту бо терроризму экстремизм ҳеҷ алоқае надорад. Тамоми мантиқи аслом ва фалсофию мақсади он бар пояи адолат, баробарӣ, инсондӯстӣ, озодӣ, амният устувор буда, зарурати сулҳ, ризоят, таҳаммул, оромӣ, амният, адолатро бо тамоми зуҳуроти он дар ҳама ҷабҳаҳои зиндагӣ таъкид намудааст. Ислом дини дӯстию рафоқат ва бародарист.
Таҳлили сарчашмаҳо нишон медиҳад, ки бештар ҷавонон ҳадафи асосии гурӯҳҳои террористию экстремистӣ қарор мегиранд. Бояд сабабҳои шомил гардидани онҳо ба ин ҳизбу ҳаракатҳо таҳлилу таҳқиқ ва баррасӣ шаванд.
Ба андешаи ман, сабабҳои рух додани ин ҳодисаҳо, пеш аз ҳама, дар сатҳи паст қарор доштани тарбияи ҷавонон, робитаи нокифояи волидон бо мактаб, риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” мебошад.
Аксари ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ менамоянд. Баъзеи онҳо ба нашъамандӣ мубтало мегарданд. Пош хӯрдани оилаҳои ҷавон низ яке аз сабабҳои ба равияҳои бегона шомил гардидани ҷавонон мегардад.
Имрӯзҳо ба мушоҳида мерасад, ки ҷонибдорони терроризму экстремизм мехоҳанд бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ ба мақсадҳои ифлосу нопоки худ бирасанд. Бо тарғибу ташвиқот наврасону ҷавонони ноогоҳро ҳадафи “ҷиҳод”-ҳои худ қарор диҳанд.
Мо бо гузаронидани вохӯрию чорабиниҳо ва суҳбатҳо ба хонандагон мефаҳмонем, ки беҳтарин ҷиҳод тибқи таълимоти ислом, ки ҷиҳод ба нафс, барои омӯхтани илму дониш ва хизмат ба падару модар аст. Чунонки Бедили бузург фармудааст:
Тариқи дину оин аз сияҳдилҳо маҷӯ, Бедил,
Вафо рафту мурувват мурду бераҳмӣ таваллуд шуд.
Мо ҳамеша ба шогирдон мефаҳмонем, ки онҳо бонангу номус, ватандӯсту дурандеш бошанд ва аз ҳар гуна кирдорҳои ношоистаю ношоям ва шомил шудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дурӣ ҷӯянд.
Бо суханони хирадмандонаи Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намуда, барои ҳифзи якпорчагии Ватани маҳбуб, таҳкими Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ ҳамеша осуда бошанд.
Илҳомҷон Қодирӣ,
директори МДТ Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Кӯшониён
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...