Мактаби ҳаёт
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 октябр, Бахш: Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 859
Самариддин аз зумраи он ҷавононест, ки дар даъвати навбатии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бо хоҳиши худ ва роҳнамоии падару модар пайваст. Ӯ бо ғурури баланди ватандорию ватандӯстӣ дар рӯзи аввали даъват дар баробари дигар ҷавонони қавииродаву шарафманди ноҳияи Муъминобод ба Комиссариати ҳарбии ноҳия ҳозир гардид.
Падари ӯ Рустам Ризоев омӯзгори синфҳои ибтидоӣ буда, ҳамзамон раиси маҳаллаи Ҷамоати шаҳраки ноҳия мебошад. Ӯ зимни суҳбат чунин иброз дошт: «Ман имрӯз писарамро барои адои хизмати Модар-Ватан мефиристам, то қарзи шаҳрвандии хешро дар назди давлату миллат иҷро намояд. Ин бароям мояи ифтихор аст».
Самариддин низ иброз медорад: «Ман бояд аз мактаби мардонагӣ гузарам, то мардуми сарбаланди мо ва падару модарам дар фазои орому осуда кору фаъолият ва зиндагӣ намоянд.
Ман хизмат мекунам, то хоҳару бародарам дар фазои сулҳу субот бо хотириҷамъи илм омӯзанд, ман хизмат мекунам, то ҳар кӯдаки навзод аз фазои осоиштаи Ватан нафас бигирад, ман хизмат мекунам, то дар кишварам сулҳу амонӣ қавӣ гардад».
Дар ҳамин замина Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид медоранд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҳаёт аст. Зеро онҳо маҳз дар давраи хизмати аскарӣ имкон доранд, ки моҳияту мафҳумҳои Ватан, давлат ва миллати худро ба хубӣ дарк карда, сабақи далериву шуҷоат ва садоқат омӯзанд.
Имрӯз ҷавонони далеру шуҷои Ватан хизмат менамоянд, то дар назди падару модар, хоҳару бародар, ҳамсар, фарзанд ва аз ҳама муҳим, дар назди Ватан қарзи хешро иҷро кунанд.
Мо чу сарбози Ватан бо аҳду паймон саф кашем!
Ҳомиёни кишварему таҳти фармон саф кашем!
Кард ташкил Артиши миллии мо Сарвар зи ҳеҷ,
Баҳри амри Пешвои Тоҷикистон саф кашем!
Ҷумъахон Бобохонзода
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00