Умри хиёнат кӯтоҳ аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 30 май, Бахш: Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 1 247
Рӯзҳои охир аз расонаҳои хабарӣ аз амали террористии гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ноҳияи Рӯшон огоҳӣ ёфта, нороҳат шудем. Нафарони бадхоҳи ин гурӯҳ, ки зимомашон аз ҷониби хоҷагони хориҷӣ идора мешавад, даст ба ҷинояти нобахшиданӣ –хиёнат ба Ватан заданд. Онҳо истифода аз яроқи оташфишон бетартибиҳо содир намуда, оромии вазъ ва зиндагии осудаҳолонаи мардуми сулҳхоҳу ватандӯст ва ободгари ноҳияи Рӯшонро халалдор карданӣ шуданд.
Бо ин нияти бади худ дар шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Хоруғ-қулма постҳо ташкил намуда, ба ҳаракати нақлиёт низ монеа эҷод карда, чанд нафар шахсони мансабдор, аз ҷумла як занро зери лату кӯб қарор доданд. Мо-модарон ин амали ноҷавонмардонаи гурӯҳи ҷиноятиро сахт маҳкум мекунем. Намехоҳем, ки Ватани азизи мо-Тоҷикистони ободу озоду соҳибистиқлоламон боз ба гирдоби ҷангу нооромӣ кашида шавад.
Ҷинояткорони одамсурати шайтонсифат фаромӯш кардаанд, ки онҳо хасу хошоки хушкидаи сари кӯчаро мемонанду бо вазидани бод нобуд мешаванд. Боз наандешиданд, ки мардум аллакай онҳоро шинохтанд, дигар ба ҳазрагӯиҳояшон бовар надоранду дастгириашон намекунанд ва аз қафояшон намераванд.
Тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид карданд, террорист на дин дораду на Ватан. Ҳамин тавр ҳам ҳаст. Аъзои гурӯҳи ҷиноятии болозикр мисли чуғзи саҳро яккаву танҳо ва бехонаву дар ҳастанд. Ман мураббии кӯдакистон мебошам. Ҳар субҳ хандаю дунёи ширину афсонавии кӯдакон ва шодиву хурсандии модаронро дида, шод мешавам. Шукр мекунам, ки Ватани биҳиштосоТоҷикистони азизу соҳибистиқлол ва Президенти мардумпарвару ободгару сулҳовар дорам.
Аз ин рӯ, намехоҳам, ки оромиву суботи ин Ватани озоду обод халал ёбад, ханда аз лаби кӯдакон канда шаваду шодии модарон ба ғаму андуҳ табдил гардад. Хушбахтона ба бадхоҳони гурӯҳи ҷиноятӣ ба мақсади зишти худ нарасида, зуд саркӯб шуданд. Акнун ҷойи онҳо маҳкама аст, на озодӣ. Дар ин маврид мақоли мардумӣ низ таъкид мекунад: “Ҳар чӣ киштӣ, он даравӣ”.
Марям ДАВЛАТОВА,
мураббии муассисаи давлатии томактабии №7-и
“Булбулакон”, шаҳри Бохтар
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...