Ҳамсоя аз ҳамсоя мегирад панд...
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 феврал, Бахш: Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 1 135
Ҳамовозӣ ба мақолаи “Меҳри ҳамсоягӣ коҳиш ёфтааст”, аз 18 январи соли 2022, №5, «Хатлон»
Рӯзи якшанбе буд. Аз хонаи ҳамсоя садои баланди одамони зиёд, даводави кӯдакон шунида мешуд. Одатан, рӯзи истироҳатӣ ҷамъ омадани фарзандон дар хонаи падару модар анъанаи хубест. Шояд имрӯз ҷигарбандони ҳамсоязан барои аёдаташ омада бошанд. Шукри Худо, онҳо бисёранд – 10 фарзанд, даҳҳо набераву абера.
Садои мошини ҷомашӯӣ, бозии наберагонам хаёламро ба кори худам андармон кард. Деворҳои баланд хонаҳои дуқабатаро аз чор тараф иҳота намуда, гӯё қалъаи дастнорасро муҳофизат мекарданд. Овози занон канда-канда шунида мешуд, ки дар тараддуди коре буданд.
Наберагонам ба кӯча баромада, дарвозаро нимроғ кушода рафтанд. Шарфаи пойи занону оростаю дастархондор дар тангкӯча зиёд шуд. “Шояд онҳо низ ба дидани кампири бемор омада бошанд” - аз дил гузарондам.
Гарчанде имрӯз меҳру самимияти хешутаборӣ хело коста шудааст. Дар як шаҳру ноҳия, ҳатто маҳалла зиндагӣ кунем ҳам, якдигарро дер-дер мебинем. Ҳама аз пайи зиндагии худанду вақти “холигӣ” надоранд. Бо фарзандону наберагон муносибат доранду халос.
Садои сурнай аз кӯча меомад. Ба ин тааҷҷуб накардам. Набераи ҳамсоя дар мактаби мусиқӣ мехонад. Гоҳ-гоҳе ба кӯча баромада машқ мекунад, ба ҳамсолонаш ҳунарашро намоиш медиҳад. Фикр кардам, ки боз ҳамон сурнайнавози ҷавон будагист.
-Бибиҷон, бибиҷон! Арӯс омад,- гуфтани набераам Муноҷот ҳайронам кард.
Дар ҳақиқат, занону духтарон арӯсро ҳамроҳӣ карда, ёр-ёргӯён ба хонаи ҳамсоя даромаданд. Занони маҳалла ба тамошо баромада, ба муҳокима сар карданд.
-Ҳа муаллима, хап-хап бо ҳамсояатон тӯй сар кардеду мо бехабар,- гилагузорӣ мекард яке аз онҳо.
-Хафа нашавед, танзимро бояд риоя кард,- шӯхиомез, гуфтам мани ба тӯй хабарнашуда.
-Худатонро хабар кардагист, охир шумо ҳамсояи наздик - ку?! - мегуфт дигарӣ.
-Аз ин оила қариб ҳама зиёрати Каъба рафтаанд. Шояд танҳо ҳоҷиҳоро даъват карда бошанд, – шарҳ медод ҳамсоязани сеюмӣ.
-Наход, ду-се ҳамсояи дар ба дарро нагӯяд? Танҳо хешу табор даъват шудааст... - ба баҳс ҳамроҳ мешуд ҳамсояи рӯ ба рӯ.
Дар зиндагӣ борҳо шудааст, ки дар рӯзҳои ғаму мусибат ҳамсояҳо то омадани хешу табор хонаро ба тартиб оварда, қуввати дил шудаанд. Хабар гирифтани ҳамсояи беморро фаромӯш накардаанд. Як коса хӯрок, нони гарм овардаанд. Дар тӯю хурсандӣ “Аз мо чӣ хизмат” - гӯён ба пухтани таому анвои дастурхон, дӯхтани кӯрпаву кӯрпача омада, дар гузаронидани маърака кумакашонро дареғ надоштаанд. Меҳмонхонаҳояшонро барои қабули меҳмонони аз роҳи дур омадаи ҳамсоя боз карда, изаташонро ба ҷо овардаанд. Духтарони ҳамсоя дар рӯбучин, шустани зарфҳо, кашонидани хӯроку зиёфат хизмат мекарданд. Маҳалладорӣ ҳам кори хуб аст.
Имрӯз ин корҳо аз байн рафтааст. Барои пухтани таом кайвона ва шустани косаю табақ занеро кироя даъват менамоянд.
Анъанаи хубе доштем. Духтаре ё ҷавонеро ба касе номзад кунанд, аз кулчаи қатлама ва қанду ширинии фотиҳакунӣ ба ҳамсояҳо тақсим мекарданд. Маҳалла аз нияти неки ҳамсоя огоҳ мешуд.
... Дар ҳавлии ҳамсоя то бегоҳ тӯй идома дошт. Хешу табор, қудоҳо пур, аммо ҳамсояҳо не. “Ҳаққи ҳамсоя ба ҳаққи Худо баробар”, гуфтаанд. Хешу табор мераванд, боз бо ҳамсояву маҳалла мемонем. Ҳамсояи хуб аз хешу табор ҳам наздиктар аст.
Аз тӯй ду рӯз гузашт. Рӯзи сешанбе мошини партовкашонӣ омад. Аз хонаи тӯйдор партови зиёд баромад. Маълум буд, ки меҳмондорӣ хуб гузаштааст.
Аммо дар гӯшаи хаёли ҳамсоя дар рӯзи тӯйи фарзандаш набудани ягон ҳамсоя ғайриодӣ нанамуд. Муҳим он буд, ки арӯсро ба хона овард, хешу табору қудоҳо аз вай розӣ рафтанд. Агар рӯзе ин ҳамсояро ҳамсояҳои дигар ба тӯяш даъват кунад, ӯ ба ин маърака меомада бошад? Ё дар пайравии ӯ хабар кардани ҳамсоя аз байн меравад?
Дилороми Юнус