Охирин латифаи Ҳусейнҷон ...
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 31 август, Бахш: 90-солагӣ, Боздид 1 785
Охирин латифаи Ҳусейнҷон ...
Ҳусейнҷон Маликов инсоне буд заминӣ, хоксору одӣ. Хоксорона мезисту худситоӣ намекард, ҳаёти одӣ дошт. Аз ҷумла, ӯ ба пӯшидани сару либоси нав шавқ надошт. Ба қавле аз пайи мӯд намедавид. Вале ҳамеша тоза мепӯшид. Чӣ гуна либосе набошад, ба танаш шинам меафтод.
-Либоси нав касро зоҳиран зебо мегардонад. Вале инсон бояд ботинан зебо бошад, -мегуфт ӯ.
...Ҳусейнҷон ҳамон рӯз низ, чун одат, субҳи барвақт ба идора омад. Рост ба кабинети нозири кадрҳо даромад. Дар кабинети корӣ Зулфия машғули чоп буд. Ӯ кори бисёр дошт, яъне чопи маводҳои шумораи навбатии рӯзнома. Ҳусейнҷон баробари вориди кабинет шудан ба Зулфия рӯ оварда гуфт: “Як дақиқа!”
Ҳусейнҷон бо ин суханон, аслан ба латифагӯйӣ оғоз мекард. Зулфия низ чунин фикр карда, аз кор сар набардошт.
-Зулфия, як дақиқа ба ман нигар,-истодагарӣ кард Ҳусейнҷон.
-Хап!-бо садои баланд гуфт Зулфия ва афзуд: -Латифа баъд, ҳозир корам бисёр аст.
Ҳусейнҷон хафа шуду хомӯш монд. Ҳамкорон яке пайи дигаре ба ин кабинет даробаро карда, ба Ҳусейнҷон диққат намедоданд. Аммо тоқати Ҳусейнҷон намонд.
-Зулфия, мебинам, ки корат зиёд аст, як дақиқа ба ман нигар. Зулфия хотирпарешон рӯ ба Ҳусейнҷон овард. Хомӯшии ӯ Ҳусейнҷонро маҷбур сохт, ки латифаеро нақл кунад: “Ҷавоне бо сару либоси нав ба кор омад ва ҳамкорон ба ӯ аҳамияте надоданд. Ӯ ба ҳамкорон гуфт: “Ба кор меомадам, саги дайду ба ман дарафтоду шими навамро даронд. Бо туфлии навам ба шикамаш зарбаи марговар задам. Ба соати дастам, соатро ҳам нав харидаам, нигаристам, баъди 10 дақиқа саг ҷон дод”.
Зулфия хандиду боз ба кор машғул шуд. Ҳусейнҷон аз ҷой хеста, ба Зулфия наздиктар омаду афзуд: “Зулфия, имрӯз домодам ба ман шиму костюм, курта, туфлӣ ва соати нав туҳфа кард, онҳоро пӯшида омадаам. Ба қавле Ҳусейн “пӯстинаш”-ро иваз карда омадааст. Вале ягон ҳамкор ба ин “навигарӣ” диққат намедиҳад!”
Ҳусейнҷон дар кадом шаклу намуд, ки ба кор наояд, ҳамкорон ӯро як хел мебинанд: “Ҳусейнҷони одиву ҳазлгӯ”. Зулфия Ҳусейнҷонро табрик намуд ва барои бетаваҷҷуҳӣ узр пурсид.
... Баъди як рӯзи ин ҳодиса Ҳусейнҷон ногаҳонӣ аз олам даргузашт.
(Идома дорад).
С. АТТОР,
“Хатлон”