Хизмати хирсона
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 10 август, Бахш: Матлабҳои охирин / 90-солагӣ / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 1 187
Навбатдории рӯзнома дар матбаа мегузашт ва он то соатҳои 2-3-и шаб идома меёфт. Навбатдорон аз ду нафар - навбатдори масъул (аз ҳисоби ҷонишини муҳаррир ва мудирони шуъба), ёрдамчии навбатдор (аз ҳисоби ходимони шуъбаҳо) иборат буданд. Навбатдори масъул баъди ислоҳи хатоҳои имлоӣ ва техникӣ метавонист ба хона равад. Навбатдори дуюм бошад, то анҷоми чопи рӯзнома дар матбаа мемонд, сифати онро назорат мекард.
Рӯзи навбатдории устод Тӯрабой Қобилов, ҷонишини муҳаррир ва Ҳусейнҷон Маликов, ходими шуъбаи хоҷагии қишлоқ (рӯҳашон шод бод!), ғайримуқаррарӣ гузашт. Муаллим ҳангоми ба хона рафтан Маликовро таъкидкунон гуфт:
-Ман дар хона мешавам (хонааш дар бинои чорошёнаи рӯ ба рӯйи матбаа воқеъ буд), ба чопи босифати рӯзнома диққат те.
Дар ҳуҷраи истироҳатии коргарони матбаа шоҳмотбозӣ мекарданд. Устод Қобилов завқи шоҳмотбозӣ дошт ва онҳоро дида, ба хона нарафту онҷо монд. Нахост, хонагиҳоро ташвиш диҳад, зеро то субҳ вақти андаке монда буд. Ноомадии кор дар чопи рӯзнома мушкилоте пеш омад. Барои ҳалли он ҳузури устод лозим омад ва Ҳусейнҷон ба хонаи устод омад. Аҳли оила дар хоб буданд ва занги дуру дарози дарро нафаҳмида монданд. Ҳусейнҷон ноилоҷ, дарро бо мушт кӯфт ва баъди чанд лаҳза янгамулло (завҷаи устод) дарро кушод.
-Муаллима, барои ташрифи бевақт узри бисёр, устодро бедор мекардед. Дар кори чопи рӯзнома будани он кас лозим шуда мондааст,-гуфт Маликов.
-Муаллим дар матбаа, дар навбатдорӣ аст,-хоболуд посух дод янга.
-Не, барвақттар омада буд...
-Чӣ хел, пас, дар ин нимашабӣ ба куҷо меравад?-хотирпарешону суоломез мепурсад завҷаи устод Қобилов.
-Намедонам, «ба хона меравам» гуфта, аз матбаа баромада буд...
-Дар хона нест, пагоҳ гапзанон мекунем!-ғазаболуд шуда гуфт янга.
Ҳусейнҷон ноилоҷ боз ба матбаа баргашт ва барои гарм шудан (фасли сармо буд) ба ҳуҷраи дамгирии коргарони матбаа даромад. Дар он ҷо муаллимро машғули шоҳмотбозӣ дида, суол кард:
-Устод, шумо инҷоед? Як коре шуд, ки ба гуфтанаш забонам намегардад.
-Тинҷӣ-мӣ, чӣ гап шуд?-пурсид устод.
Маликов воқеаи аз сар гузаштаро ба устод фаҳмонда дод.
-Хайр, ҳамааш ҳамин?-пурсид Қобилов.
-Не, ба хонаи Шумо рафтам, Шумо набудед, янга хеле асабонӣ шуд,-забон хоида гуфт Ҳусейнҷон.
-Эй муттаҳам, ними шаб ба хонаи ман рафта номаъқул мекунӣ?-асабонӣ шуд муаллим.- Акнун то саҳар инҷо шин, якҷоя ба хона рафта, ба муаллима мефаҳмонӣ, ки ман дар матбаа будам.
Ҳусейнҷони дар байни обу оташмонда намедонист, ки чӣ кор кунад...