Дар як сатр
» » Мусодираи 2,5 тонна намаки бесифат

Мусодираи 2,5 тонна намаки бесифат

15-07-2015, 19:15

Мусодираи 2,5 тонна намаки бесифатКормандони идораи «Тоҷикстандарт» аз фурӯшгоҳҳои шаҳри Қӯрғонтеппа қариб 2,5 тонна намакро, ки комилан барои истеъмол мумкин нест, мусодира кардаанд.

Ба иттилои Диловар Пирназаров, роҳбари намояндагии «Тоҷикстандарт» дар вилояти Хатлон, истифодаи намаки мусодирашуда ба саломатӣ зараровар буда, онро танҳо бо омехтаи қум дар фасли сармо дар роҳҳо метавон истифода кард.

«Дар нимаи аввали соли равон аз ҷониби кормандони идораи мо ҳамчунин 1 ҳазору 560 кило равғани пахта, 4 ҳазор 966 кило маҳсулоти қаннодӣ, 2 ҳазор тонна гандум, 56 ҳазору 500 кило гӯшти гов, 47 кило шири хушк, 47 кило ҳасиб, 10 қутти тамоку, 158 дал маҳсулоти спиртӣ, 8 ҳазору 600 литр маводи сӯхт, 16 ҳазор дона хишти керамики бесифат аз муомилот бардошта шудааст», - афзуд ӯ.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

То имрӯз дурнамо 51,3% иҷро шуд

То имрӯз дурнамо 51,3% иҷро шуд

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Дурнамои чиниши пахта 31,9% иҷро шуд

Дурнамои чиниши пахта 31,9% иҷро шуд

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Боздошти

Боздошти "Шерчангол" бо силоҳу ним кило афюн

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Восеъ. Кашфу мусодираи 85 кг маводи мухаддир

Восеъ. Кашфу мусодираи 85 кг маводи мухаддир

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Аз муомилот берун овардани беш аз 2 тонна маводи нашъадор

Аз муомилот берун овардани беш аз 2 тонна маводи нашъадор

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА