Дар як сатр
» » Номи тифлро чӣ монем: Табару Гургак ё Абдурасул?

Номи тифлро чӣ монем: Табару Гургак ё Абдурасул?

3-07-2015, 14:06

Номи тифлро чӣ монем: Табару Гургак ё Абдурасул?Дар шароити кунунӣ падар ё модари кӯдак чӣ маънӣ доштани номи гузоштаашонро ба тифлони худ сарфаҳм мераванд? Чаро баъзеҳо гузоштани номҳои зебои форсии тоҷикиро ба фарзандонашон ҷоиз намешуморанд? Масъулони шуъбаҳои САҲШ ба дархости шаҳрвандон дар бораи бо номҳои Табар, Дост, Гургак, Борон, ё Саид Маҳди Хоҷа, Шайх Алии Ҳалабӣ ва ба ин монанд номҳои дигар гирифтани шаҳодатнома ба фарзандони худ чигуна бархӯрд мекунанд?

Барои фаҳмидани ҳақиқати ҳол моро зарур омад аз падаре, ки барои фарзандаш мехост шаҳодатнома гирад, «дасти кӯмак» бихоҳем. Пас аз он, ки мақсади мавзӯъро фаҳмонидем, бо ин ҷавон, ки Ҷумъахон ном дорад, барои таҷриба гузаронидан якҷо нақш бозидем. Яъне баробари ворид гаштан ба утоқи кории кормандони шуъбаи САҲШ-и Сарбанд худро ҳамчунон вонамуд намудем, ки гӯё ӯ мехоҳад ба фарзандаш бо номи Саид Маҳди Хоҷа шаҳодатнома гирад. Баробари шунидани ин ном масъули шуъбаи САҲШ зимоми суханро ба дасти худ гирифта, бо муомилаи хубу маданӣ гуфт: «Мебахшед, лекин мо бо ин хел номҳо шаҳодатнома намедиҳем. Як нафари дигар низ омада буд ба мисли Шумо, ки номи фарзандашро «Бисмиллоҳ» гузоштаасту мехост бо ин ном шаҳодатнома гирад. Ҳамаамон, алҳамдулиллоҳ, мусулмон ҳастем, лекин номро бояд огоҳона гузошт, ба маънояш бояд сарфаҳм рафт. Лутфан, як ба номнома муроҷиат кунед, номҳои зебою маънидори тоҷикӣ бисёранд, аз он интихоб намоед».

Кунҷкобона суол кардам, ки «мо наметавонем ба фарзандҳоямон номи дилхоҳи худро гузорем?»

- Метавонед, ба шарте ки номи зебо бошад ва фардо фарзандатон бузург шуда, аз номи доштаи худ фахр кунад, на ин ки дар байни рафиқон шарм дорад, - посух дод ӯ.

- Ин номи гуфтаи мо агар намешуда бошад, пас, Саид Маҳди Хоҷа нею Шайх Алии Ҳалабӣ гузорем чӣ?, - дубора пурсидем аз ӯ.

- Гуфтам-ку мо ин хел номҳои Хоҷаю Шайх ё умуман номҳое, ки якеро болои дигарон афзалтару бартар хонад, гузошта наметавонем, - бо табассум ва оромона идома дод масъули САҲШ. - Ҳамин номи гуфтаи шуморо мо танҳо ба як тарз метавонем ба фарзандатон гузорем: Алӣ Саидзода. Чӣ гуфтед?

Маълум мегардад, ки намояндагони шуъбаи САҲШ-и Сарбанд доир ба номгузории шаҳрвандон масъулиятшинос буда, вазифаи худро ҷиддан иҷро менамоянд. Вале мутаассифона, дар баъзеи минтақаҳои вилоят то ба ҳол ин камбудӣ ба назар расида, масъулони ин шуъбаҳо номҳои дилхоҳи шаҳрвандонро бидуни машварату роҳнамоӣ дар шаҳодатномаҳо гузоштан мегиранд.

Ба хотири донистани он, ки падар ё модари тифл мехоҳад ба фарзандаш ном гузорад, оё ба маънии ном аҳамият медиҳад ё номҳое, ки мегузоранд аз куҷо мегиранду ба чӣ хотир чунин номро мегузоранд, бо якчанд падар ва модаре, ки ба тозагӣ соҳиби кӯдак шудаанд, ҳамсуҳбат шудем.

Фирӯза Қаландарова, ки ду рӯз қабл соҳиби писарча гаштааст, бо хушҳолӣ мегӯяд, ки номи ӯро Муҳаммад мондааст. «Ин номи пайғамбарамон аст ва ба ҳама ошност», - афзуд ӯ.

Гулрӯ Латипова, зани дигаре аз шаҳри Сарбанд иброз медорад, ки номи фарзандашро ҳамсараш аллакай Идрис гузоштааст. «Бароям дар бораи аз куҷо гирифтани ин ном чизе нагуфтааст, вале фикр мекунам, аз китоб гирифтаасту ба хотири номи исломӣ буданаш ба фарзандамон гузоштааст. Худи ман маънои ин номро намедонам, танҳо дар назари ман низ номи зебо аст», - мегӯяд ӯ.

Бобои Шариф нафаре аст, ки набераашро навзодашро Раҷабалӣ ном гузоштааст. Зимни суҳбат бо мо ӯ гуфт, ки ҳар номе, ки ба набераҳо гузоштааст, китобист ва номи ин набераашро ба ин хотир Раҷабалӣ гузоштааст, ки дар моҳи Раҷаб зода шудааст.

Маърифат Саидова, зани ҷавоне, ки рӯзҳои наздик фарзанддор хоҳад шуд, иброз медорад, ки агар писардор шавад, номашро Мулкиддин мегузорад. «Рости гап, маънои номи интихобкардаамро намедонам, аммо ба хотири ҳамрадифи номи писари марҳумам, яъне Ҳукмиддин будан гузоштан мехоҳам», - гуфт Маърифат.

Маҳмадсамиъ Давлатов, рӯҳонӣ аз шаҳри Сарбанд, ин ақидаро, ки гӯё ҳар касе номҳои ғайриисломӣ дорад, аз дин хориҷ мешавад, беасос хонд. «Шахсан худи ман дар ҳеҷ як китоби динӣ сураи махсусеро вонахӯрдаам, ки дар онҷо гуфта шуда бошад, ки инсони дорои номи ғайриисломӣ бедин мешавад. Танҳо мо тавассути ақли худ мебояд ба фарзандонамон номгузорӣ намоем. Масалан, имрӯз номҳои зиёде аз қабили Абдулнабӣ, Абдурасулро ба фарзандони худ мегузоранд, ки агар дақиқан назар афканем, маънии ғалат доранд. Охир инсон танҳо бандаи Худо буда метавонад, чӣ хел мо бандаи оне бошем, ки худ халқкардаи Оллоҳ аст. Ё номеро вохӯрдаам, ки Аҳриман аст. Наход волидон маънои ин номро, ки номи шайтон аст, нафаҳмида ба фарзанд гузошта бошанд?», - изҳор дошт ӯ.

Чунин ба назар мерасад, ки имрӯз аксар вақт падар ё модар маънии номи гузошташаашонро таҳлил намекунанд ва ин ҳол метавонад фардо боиси хиҷолати фарзандон дар байни дӯстону атрофиён гардад. Хуб мешавад, агар пеш аз он, ки ба фарзанд номеро мегузорем, доир ба чӣ маънӣ доштани он маълумот пайдо кунему номҳои зеборо барои фарзандон интихоб намоем.

Низомиддин ИСОЕВ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Номи 4 ноҳияи вилоят тағйир хоҳад ёфт

Номи 4 ноҳияи вилоят тағйир хоҳад ёфт

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Карйера хуб аст ё шавҳар?

Карйера хуб аст ё шавҳар?

Ҷавонон ва варзиш, Таҳқиқи журналистӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Дискоклуб муассисаи фароғатист, ё…

Дискоклуб муассисаи фароғатист, ё…

Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм, Таҳқиқи журналистӣ
Дар 2015 ба фарзандатон чӣ ном мегузоред?

Дар 2015 ба фарзандатон чӣ ном мегузоред?

Маориф ва илм, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
«Ҳайфи ту, падарбезор!»

«Ҳайфи ту, падарбезор!»

Ҷавонон ва варзиш