5 фоидаи рақамикунонии соҳаи сайёҳӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 октябр, Бахш: Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Туризм / Хабарҳо, Боздид 45
![]()
Дар шароити имрӯза рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиёти миллиро бидуни истифодаи самараноки технологияҳои рақамӣ тасаввур намудан ғайриимкон аст. Аз ҳамин лиҳоз, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаккули ҷомеаи аз лиҳози иқтисодӣ пешрафтаро танҳо дар заминаи татбиқи технологияҳои рақамӣ ва зина ба зина таъмин намудани рушди иқтисодиёти рақамӣ ояндадор унвон намудаанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки рақамикунонии соҳаҳои гуногунии хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла соҳаи сайёҳӣ дар рушди иқтисоди миллӣ ва ҷалби сайёҳон хеле муҳиму афзалиятнок арзёбӣ карда мешавад. Манфиати рақамикунонӣ соҳаи сайёҳӣ якчанд самтҳои афзалиятноки он дар шароити имрӯза вуҷуд дорад, ки аз инҳо иборат аст:
1. Беҳтар гардидани дастрасӣ ба маълумот:
-Сайёҳон метавонанд тавассути вебсайтҳо, харитаҳои онлайн, барномаҳои мобилӣ ва порталҳои давлатӣ дар бораи маконҳои сайёҳӣ, хизматрасониҳо, нархҳо ва роҳнамоиҳо маълумоти муфассал гиранд.
-Ширкатҳои дар соҳаи сайёҳӣ фаъолияткунанда метавонанд маълумотҳои воқеӣ дар бо-раи сайёҳон, талабот ва фикру мулоҳизаҳоро ҷамъоварӣ намоянд.
2. Суръат бахшидан ба самти хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ:
- Дархости меҳмонхонаҳо, роҳбаладҳо, воситаҳои нақлиёт, гирифтани роҳхатҳо тавассути хизматрасониҳои электронӣ - онлайнӣ.
- Бартараф намудани коҳиши вақт ва аз меъёр зиёди ҳуҷҷатгузорӣ.
3. Фароҳам сохтани имкониятҳо барои рушди хизматрасониҳои маркетинги рақамӣ:
- Реклама ва таблиғоти рақамӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ (Instagram, TikTok, Facebook, YouTube) ҷиҳати ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба кишвар.
-Бренд ва имиҷи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари амн ва дорои имкониятҳои зебои сайёҳӣ дар ҷаҳон.
4. Таъсир ба шаффофият ва назорат дар соҳаи сайёҳӣ:
- Рақамикунонӣ имкон медиҳад, ки назорати давлатии маконҳои сайёҳӣ, ширкатҳои сайёҳӣ ва хизматрасониҳо фаъолияташонро шаффоф ба роҳ монанд.
5. Гирифтани манфиатҳои иқтисодӣ аз ҷорӣ намудани рақамикунонии соҳаи сайёҳӣ:
-Афзоиши шумораи сайёҳон: дастрасии бештар ба бозорҳои хориҷӣ.
-Сарфаи маблағ ва вақт: барои сайёҳон ва ширкатҳои сайёҳӣ.
-Афзоиши даромади ширкатҳои сайёҳӣ: тавассути онлайн – фурӯш ва таблиғот.
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар ҷумҳурӣ тибқи маълумотҳои оморӣ 214 ширкати сайёҳӣ фаъолият менамоянд, ки аз ин миқдор ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 41 адад, ба шаҳри Душанбе 101 адад, вилояти Суғд- 46, вилояти Хатлон- 17 ва ба шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 9 адад рост меояд. Ҳамаи ширкатҳои сайёҳӣ дар кишвар ҷиҳати пешниҳоди хуби хизматрасониҳо тавассути технологияҳои рақамӣ дар самти рушди сайёҳӣ саҳми арзишманди худро мегузоранд.
Илова ба фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ, инчунин дар мамлакат 338 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ ба ҳисоб ги-рифта шудааст, ки инҳо 209 меҳмонхона, 46 хостел ва мотел, 54 осоишгоҳ, 5 осоишгоҳи кӯдакона ва лагерҳои солимгардонӣ, 7 маркази муолиҷавӣ ва дармонгоҳи солимгардонӣ, 10 хонаи истироҳатӣ, 3 кемпинг ва 4 базаи сайёҳӣ ва истироҳатӣ мавҷуданд, ки ҳамаи субъекти хизматрасонии сайёҳӣ ба шабакаҳои иттилоотӣ пайваст буда, фаъолияти хизматрасониҳои худро пайваста пешниҳоди муштариёни худ мегардонанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи сайёҳӣ имтиёзҳои муҳими андозию гумрукӣ фароҳам овардааст. Аз ҷумла, ширкатҳои сайёҳӣ давоми панҷ соли аввали фаъолият аз андоз аз фоида озод карда, воридоти таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди иншооти сайёҳӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шуда, инчунин боҷи гумрукӣ барои мошинҳои нав 50 фоиз коҳиш дода шуд.
Ин ва дигар омилҳо боиси он гардиданд, ки шумораи сайёҳон ба кишвар сол то сол афзоиш ёфта, шумораи умумии сайёҳоне, ки соли 2024-ум ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд, ба 1 миллиону 400 ҳазор нафар расид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум 12 фоиз афзудааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар самти рақамикунонии соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла соҳаи сайёҳӣ роҳандозӣ гардида истодаанд, боиси ташкили ҷойҳои кори холӣ ва муаррифии имконияту ҳунарҳои мардумӣ дар самти соҳаи сайёҳӣ гардида, барои пешрафти иқтисодию иҷтимоии кишвар заминаҳои мусоидро фароҳам оварда истодаанд.
Дар навбати худ, моро зарур аст, ки ба хотири садоқат ба заҳматҳои содиқонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷгузорӣ ба сулҳу субот, оромии вазъи сиёсӣ ва ваҳдату якпорчагии мамлакат ба он саъй намоем, ки чунин заҳматҳо ва ташаббусҳои созандаро дар самти рушди рақамикунонии соҳаи сайёҳӣ ва дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ бо дарки ҳисси баланди ватандӯстӣ қадр намоем ва барои шукуфоӣ ва рушди иҷтимоӣ-иқтисодии Тоҷикистони азизу маҳбубамон кӯшишу талош намоем.
Исмоилшо АБДУЛЛОЕВ,
директори Маркази таҳсилоти фосилавии ДДБ ба номи Носири Хусрав
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
24-07-2025, 14:29
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...