ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ДОНИШ, ДАРСИ СУЛҲ ВА ОҒОЗИ СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛИ 2025-2026
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 1
![]()
Муҳтарам устодону омӯзгорон, падару модарон, донишҷӯён ва хонандагони азиз!
Бо мақсади гиромидошти илму дониш ҳамасола дар Ватани азизамон Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бошукӯҳ таҷлил карда мешавад. Бо ин хотир, оғози соли нави таҳсил, Рӯзи дониш ва Дарси сулҳро ба кормандони илму маорифи вилоят, хонандагону донишҷӯён ва падару модарони гиромӣ самимона табрик гуфта, барояшон саломатӣ, зеҳни бурро ва хониши хубу рафтори намунавиро таманно дорам.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳтиромро нисбат ба омӯзгорон аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим унвон намудаанд: «Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем». Вобаста ба ин, ҳамасола дар Рӯзи дониш Пешвои миллат дарси сулҳро бо суханронии пурмуҳтаво ва вазифагузориҳои мушаххас оғоз намуда, дар шароити торафт печидаву мураккаб шудани вазъи ҷаҳони муосир, нақши сулҳу субот ва ваҳдату ягонагиро дар рушди давлатдории миллӣ муҳим арзёбӣ менамоянд ва дар робита бо ин таваҷҷуҳи илму мактаб, оила ва ҷомеаро барои гиромидошти илму дониш ва маърифату худшиносии миллӣ ҷалб месозанд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо таваҷҷуҳи хоси Ҳукумати мамлакат ҷиҳати баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, бартараф намудани норасоии кадрӣ, таъмини шароити созгор барои маорифчиён ва баланд бардоштани савияи дониши хонандагон тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шуда, бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалӣ самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат қарор дода шудааст, ки далели возеҳ ба ин, таҳия ва қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» мебошад.
Дар заминаи тадбирҳои андешидашуда мақоми омӯзгор дар низоми маорифи миллӣ афзалияти махсус дошта, дар бунёди ҷомеаи солим ва давлати миллӣ ҷойгоҳи муҳимро сазовор мебошад. Зеро бо заҳмати содиқонаи омӯзгорон наслҳое ба воя мерасанд, ки бо шарофати фаъолияти самарабахши онҳо мавқеи давлату миллат дар арсаи ҷаҳонӣ боло рафта, тамоми самтҳои хоҷагии халқи кишвар бамаротиб таъмин мешавад. Боис ба зикри хос аст, ки дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар қаламрави кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 3855 муассисаҳои таълимӣ барои беш аз якуним миллион хонанда сохта мавриди истифода қарор дода шуда, ба насли наврас шароити беҳтарини таълиму тадрис муҳайё гардидааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати дастгирии иқдомҳои шоистаи таҳсини Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои муҳим андешида, дар ду соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 180 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба маблағи 433 миллиону 724 ҳазор сомонӣ барои 31500 ҷои нишаст дар як баст бунёд, таъмир ва азнавсозӣ гардида, ин иқдом минбаъд низ идома дода мешавад. Дар шароити кунунӣ илму дониш нишондиҳандаи асосии дараҷаи инкишофи ҳар як давлату миллат буда, бо раванди рушди неруи инсонӣ робитаи мустаҳкам дорад.
Вобаста ба ин, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба маблағгузории соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда истодааст, ки дар натиҷа ин нишондод дар панҷ соли охир 2,2 баробар зиёд гардидааст. Бинобар ин, хонандагони мо имрӯз бояд аз тамоми шароитҳои мусоиди илмомӯзӣ самараноку мақсаднок истифода намуда, дониш аз бар намоянд ва дар оянда бо лаёқату маҳорати фитрии худ дар сатҳи ҷаҳон муаррификунандаи давлату миллат бошанд. Мусаллам аст, ки иштирок дар озмунҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ яке аз нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти омӯзгор ва сатҳу сифати дониши хонандагон мебошад.
Натиҷаи фаъолияти омӯзгорони вилоят дар соли таҳсили 2024-2025 дар даври ниҳоии Олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ бо 800 медал қадрдонӣ карда шуд, ки ин нишондод нисбат ба соли таҳсили 2022-2023 - 259 медал зиёд буда, натиҷаҳои дониши хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ин даври олимпиадаҳо сифатан беҳтар гардидааст. Барои мисол, агар соли 2024 хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳо ҳамагӣ 14 медали тилло гирифта бошанд, ин нишондиҳанда дар соли 2025 ба 49 адад расид, ки 35 медал зиёд мебошад. Ҳамин тавр, аз ҳисоби медалҳои нуқра низ хонандагон бартарӣ дошта, агар соли 2024 хонандагони вилоят 52 медали нуқраро соҳиб гардида бошанд, имсол ин нишондиҳанда ба 105 адад расид, ки нисбатан 53 медал зиёд мебошад.
Лозим ба ёдоварист, ки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят дар олимпиадаҳои байналмилалӣ дар соли 2025 903 медал ба даст оварданд, ки нисбат ба соли гузашта 457 медал зиёд мебошад. Ҳамзамон, хатмкунандагони муассисаҳои таълимии 10 шаҳру ноҳияҳои вилоят тавонистанд дар озмуни аттестати аълои универсалӣ фаъолона ширкат намуда, 27 аттестати аълои универсалиро соҳиб гарданд, ки аз беҳтар гардидани сифати дониши хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ башорат медиҳад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати дастгирии кормандони илму маориф ва донишҷуёну хонандагони пешсаф ташаббусҳои ҳавасмандгардониро дар доираи таъсиси “Омузгори ифтихории Хатлон”, “Соҳибватан”, ғолиби “Парчами сайёр” роҳандозӣ намуда, ғолибони озмунҳо ва гирандагони атестати аълои универсалӣ ва равиявӣ бо медалҳои тилло ва нуқра дар оғози соли нави таҳсили 2024-2025 бо 400 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамзамон, бо мақсади таъмини эҳтиёҷоти омӯзгорони ҷавон бо қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ 23 нафар кормандони соҳаи маориф бо ҳуҷҷатҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин гардиданд.
Инчунин, ба мукофотҳои давлатӣ пешбарӣ гардидани беҳтарин кормандони соҳаҳои илму маориф, таъсиси стипендияҳои раиси вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳо ба олимону устодон, омӯзгорони варзида ва хонандагони аълохону эҷодкори муассисаҳои таълимии ҳамаи намуди зинаҳои таҳсилот, зери сарпарастии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ роҳандозӣ гардидани озмунҳои навтаъсиси соҳавии сатҳи вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ тадбирҳое мебошанд, ки ба рушди минбаъдаи ин соҳаи ҳаётан муҳими ҷомеа мусоидат менамояд.
Омӯзгорони азиз!
Мо ба ақлу заковат, донишу маҳорат ва малакаҳои касбии устодону омӯзгорон, масъулиятшиносии падару модарон, эҳтироми аҳли зиё, сидқан рӯ овардани аҳли ҷомеа бо мактаб эътимод намуда, интизор дорем, ки аҳли илму маориф ва устодони соҳибзавқ барои нақши созандаву мондагор дар тарбияи насли донишманду соҳибмаърифат бо масъулияти баланди касбӣ саҳмгузор бошанд. Дар шароити ҳассосу пешгуинашаванда, вусъат пайдо кардани равияҳои ифротӣ ва радикализми динӣ, терроризму экстремизм ва дигар омилҳои хатарноки ҷаҳонӣ рисолати аслии омӯзгорон дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ тарбия намудани насли наврас мебошад.
Мо вазифадор ҳастем, ки барои эмин нигоҳ доштани ҷомеаи кишвар аз таъсири зуҳуроти манфии ҷаҳони муосир, аз ҷумла фарҳангу маънавиёти бегона тадбирҳои муассир андешида, фарзандони худро дар рӯҳияи ифтихори ватандорӣ, эҳтироми забони модарӣ, суннату анъанаҳои фарҳангӣ, расму ойинҳо ва эҳтироми либоси миллӣ тарбия намоем. Ин масъулияти бузургро бо фарорасии соли нави таҳсили 2025-2026 ба кормандони соҳаи маориф ва сокинони шарафманди вилоят самимона табрик гуфта, барояшон саломатӣ, саодату сарбаландӣ, навҷӯию эҷодкорӣ ва музаффариятҳои шоистаи таҳсинро таманно менамоям.
Соли нави таҳсил ва Рузи дониш муборак, ҳамдиёрони азиз!
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
24-07-2025, 14:29
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00