Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ХУРОСОН: БОЗДИДИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР САРДХОНАҲО


ХУРОСОН: БОЗДИДИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР САРДХОНАҲО




Имрӯз, 29 август, зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҷамоати деҳоти  Фахрободи ноҳияи Хуросон бо рафти корҳои сохтмонӣ сардхонаҳо барои 2000 тонна маҳсулот шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки сардхона дар заминҳои хоҷаггии ба номи “Асадулло” бо ғунҷоиши 2000 тонна маҳсулоти кишоварзӣ сохта шуда истодааст. Масоҳати умумии хоҷагии мазкур 16 ҳазор гектарро ташкил дода, дар  майдони зиёда аз 1027 гектар дарахтони меваҳои хушсифат ва боғҳои ангур ташкил гардидааст.

Сардхона бо маблағи 3 миллиону 500 ҳазор сомонӣ аз ду қисмат ва 10 утоқ бо ғунҷоиши ҳар кадом бо иқтидори 200 тонна маҳсулот ба ба нақша гирифта шудааст. Баъди ба истифода додани сардхона 40 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи корӣ доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бунёди чунин сардхонаҳоро дар захира намудани маҳсулоти кишоварзӣ муҳим дониста, зикр намуданд, ки дар сурати ба истифода додан аҳолӣ дар дилхоҳ фасли сол ба маҳсулоти хушсифат таъмин мегардад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода