Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Неруи барқро самаранок истифода барем!


Неруи барқро самаранок истифода барем!




Самаранок истифода бурдани неруи барқ ва пардохти саривақтии  маблағи  барқи истифодашуда  нишонаи фарҳанги  баланд  ва  масъулияти  шаҳрвандии  ҳар  як сокини  мамлакат  мебошад. Амалӣ  намудани  стартегияи  рушди  устувори  давлат бештар аз таъмини бехатарии  энергетикии  мамлакат вобаста  аст,  ки  он  ҳамчун шарти  муҳим  дар  заминаи истифодаи  даромадноки неруи  захиравию  табиӣ  ба ҳисоб гирифта мешавад.

Муваффақияти он то андозае аз комилан мувофиқ будани сиёсати давлатӣ, сохтор ва самти захираҳои сармоявӣ вобаста аст,  ки  зарурати  ҷалби  сармоягузорӣ  ва фаъол  намудани  фаъолияти  сармоягузориро тақозо мекунад. Ин вазифаҳо яке ба дигаре  вобаста  буда,  ба  шарте  даромаднок ва бонатиҷа ҳалли худро меёбанд, ки низоми  энергетикӣ ҳамчун  соҳаи  бунёдии иқтисоди  миллӣ  ба  ҳисоб  гирифта  шавад. Зеро бе он таъмини рушди устувори иҷтимоиву сиёсии кишвар ба пуррагӣ имконнопазир аст.

Бо мақсади расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ - таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ дар баробари бунёди  иншооти  бузурги  тавлиди  неруи  барқ  ба  таҷдиди  иншо-оти  энергетикии  мавҷудаи  кишвар  эътибори  аввалиндараҷа медиҳад.

Ҷиҳати  пурра  таъмин  намудани  истиқлолияти  энергетикӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои асосии содиркунандаи неруи барқ дар Осиё, ҳамкорӣ бо давлатҳои пеш-рафтаи ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вусъат дода шуда, силсилаи неругоҳҳои барқи обии хурду бу-зург ва хатҳои баландшиддати интиқоли барқ ба хориҷи кишвар бунёд мегарданд. 

Ба кор андохтани Неругоҳи барқи обии «Роғун», яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик  амалӣ  гардид,  ибтидои  гардиши  куллӣ  дар  таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ- истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад. 

Маҳз  бо  ташаббус  ва  бо  саъю  талошҳои  бевоситаи  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ  -  Пешвои  миллат,  Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир маҳдудияти интиқоли неруи барқ дар давраи тирамоҳу зимистон  аз  байн бардошта шуд.  Истифодаи  мақсадноки неруи барқ, ки имрӯз яке аз масъалаҳои муҳими стратегии давлат ба ҳисоб  меравад,  аз  ҳар  кадоми  мо  -  шаҳрвандон  муносибати ҷиддӣ ва ғамхоронаро талаб мекунад. 

Дар робита ба ин, зарур аст, бобати истифодаи оқилонаву самараноки қувваи барқ, пардохти маблағи саривақти истифодаи он ва қарзҳои дебиторӣ, инчунин пешгирӣ намудани сар-фаи зиёди беҳудаву бемавқеъ, истифодаи фурӯзонакҳои тафсону баландшиддат дар манзилҳои истиқомативу маҳаллаҳои аҳолинишин, муассисаву ташкилот, корхонаву идораҳо, ҷойҳои оммавӣ  ва  бӯстонсаройҳову  минтақаҳои  истироҳатӣ  пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ барем.

Агар  хоҳем  аз  неруи  барқ  мунтазам  истифода  барем,  дар вақти сармо муассисаҳои иҷтимоӣ, хонаву кошонаамон гарму фурӯзон бошанд ва ба ҷорӣ намудани маҳдудияти истифодаи неруи барқ зарурият пайдо нашавад, бояд неруи барқ ва гармиро сарфакоронаву мақсаднок истифода барем ва ҳеҷ гоҳ ба исрофкорию дуздии он роҳ надиҳем.

Диловар СУЛАЙМОНЗОДА,
котиби маҷлиси судии Суди иқтисодии вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода