КОРНОМАҲОИ ҶОВИДОНАИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...
Ҳар шомгоҳон, бо мақсади ҳавои тоза гирифтану бо кӯдаки 9 - моҳаи худ сайр кардан, аз хона берун мешавам. Симои шаҳри азизам, Бохтарро шодию хурсандии кӯдакон, гаштугузори сокинон боз ҳам зеботар намуда, маро беихтиёр ба андеша мебарад. Бо заҳматҳои зиёди Сарвари оқилу доно, фарзанди фарзонаи миллат, ватандӯсту меҳнатпараст, симои барҷастаи сиёсӣ, Пешвои тоҷикони дунё муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро ба ин рӯзҳои осоиштагӣ расонидааст. Хушбахтона, ба орзуҳои деринтизори худ расидем. Имрӯз дар як давлате, ки сулҳу субот пойдор аст, умр ба сар мебарем ва аз ин ҳама шукр гузорем.
Ман зери осмони пурситораи шаҳри Бохтар қадам зада, ба худ савол медиҳам. Агар истиқлол намебуд мо имрӯз чунин зиндагии орому пурсаодатро медидем? Агар сулҳ на-мебуд оё кӯдакон бо ин самимияту озодӣ бозӣ мекарданд?
Аз шунидаҳо дар солҳои 90-уми асри гузашта Тоҷикистон аз як давраи хунину ноороми ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гузаштааст. Ин воқеиятест талх, ки дар хотираи насли калонсол боқӣ мондааст. Ҷанг, ки дар пайи худ садҳо ҳазор қурбонӣ, хонавайронӣ ва парешонии миллатро овард, сабақи бузурге барои тамоми ҷомеа шуд.
Аз ин рӯ, вақте кӯдакони хандонро мебинам, ки озодона, бе ҳеҷ як тарсу ҳарос дар кӯчаҳо бозӣ мекунанд, падарону модарон бо хотири ҷамъ ба сайру гашти шаҳри азизамон мебароянд, вақте ҷавонон бо орзуҳои нек ояндаи худро месозанд ва Тоҷикистони азизро дар ҷаҳон муаррифӣ мекунанд, ин ҳама аз самараи истиқлол ва сулҳ аст.
Мо - насли имрӯза ба қадри ин неъмати бузург бирасем. Сулҳ меваи ширин аст. Барои ҳифзи он, барои ободии Ватан бояд ҳар як шаҳрванди мамлакат бо меҳнати содиқона, ватандӯстӣ саҳмгузор бошад. Имрӯз дар шаҳру деҳаи дурдаст фазои осоишта ҳукмфармост. Ин амнияти иҷтимоӣ ва оромии равонӣ моро водор месозад, ки бештар меҳнат кунем, омӯзем. Мо дар ҳар куҷое набошем, бо ифтихор гӯем: “Ман аз Тоҷикистонам, аз Тоҷикистони дорои фарҳангу миллати бузург, Тоҷикистони тинҷу ором”.
Бале, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо калон аст. Бо иродаи қавӣ ва ташаббусҳои созанда сулҳ ва ваҳдат дар кишвари мо таъмин гардида, имрӯз Тоҷикистони мо ҳамчун як давлати орому босубот дар миёни кишварҳои дунё шинохта шудааст.
Мо шукри истиқлолу Ваҳдати миллӣ мекунем. Зеро осмони софи имрӯз, лабханди кӯдакон, ободии шаҳрҳои мо ва нури чашмони падару модар самараи сулҳу ваҳдат аст. Ва сулҳ ширину гуворотарин вожаи даврони мост.
Рамазони МИРЗОМИДДИН,
«ХАТЛОН»
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.